Ҷавонон бояд бо терроризм ва экстремизми ҲНИ мубориза баранд.

 

 

          Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба тавсеа ёфтани терроризм, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷи мусоидат менамояд.

Бадбахтона, дар Таҷикистони азизи мо низ аз солҳои 90-уми асри гузашта сар карда, созмоне бо номи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон бо мақсадҳои нопоку риёкорона ва  ҷинояткорона ба саҳнаи сиёсат омад. Ин созмон фазои орому осоиштаи Ватанро ба хоку хун оғушта кард. Бо роҳи низоъандозӣ оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхта садҳо ҳазорро бадбахту хонавайрон кард. Дертар мардум фаҳмид, ки дар бисёр амалҳои хунхоронаи соли 1992 аъзои ҳизби манъшудаи наҳзати исломи Тоҷикистон даст доранд. Бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки ҷавонони моро ба сафи ҳаракатҳои террористиву тундгаро, аз ҷумла шиагарои ҷалб созанд.

Аммо онҳо дар хотир дошта бошанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дигар фирефтаи ақидаҳои тундгараёна нахоҳанд шуд. Барои мардуми тоҷик оромиву суботи кишвар, манфиатҳои  давлату миллат арзишҳои ивазнашавандаанд.

М.Кабирӣ сарвари ҲНИТ хуб медонад, ки барои чӣ вазъияти сиёси тағйир ёфта, фаъолияти ҲНИТ соли 2015 манъ карда шуд.

Воқеаҳои октябри соли 2015, ки бо роҳбарии генерали хоин Назарзода ташкил карда шуд, мақсади ташкили табаддулоти давлатиро дошт.

Дар ташкили ин нақша  шахсан М.Кабирӣ иштирок дошт ва баъд ба хориҷа фирор намуда, аз он ҷо роҳбари кард.

Имрӯз давлатҳо набояд ба муносибати дугона роҳ диҳанд, М.Кабирӣ чунин вонамуд менамояд, ки ҲНИТ дар хориҷа ҳам имрӯз фаъолият дошта, қароргоҳҳои худро ташкил намудааст.

Бояд зикр кард, ки ҲНИТ дар солҳои фаъолияти худ хеҷ кори манфиатовар баҳри ҷумҳурӣ накарда буд, ягона коре, киҲНИТ иҷро намуд, ин ташкили табаддулоти моҳи сентябри соли 2015 мебошад.

Имрӯз ҷомеа хуб медонад, ки ҲНИТ чӣ мақсад дошту чӣ корро анҷом додани буд.

Нигаронии мақомоти Тоҷикистон аз фаъолияти машкук ва хатарбори ҲНИТ ҷойи махсус дорад. Гап дар сари он нест, киҲНИТ-и як замон ҳизби мухолиф гӯё кудрат дошт. Маълумоти дақиқ мавҷуд аст, ки замоне, ки роҳбарони ин ҳизои мамнуъ аз “афзоиши беш аз 40 ҳазор аъзои ҳизб” лоф мезаданд, дар асл, аъзои он на бештар аз 9 ҳазор нафар набуд. Боқимонда он нафаронеро ҳам, ки барои хондани намоз (асосан намози ҷумъа) ба масҷидҳои ҲНИТ мерафтанд, ҳамчун узви наҳзат эълон мешуданд. Масалан, Зубайдуллоҳи Розиқ, ки замоне вазифаи гуфтани амри маъруф ва имоматӣ дар масҷиди вокеъ дар кароргоҳи марказии ҲНИТ-ро дошт, ҳар рӯзи чумъа баъд аз намоз оид ба теъдоди намозгузорони ин масҷид ба роҳбарияти наҳзат гузориш медод. Дигар бахшу шуъбаҳои ноҳиявию вилоятии ҲНИТ низ ҳамин корро мекарданд. Ва онҳое, ки дар асл, барои намози ҷумъа ба ин масҷидҳо рафтаанд, ҳамчун узви ҲНИТ ҳисобида мешуданд.

Аммо чаро дӯст медоштанд, ки теъдоди аъзои худро ин қадар зиён нишон диҳанд?

Ҷавонон, бояд дар такя бо сиёсати созандаву маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар, ки ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму экстремизм мавқеи оштинопазир доранд, амал карда, ваҳдату ягонагии сартосариро мухофизат кунанд.

Дониёрова М.М. – дотсенти кафедраи

                                                   ҷомеашиносии ДИС  ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *