ҶАВОНОН БОЯД БИСЁР ҲУШЁРУ ЗИРАК БОШАНД!

Имрӯзҳо М.Кабирӣ ва пайравонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ,  асосан дар барномаи “Паймони миллӣ…” ва  “Пайванд “ баромад карда, худро “адолатпарвару сиёсатшинос” шуморида, дастовардҳои  имрӯзаи кишвари моро нодида мегиранд ва бо ин васила  худро мусичаи бегуноҳ нишон додани ҳастанд. Вақт довар аст,ки Муҳиддин Кабирӣ нисбати давлату мардуми тоҷик бисёр хиёнат кардааст. Нафаре, ки обрӯи миллати тоҷикро дар саҳнаи дунё ҳамчун як шахсияти террорист резонид ва резонида истодааст. Лозим ба ёдоварист, ки амалҳои номатлубе, ки наҳзатиён бо роҳбарии М. Кабирӣ  содир кардаанд, бори дигар бо намоиш додани филмҳои ҳуҷҷатӣ бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам”ва “Хиёнат” аёну тасдиқи худро ёфт. Филмҳои мазкурро таҳлилу натиҷагирӣ карда қайд менамоем,ки, касе ба ин ташкилоти ифротгароёна шомил шуд, тақдири ояндааш сӯхтаст. Яъне ё паси панҷара рафт ва ё бехонаву дар шуд, ё аз зану фарзандонаш ҷудо шуд,  ва ниҳоят дур аз Ватан ба ёди ёру диёр умр ба сар бурда истодаанд.

Аз ин рӯ, ин ҳодисаҳои гузашта моро  водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори «исломиёни бунёдгаро» ва «хоҷагони» онҳо дуруст хулоса барорем. Барои мубориза бурдан ба ин зуҳуротҳои номатлуби зараровар терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва махсусан ҷавонон масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ ба он мубориза барем. Имрӯз ҳар як шаҳрванди ба ору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда мерасанд ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои иғвоангезонаи М. Кабирӣ наҳоҳанд шуд. Хулоса тамоми мардуми тоҷик амалҳои хоинонаи Муҳиддин Кабирӣ ва аъзоёни ҲНИ-ро шадидан маҳкум намуда, нисбаташон лаънат мехонанд.

Дар фарҷоми мақолаи хеш ёдовар шудан зарур аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо ҷавонони кишвар, санаи 23 майи соли равон таъкид карданд: Бахусус, дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд.

Бинобар ин мо ҳама ҷихати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зиракӣ ва ҳушёрии худро аз даст надода, талош намоем, ки баҳри устувории Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар саҳми арзандаи хешро гузошта, ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро бор дастовардҳои арзанда пешвоз мегирем.

 Файзиева Д.,муалллимаи калони кафедраи

забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *