Изҳороти кафедраи математика ва технологияи инноватсионии  ДИС ДДТТ оид ба ТТЭ ҲНИ ва амалҳои пасипардагии он

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар баромадҳои хеш ва инчунин дар ироди Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  борҳо  таъқид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Аз ин лиҳоз, бобати баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ зарур аст.

Дар иртибот ба ин, қайд кардан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон  доир ба масоили матраҳшуда  кайҳо хулосаи зарурӣ бароварда имрўз ба ТЭТ ҲНИ эътимод надоранд, зеро ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, ки боиси марги даҳҳо ҳазор ва машаққати ҳазорон нафар сокинон гардида,  муҷиби ҳарбии иқтисодии ҷумҳури шуд, махз бо сабаби тундравиҳои ҳизби мазкур  ба амал омада буд. Аз ин ру, мардум ҳузури сиёсии ҲНИ-ро дар арсаи давлатдори ҳамчун омили нооромии кишвар тасаввур мекунанд. Воқеан мардуми шарифи Тоҷикистон; кормандони муассисаҳои таълимӣ   ба номуси ин мулки аз ниёгон мерос монда; ҳушёр ҳастанд дар ҳар куҷо, ки набошанд дар фикри ободи ва оромии Ватан ҳастанд. Миллати тоҷҷик ҳамдигарфаҳм ва муттаҳид аст.  Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муҳимтарин дастоварди миллати мо дар тулли хазор соли охир аст, ки ҳифзу гиромидшти он карзи шахрвандии мост. Аз ин ру, вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳони муосир аз мо беш аз ҳарвакта ҳушёрии сиёсиро тақозо менамояд.

 

Изҳороти номзади илми педагогӣ, дотсент Раъно Маннонова оид ба ТТЭ ҲНИ ва фаъолияти иғвоангези “Паймони миллӣ” дар Аврупо

Стратегияи мубориза бо терроризм ва экстремизм кори на танҳо Ҳукумат ва сохторҳои он, балки тамоми ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Яке аз роҳҳои мубориза бо терроризм ин, пеш аз ҳама, эҳёи фарҳанги асили миллӣ ва тарғиби ғояи сулҳу амният дар Тоҷикистон дониста мешавад. Бо мақсади қувват бахшидан дар ин самт, Ҳукумати мамлакат пайваста чора меандешад ва насли ҷавони кишварро ба ҳамкории зич даъват менамояд.
Имрӯз, ҷавонони мо қариб дар тамоми соҳаҳои ҷамъият бо шумораи беш фаъолият мебаранд, кору таҷриба меомӯзанд, ҳадафҳои созанда пешниҳод мекунанд, мехонанд, ҷӯё ҳастанд ва пайваста барои ободиву оромии ватан саҳмгузорӣ мекунанд, ки ҳамаи ин боиси ифтихор аст. Вале боз ҳастанд, ҷавонони сустиродаву камсавод ва беандешае, ки даст ба ҳар гуна амалҳои ношоям зада, ҳаёти худ ва наздиконашонро дар хатар мегузоранд. Аз ҷумлаи чунин ҷавонон, имрӯз ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ шомил мешаванд, ки хушбахтона шумораашон торафт кам гашта истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аллакай аксарияти эшон хатогии хешро дарк карда, даст ба амалҳои шоиста ва ободкорӣ мезананд.
Матбуот яке аз воситаҳои мутаррақӣ ва муносиби муосир ҷиҳати мубориза бо терроризму экстремизм шуда метавонад. Вале бояд гуфт, ки ин восита, инчунин, барои тарғиби падидаҳои номатлуб низ воситаи қулай мебошад. Дар ин «майдони андеша» муҳим он аст, ки кӣ киро бовар мекунад. Омода кардани маводи аз лиҳози ҳақиқати воқеӣ рост ва дуруст, фаҳмонидани оқибатҳои нохуби ин падидаҳо, таъсири манфии онҳо ба ҳаёт, табиат ва инсоният аз омилҳои муҳими муборизаи тариқи сухан ва стратегияи махсуси «набарди иттилоотӣ» бо терроризму экстремизм мебошад.
Мубориза бо ТТЭ ҲНИ, созмони “Паймони миллӣ”, “Гуруҳи 24” ва дигар бадхоҳону бадандешони миллат, ки мехоҳанд оромию суботи кишварро барҳам зананд, кори ҳар як шахси баору номус аст. Дар ин самт ҳама бояд якдилу якҷон муқобили ин созмону гуруҳҳои ифротӣ бояд мубориза барем.
Ҳароина, терроризм торафт доираи фаъолияташро иваз ва ё тағйир медиҳад ва ин боиси нигаронӣ ва хатар ба кишварҳо гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори садҳо мамолики олам терроризмро бо тамоми зуҳуроташ сахт маҳкум намуда, дар самти мубориза бо он, корро ҷоннок кардааст. Ҷавонони саодатманди мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Ҳукумату Сарвари мамлакат мутаҳҳид гардида, бо ин падидаҳои номатлуби ҷомеа мубориза мебаранд.

Фирефтаи ваъдаҳои пуч ва авомфиребонаи бадхоҳон нагардед!

Мо нағз медонем, ки дар шароити имрўза дар Ватани азизи мо- Точикистони ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурҳу ҳаракатҳои ифротгароён ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳо ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Тавре аз расонаҳои хабарӣ огаҳ гашта истодаам, чанд нафар аз хоинони миллат, душманони кӯри давлати соҳибистиқлоли мо аз вазъи кишвари мо “изҳори нигоронӣ” карда истодаанд.

ТТЭ ҲНИ дар амал нишон дод, ки як ташкилоти воқеан террористӣ ва тахрибгарест, ки бо дастури неруҳои манфиатдори хориҷӣ амал карда, мақсади ғасби ҳокимият ва бо зурӣ иваз кардани сохти конститутсиониро дорад. Роҳбари ТТЭ ҲНИ аз ташкилоти дуруғини ба ном Паймони миллӣ ёдовар шуда, иброз доштааст, ки гӯё чанд неруи сиёсии мухолифро муттаҳид карда бошад. Аммо ин амалаш як қаллобӣ асту бас.

Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пуч ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халк, муҳимтар аз ҳама тинҷу амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромўш месозанд. Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар бо супориш ва дастури хоҷагони хеш кӯшиш намуда истодааст, ки ҷавонон ва мардум ба хусус муҳоҷирони меҳнатиро гумроҳ намуда, тавассути онҳо амалҳои разилонаи хешро иҷро намояд.

Мушоҳидаҳо собит менамояд, ки пас аз фаҳмидани мардум ва дарки амалҳои разилонаи наҳзат М.Кабирӣ бо супориши хоҷагонаш тарки наҳзат намуда, паймони миллиро таъсис дод. Мо бояд ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи нек пурмаҳсул меҳнат намуда, ҳамагонро ба таҳкими сулҳу ваҳдат, истиқлолият ва давлатдории миллӣ даъват намоем. Душманони миллати моро ин дастовардҳо безобита намудааст ва онҳо тӯҳмату бӯҳтонҳои навро нисбати давлати мо бофта паҳн карда истодаанд.

Ҳамин тавр бефаҳмиву бефаросотии худро ба мутолиакунандагони худ яъне мо зиёиёни кишвар нишон дода исбот мекунанд, ки онҳо ноқисулақаланд. Аз ин ба хулоса омадан мумкин аст, ки ватанфурӯшон манфиати хешро аз ҳама чӣ боло гузоштаву дар пойбӯсии хоҷагонашон сакбқат доранд. Беибову ноҷавонмардона баҳри ба даст овардани бовариву садақаи хоҷагонашон ҳарчи бештар сафсатафурӯшӣ мекунанд. Имрӯз вазифаи мо шаҳрвандони ҷомеаи ҷаҳонист, ки бар зидди ақидаҳои ифротии терористон баромада, ҷаҳонро аз ин нопокӣ ва олудагиҳо пок созем. Мо бояд шукрона аз он кунем, ки дар Ватани азизу маҳбуб ва соҳибистиқлол умр ба сар мебарем. Дар ҳақиқат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ҳар суханронии худ дар минбарҳои гуногун аз ҷавонон даъват ба амал меоварад, ки дар идоракунии ин кишвари тозаистиқлол фаъолона, бо иқдому ташаббусҳои созандагӣ иштирок намоянд, зеро имрўзу фардои бақои миллат, давлату давлатдорӣ дар дасти онҳост.

Дилафрӯз Ҳомидова,

корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

Ҳизби наҳзати ислом, ҳизби ташкилоти террористӣ-экстремистӣ

Собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ) дар Вазорати адлияи ҶТ маротибаи аввал 4 декабри 1991 сабти ном гашта буд. Соли 1993 фаъолияти ҳизби номбурда бо сабаби фаъолияи зидди конститутсиониаш бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 321 июни 1993 барҳам дода шуда буд. Пас аз ба имзо расидани созишномаи умумӣ ва ризоияти миллӣ бо қарори Президиуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 1999 фаъолияти Ҳизби насҳати исломӣ дар ҳудуди ҶТ дубора иҷозат дода шуда буд.
Мувофиқи моддаи 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикисон ва моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” (соли 1998) Ҳизбҳои сиёсӣ ӯҳдадоранд Конститутсия ва Қонунҳоро риоя намоянд, ҳуқуқ ва озодиҳои дигар шахсонро эҳтиром намоянд.
Собиқ ҲНИ дар тамоми давраи фаъолияти худ динро ҳамчун омили асосии ҷалби шаҳрвандон ба сафи Ҳизб истифода намуда, дар ҷорабиниҳои ҷамъиятӣ онро ҳамчун “ҳизби Худо” муаррифӣ менамуд. Рӯзномаи Ҳизб бо номи “Наҷот” аз он шаҳодат медиҳад, ки он ҳар ҳафта зери шиори “…Бешубҳа Ҳизби Худо ғолиб оҳад буд”, ки ин аз сураи ояти 56 Қуръон оварда мешуд ва “Зиндагӣ маънои Куръон асту бас!” ба нашр мерасид.
Ҳамзамон ҲНИ дар қароргоҳи худ қоидаҳои муқарраргардидаи ташкил ва баргузор намудани маросимҳои диниро риоя накарда, дар ҷойҳои муқаррарнашуда тоату ибодат, расму оинҳо ва маросимҳои динӣ анҷом медод. Аз ҷумла моҳи Рамазон бо иштироки шумораи зиёди шаҳрвандон ба хондани намози таробеҳ ва хӯрдани таом машғул гардида буданд. Додани таомро ба аҳолӣ Ҳизб ҳамчун хайрия ва садақа пешниҳод намуда, онро бо аломатҳои намоишӣ бо мақсади ҷалби шаҳрвандон ба сафи ҳизб истифода менамуд. Инчунин занонро даъват ба он менамуд, ки занони тоҷики мусалмон рӯй пӯшида ва тани печида дошта бонад, ҳатто кӯдакони ноболиғро ба ин амалҳо даъват менамуданд.
ҲНИ бо истифода аз эътиқоди динӣ мардумро ба гумроҳӣ бурда, пеш аз ҳама ғаразҳои сиёсиро пайгирӣ менамуд.
Фаъолияти Ҳизб ба талаботи Оинномавии он ҷавобгӯ буда наметавонад, чунки қарорҳои пешниҳодгардидаи сохторҳои маҳаллии Ҳизб оид ба қатъи фаъолияташон фаъолияти Ҳизбро ба сифати ҳизби ҷумҳуриявӣ зери шубҳа қарор медод. Мувофиқи талаботи Оиннома Ҳизб он Ҳизби ҷумҳуриявӣ буда, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
Ҳамин тариқ фаъолияти Ҳизби насҳати исломӣ 29 сентябри соли 2015 дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуда, ҳизб ташкилоти террористӣ-экстремистӣ дониста шудааст.
Ҷалолова Фотима. – н.и.ф. муаллимаи
калони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

ТТЭ ҲНИ – СӮХТАМАҒЗУ ҲАРЗАГАРД!

Ҷангҳои Сурияву Ироқ, низоъҳо дар Фаластин, амалҳои террористӣ дар Афғонистону Покистон ва дигар гӯшаю канори олам шореҳи ҳақмқати ин амр ҳастанд, ки паёмадҳои номатлуби экстремизм ва терроризм натанҳо ба миллат ва халқиятҳои ҷудогона, балки ба ҳаёт ва сарнавишти инсоният дар тамоми сайёра хатар эҷод менамояд. Зуҳури чандин амалҳои эктремистӣ дар кишварҳои ғарбӣ омил бар он гардидааст, ки коршиносону сиёсатмадорони мамолики мазкур маҷмӯи чунин рӯйкардҳои номатлуб ва фоҷиабору хуношомро ба мусулмонон нисбат дода, аз ин роҳ ҳатто рӯи арзишҳои дини мубини Ислом хати батлон мекашанд.
Ҷои таасуф аст, ки имрӯз гурӯҳҳои тундрав ва террористӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш бо ҷудоиандозиҳо миёни арзишҳои динӣ ва миллӣ ва ҳатто кашидани хати батлон аз рӯи тамоми дастовардҳои ақлонии миллатҳо ва ҳатто эътироф накардани худи мафҳуми миллат ифротгароии диниро иртифоъ бахшида, раванди “мағзшӯӣ” –ро тақвият медиҳанд. Ба таври умум, мафкураи ҷудоихоҳонаи гурӯҳҳои ифротӣ дар чунин зинаҳо арзишҳои миллиро инкор намуда, ғояҳои нодурустии хешро талқин мекунанд:
– Эътироф накардани худи миллат ва масоили миллӣ;
– Эътироф накардани забони миллӣ ва истифодаи забони арабӣ дар муошират;
– Эътироф накардани фарҳанги миллӣ;
Афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир боиси нигаронӣ аст. Аз расонаҳои иттилоотӣ огаҳӣ пайдо мекунем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар фаъолияти пурсамаро дар ҷодаи пешгирии паҳншавии зуҳуроти номатлуб ба роҳ монданд.
Имрӯз зарур аст, ки дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор ҳар яки мо – шаҳрвандони кишвар ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надода, бо донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар қонуншиканиҳо вусъат бахшем.
Мо қариб ҳар рӯз тавассути расонаҳои хабарӣ, аз амалҳои террористии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия ва дигар кишварҳо огаҳи пайдо менамоем, ки боиси ташвишу изтироби кулли сокинони сайёра гаштааст. Террористон худро ҳомии Ислом хонда, мардуми бегуноҳро қатли ом мекунанд, на ба кӯдак раҳм доранду на ба модар! Аммо афсус, ки ТТЭ ҲНИ ва дигар созмонҳои ифротгаро мехоҳанд боз ба сари мардум бало оваранд. Аммо мардум дигар фирефтаи афкори онҳо нахоҳанд шуд.
Боиси таасуф аст, ки имрӯз дар сафи террористон ҷавонони гумроҳи тоҷик низ ҳастанд. Аксари онҳо ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан фирефтаи таблиғоти гумоштаҳои гурӯҳҳои террористӣ гардида, ба ин ҳаракатҳои ифротӣ шомил гаштаанд.
Ин дар ҳолест, ки давлати дунявии мо барои шаҳрвандон озодии дину виҷдонро кафолат додааст ва бархе аз ҷавонон аз моҳияти дини мубини Ислом бехабаранд. “Қуръон”-ро, ки ба забони давлатӣ нашр шудааст, нахондаанд. Агар мехонданд ё огаҳӣ пайдо менамуданд, ҷангу одамкуширо пеша намекарданд, балки бо ҷидду ҷаҳд барои дониш андӯхтан, ба кори ҳалол машғул шудан, оилаи солим бунёд кардан, фарзандони солеҳ парваридан, падару модар ва Ватанро ба ҷо овардан саъйу талош меварзиданд.

Азимова Зулайхо,
ассистенти кафедраи молия ва қарз

БА ҚАДРИ ОБОДИИ ВАТАН БОЯД РАСИД!

Мардуми сарбаланди тоҷик аз авал башардӯсту фидокор ва меҳанпарасту ватандӯст буд ва ин оини нек то ба имрӯз ба мо мерос мондааст. Имрӯз тамоми мардуми Тоҷкистон дар атрофи Пешвои муаззами хеш сарҷамъ омада, баҳри пойдор намудани сулҳу субот, ва тинҷиву оромии кишвар талоши беш аз пештара намуда истодаанд. Аммо «Гирдиҳамоии бузург»- и наҳзатиҳо яке аз ин ҳадафи ғаразнокест, ки алайҳи миллати тоҷик, алайҳи кишвари мутамаддуни соҳибистиқлоли тоҷик ба нақша гирифта шудааст. ТТЭ ҲНИ аз рўзҳои аввали фаъолияти худ танҳои барои халалдор кардани давлату миллати тоҷик амал кардааст далели ин гуфтаҳо ин ҷанги хонумонсўзи бародаркуш мебошад, ки бо дасти ҳамин ташкилкунандаи гурӯҳҳои терористи бо роҳбарии Муҳиддин Кабири шуда барои миллати тоҷик чи қадар вазниниҳоро ба миён овард.
Имрўзҳои тамоми мардуми кишвар мехоҳанд роҳбарони ин ташкилот дар назди қонун ва миллати тоҷик ба ин хиёнаткориҳояшон ҷавоб дода бошанд. Вале Муҳиддин Кабирӣ бо пайравони ТТЭ ҲНИ-ашон набояд фаромӯш кунанд, ки ин тaзоҳуроту ҳамоишҳояшон дигар рӯҳияи озодихоҳӣ, ватандӯстӣ ва созандагии мардуми моро шикаста наметавонанд. Бояд гуфт, ки имрӯз бояд ҳар кадоме аз шаҳрвандони баору номуси кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафароне хиёнаткору бадрафторон ва кӯрнамаконро маҳкум намоем. Имрӯз, ки мамлакат бо баракати ҳамин сулҳу ваҳдат ба марҳалаи созандагию бунёдкорӣ ворид шуда, пайваста рушд мекунад.
Аммо душманони миллат мехоҳанд, ки давлатро ғасб намуда, мардумро бори дигар ба гирдоби фоҷиа ва нобасомониҳо кашанд. Мардумони шарафманди миллати мо имрӯз бояд донанд ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хело зиёди Пешвои муаззами мо ба даст омадааст ва ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст.

Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди бахши табъу нашри донишкада

ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОН БА ҶОМЕА

Ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон ҳизби ғайриқонуни эътироф шудааст, вале намояндагони ин ҳизб то ҳол ба ҷои қатъ кардани фаъолияти худ баръакс барои андохтани низоъ байни халқ аз мамолики хориҷӣ корбарӣ карда истодаанд.
Аз минбарҳои гуногун дар мамолики хориҷии кишвар худинтихобшуда Муҳиддин Кабирӣ баён дорад, ки дар Тоҷикистон гўё озодии сухан нест ва халқи ин кишвар зери зўроварӣ роҳбари давлат қарор доранд. Ў дар ҳар баромадаш тавссути шабакаҳои интернетӣ борҳо қайд мекунад, ки Тоҷикистон давлати аз ҳама қафомонда буда, барои рушди иҷтимоиёт ва иқтисодиёт ягон замина надорад.
Гўё сиёсати ҳукумати кишвар танҳо барои ғани гардонидани буҷети «шахсони алоҳида» равона шуда бошад.
Тоҷикистон, ки имрўз ба яке аз мамлакати биҳиштосо табдил ёфтааст, хоинони ватан намехоҳанд, ки он рушд намояд, ободию сулҳ, истиқлолият танинандоз бошад. М. Кабирӣ барои амалӣ гардонидани нақшаҳои хоҷагони худ ва пиёда сохтани манфиатҳои худ мехоҳанд Тоҷикистонро монанди солҳои 90-ум ба бўҳрони сиёсӣ гирифтор намуда, нақшаҳои террористию экстремистӣ дар ҳудуди кишвар пиёда гардонанд ва Тоҷикистонро монанди Сурияю Яман ва Афғонистон ба мамлакати харобазор табдил диҳанд.
Роҳбари Ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш кўшиш мекунанд, ки байни халқ низоъро ба вуҷуд оранд. Тоҷикистони сулҳпарвару биҳиштосоро ба мамлакати ғарқи хун, табдил диҳанд. Бинобар ин, воқеаҳои хунини сиёсии солҳои охири мамлакатҳои гуногуни шарқу ғарбро моро водор месозад, ки бо ҷаҳон нигоҳи солим дошта бошем. Насли ҷавононро ҳушдор созем, ки ба гурўҳҳои гуногун шомил нагарданд, зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳанд, балки барои пешрафти иҷтимоиёту иқтисодиёти кишвари худ саҳмгузор бошанд.
Мо шаҳрвандони Тоҷикистон набояд фирефтаи гуфтаҳову баромадҳои шахсони ба Муҳиддин Кабирӣ монанд гардида, побандӣ ваъдаву сарватҳои онҳо гардем. Набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳем, баръакс бояд барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон, якпорчагии он ҳамеша омода бошем. Маҳз ҳамин таъкиднамоии Сарвари давлат буд, ки имрўз дар фазои кишвари мо сулҳу субот ҳукмрон аст.

Абдурашидова М. А. –
ассистенти кафедраи молия ва қарз