Дастовардҳои назарраси донишкада дар нимсолаи аввали соли 2022

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаи фаъолияти Донишкада дар нимсолаи аввали соли 2022 баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода ва наздик ба 30 нафар намояндагони васоити ахбори омма ширкат намуданд. Дар оғоз директори Донишкада номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан аҳли нишастро хайрамақдам гуфта, оид ба фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои назарраси донишкада дар нимсолаи аввали соли 2022 маълумот дод.


Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» (ДИС ДДТТ), ки муассиси он Иттифоқи Тоҷикматлубот мебошад, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №59, аз 12 феврали соли 2010 таъсис дода шудааст. Донишкада моҳи майи соли 2021 аз аккредитатсияи давлатии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, соҳиби Шаҳодатномаи Т-АД №0000242 аз 9.07.2021 гардид.


Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар зинаҳои бакалавриат аз рӯйи 28 ихтисос, магистратура аз рӯйи 8 ихтисос, докторантура PhD аз рӯйи 4 ихтисос ва дар зинаи таҳсилоти олии дуюм аз рӯйи 5 ихтисос мутахассисонро тайёр менамояд.
“Заминаи моддиву техникии Донишкада ҷавобгӯи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Ҷараёни таълим дар чор бинои таълимӣ, ки аз 115 синфхонаи алоҳида иборатанд, ташкил карда шудааст. Дар Донишкада 802 адад компютери замонавӣ, 70 адад ноутбук, 107 адад принтер, 37 адад тахтаи электронӣ, 18 адад экран барои проектор, 107 адад проектор, 178 адад камераи мушоҳидавӣ мавҷуд буда, биноҳои таълимӣ бо Wi-Fi таъмин карда шудаанд. Инчунин дар Донишкада се адад китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ, толори Интернет, озмоишгоҳҳои бонки таълимӣ, молшиносӣ ва муоинаи молҳои истеъмолӣ, криминалистика, синфхонаи компютерии тиҷорати электронӣ, синфхонаи компютерии инноватсионӣ барои омӯзиши барномаи 1С – корхонаҳо, синфхонаи компютерии таълимии омор, утоқҳои лингофонӣ, ду маҷлисгоҳ бо 250 ва 90 ҷойи нишаст, се толори конференсия, майдончаи варзишии замонавӣ ва ду толори фитнесс, ду Парки технологӣ, ду ошхона, хобгоҳи донишҷӯён ва бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст. Ҳамаи биноҳои Донишкада дар давраи сармо тариқи мутамарказ то ҳарорати муқарраршуда гарм карда мешаванд”-таъкид намуд Ҳ. Ҳошимзода.
Мавриди зикр аст, ки теъдоди профессорону омӯзгорон 250 нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии устодону омӯзгорони муқимӣ 96 нафар дорои дараҷа ва унвони илмӣ (11 нафар доктору профессор ва 85 нафар номзади илму дотсент) мебошанд. Баҳри баландбардории сатҳи некӯаҳволии ҳайати профессорону устодон моҳи феврали соли 2022 дар ҷаласаи Шӯрои олимон озмуни ишғоли вазифаҳои ҳайати профессорону омӯзгорон гузаронида шуд, ки 42 нафар устодон дар озмун иштирок намуда, аз рӯи натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ 3 нафар ба вазифаи профессори кафедра, 1 нафар ба вазифаи мудири кафедра, 17 нафар ба вазифаи дотсенти кафедра, 4 нафар ба вазифаи номзади илм, муаллими калон ва 17 нафар ба вазифаи муаллими калон таъин карда шуданд.


Теъдоди умумии донишҷӯён дар маҷмӯъ 3764 нафарро ташкил намуд, ки аз ин шумора 1930 нафар дар шуъбаи рӯзонаи зинаи бакалавр (529 нафар духтарон), 99 нафар дар шуъбаи рӯзонаи зинаи магистратура (46 нафар духтарон), 339 нафар дар шуъбаи ғоибонаи зинаи бакалавр (178 нафар духтарон), 1389 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ (387 нафар духтарон) ва дар зинаи докторантура аз рӯи ихтисос PhD 7 нафар (1 нафар духтар) таҳсил намуда истодаанд.
Дар соли таҳсили 2021-2022 Донишкадаро 899 нафар, аз ҷумла: дар зинаи бакалавриат, шуъбаи рӯзона – 437 нафар, дар шуъбаи омӯзиши фосилавӣ ва ғоибона – 424 нафар, дар зинаи магистратура – 38 нафар ва бо дипломи аъло – 37 нафар хатм намуданд.
Донишкада бо зиёда аз 240 корхона, ширкат, бонк, муассисаю ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллию давлатӣ шартномаҳои тарафайн дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ 6 нафар омӯзгорон рисолаҳои номзадиро сарбаландона ҳимоя намуданд. Рисолаҳои илмии 15 нафар унвонҷӯ ва аспирант таҳия карда шуда, барои ҳимоя омода карда шудаанд.

Нимсолаи аввали соли 2022 дар кафедраҳои Донишкада 144 адад маърӯзаи ҳайати профессорону устодон дар семинарҳои илмӣ-назариявии кафедраҳо баррасӣ гардиданд.
Донишҷӯёни Донишкада дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” фаъолона ширкат варзида, сазовори дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3 гардиданд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” донишҷӯи курси 1, ихтисоси 25010407, Абдураҳмонова Ш. аз рӯи номинатсияи “Биология” дар сатҳи шаҳрӣ сазовори ҷойи 2-юм гардид.
Моҳи апрели соли 2022 дар Донишкада даври ҷамъбастии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинатсияҳо баргузор шуд, ки 3 нафар аз рӯи номинатсияи адабиёти классикӣ, 3 нафар аз рӯи номинатсияи адабиёти муосир ва 4 нафар донишҷӯ аз рӯи номинатсияи адабиёти ҷаҳон ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври шаҳрии озмун Холматов Фирдавс, донишҷӯи курси 3 барои иштироки фаъолона сазовори диплом гардид.


Мақсади асосии робитаҳои байналмилалии Донишкада таъмини байналмилалигардонии раванди таълим, омӯзиш ва илм дар доираи барномаҳо ва лоиҳаҳо ба шумор меравад. Донишкада бо зиёда аз 70 донишгоҳи бонуфузи олам ҳамкории тарафайн барпо намуда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд фаъолияти пурсамар дорад.
Нимаи аввали соли 2022 дар доираи барномаи ЭРАСМУСӮ 12 нафар устодон ва 7 нафар магистрантону донишҷӯён ба Донишгоҳи Турини Италия, Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон, Донишгоҳи Лауреаи Финляндия, Донишгоҳи Севилияи Испания, Донишгоҳи технологияҳои информатсионии ш.Тошканд барои мубодилаи таҷриба ба сафари омӯзишӣ фаро гирифта шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ 5 нафар омӯзгор ва 3 нафар донишҷӯ дар Донишгоҳи Кантабрия, 3 нафар омӯзгор ва 2 нафар донишҷӯ дар Донишгоҳи Кордоба, 1 нафар омӯзгор ва 2 нафар аспирант дар Донишгоҳи Севилия, 4 нафар омӯзгор ва 5 нафар донишҷӯ дар Донишгоҳи Лауреа, дар маҷмӯъ 26 нафар омӯзгору корманд ва 30 нафар аспиранту донишҷӯ барои мубодила ва омӯзиш фаро гирифта шуданд. Ҳамчунин ба Донишкада 22 нафар коршиноси хориҷӣ аз давлатҳои пешрафта ташриф оварданд.

Дар доираи татбиқи «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Донишкада 58 чорабинии сатҳи гуногун гузаронида шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори умум фаъолона иштирок карда, саволҳои худро перомуни ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон, таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ, робитаҳои байналмилалӣ, имтиёзҳои махсус ба донишҷӯён, фаъолияти гуруҳҳои таҳсил бо забони англисӣ, ба сафи хидмати ҳарбӣ ҷалб гардидани хатмкунандагон, теъдоди хориҷшудагон, таъсиси ихтисосҳои нав, мушкилоти асосии донишкада, иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, таҳсили устодону донишҷӯён дар хориҷи кишвар, дастгирии ятимону бепарасторон ва ғайра пешниҳод карда, посухҳои муфассал гирифтанд.

 

Вохӯрии намояндагони Бонки байналмиллалии Тоҷикистон бо донишҷӯёни ДИС ДДТТ

Баҳри татбиқи барномаи давлатии гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ ва амалигардонии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» санаи 03 ноябри соли
2021 бо ибтикори кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ вохӯрии намояндагони Бонки байналмиллалии Тоҷикистон бо донишҷӯёни ихтисосҳои 40010202-технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт) ва  25011200-информатикаи иқтисодӣ барпо гардид.  Вохӯриро декани факултет дотсент Шарипов З.У. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда,  қайд намуд, ки дар шароити имрӯза аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ гардонидани иқтисодиёти рақамӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуда истодааст. Бинобар ин баҳри амалӣ сохтани ин ташаббус ҷумҳурии мо ба кадрҳои соҳаи IT-технологияҳо ниёз дорад. Имрӯз бо ибтикори кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ вохӯрӣ бо намояндагони Бонки байналмиллалии ҶТ – ҷонишини директори бонк дар вилояти Суғд Ҷӯраев Ҷ.Ҷ., директори департаменти IT-технологияҳои Бонки байналмиллалии ҶТ Голубев И.Н. ва сардори Шуъбаи таъминоти барномавии  Бонки байналмиллалии ҶТ Раҳимов Т.Р. ва дигар шахсон гузаронида шуда истодааст.

Дар баромади худ Голубев И.Н. ва Раҳимов Т.Р. маълумоти кӯтоҳ оид ба бонки зикршуда ва мақсади ташриф оварданашонро ба донишкада муаррифӣ намуда, қайд намуд, ки норасогии кадрҳои баландихтисоси соҳаи IT-технологияҳо дар тамоми ҷаҳон ва аз он ҷумла, дар ҷумҳурии мо ба назар мерасад. Мақсади мо аз байни донишҷӯён ҷудо карда гирифтани донандагони болаёқати IT-технологияҳои муосир, таъмини гузаштани таҷрибаомӯзии музднок ва дар оянда фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои онҳо мебошад.

Дар интиҳои вохӯрӣ ба зиёда аз 40 нафар донишҷӯён варақаи тестии имтиҳонӣ иборат аз 10 мисолу масъалаҳо дода шуда, барои иҷроиш 30 дақиқа вақт ҷудо карда шуд. Рӯзҳои наздик натиҷаҳои имтиҳонӣ аз ҷониби бонк баррасӣ карда мешавад.

Дарси амалии н.и.и., дотсент Бухадиров Ҳ.И. дар меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд

Бо мақсади мустаҳкам намудани донишҳои назариявии донишҷӯён бо амалияи идоракунӣ ва баланд бардоштани сифати таълим, инчунин тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб дар ихтисосҳои кафедраи менеҷмент ва маркетинг санаи 18.10.2021 дар меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дарси амалии н.и.и., дотсент Бухадиров Ҳ.И. аз фанни менеҷменти сайёҳӣ ва меҳмондорӣ дар курси 3-юми ихтисоси 1-26020200-менеҷмент бо иштироки мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ Содиқов А.М. ва Бобоев А.Б. баргузор гардид. Зимни гузаронидани дарси амалӣ менеҷерони соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ бо донишҷуён масъалаҳо, муаммоҳои соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондориро матраҳ намуда хулосабарори намуданд. Донишҷӯён аз рафти баргузории дарси амалӣ донишҳои амалии худро доир ба ихтисос мукаммал намуданд.

E’lon!!!

Tojikiston davlat tijorat universiteti  goshidagi igtisod va savdo instituti chet el talabalari diqqatiga:

        Darslar 2chi kurs masofadan(sirtqi) uqish bulimidaqi talabalar uchun 2021 yilda 21 oktyabrdan boshlandi.

        Dars jarayoni soat 13 00  boshlandi.

MAMURIYAT.

БАДХОҲУ БАДКИРДОР, ҲАСАДХӮРУ ФИНТАГАР БА МАҚСАД НАХОҲАД РАСИД!

Офтобро бо доман пӯшида намешавад ва таърих гувоҳ аст, ки душманони миллат исломи нобро ниқоби худ сохта, мехостанд ба сулҳу ваҳдати Тоҷикистони тозаистиқлол рахна ворид созанд, хуни мардумро боз бирезанду оромии ҷомеаро аз байн баранд. Ба ёд меорем, ҷанги дохилии Тоҷикистонро, ки яке аз сабабгорон собиқ аъзоёни ҲНИ мебошанд, ки амалҳои хиёнаткоронашон ба миллати тоҷик душман буданро исбот менамояд.

Роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ  ва пайравонаш баъд аз аёну исбот гардидани ҷиноятҳои содирнамудашон, дар кишвари Аврупо пуштибонӣ ёфта, то ҳол хулосабарорӣ накардаанд ва корашон танҳо кофвтукоби айби касон аст!

Имрӯзҳо Мухиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш, ба мисоли Муҳаммадиқболи Садриддин тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаҳои ифротӣ, аз ҷумла, барномаи “Паймони миллӣ”ва ”Пайванд” баромадҳо намуда, мисли ҳамешагӣ худ ва ҳамдастони собиқашро бегуноҳ арзёбӣ намуда, ҳамаи айбро бар гардани мақомот ҳавола мекунанд. Бояд қайд кард, ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан худро мусичаи бегуноҳ нишон диҳад. Мавриди зикр аст, ки ҳеҷ як шахси бадхоҳу бадкирдор, ҳасадхӯру финтагарон  ба мақсад нарасидааст ва нахоҳад расид!

Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш хиёнат ба Ватан, хиёнат ба модар, хиёнат ба мазҳаби Ҳанафӣ, хиёнат ба дини мубини Ислом намуданд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки чиноятҳои содирнамудаи наҳзатиён,бахусус Кабирӣ дар филмҳои ҳуҷҷатии “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва “Хиёнат” бори дигар бо далелҳои раднашаванда аёну тасдиқи худро ёфтааст. Дар урфият мегӯянд, ки вақт довар аст! Мо мутмаинем, ки Муҳиддин Кабирӣ ба аъмоли террористиаш, дар назди қонун ва миллати тоҷик дер ё зуд ҷавоб хоҳад гуфт.

                М.АХМЕДОВ ,

сармуаллими кафедраи математекаи

 олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ

ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ ОМИЛИ ИДЕОЛОГИЯИ ДУШМАНСОЗӢ!

Андешаҳои бегона аз ҷониби созмонҳои ифротӣ ва идома ёфтани гароиши ҷавонони ноогоҳ ба сафи фирқа, созмон ва ҷунбишҳои бегонаи ифротӣ ба ваҳдати динию эътиқодӣ ва оромии ҷомеа хатари ҷиддӣ ворид месозад.

Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ифротгароӣ ва терроризм ба омили идеологияи душмансозӣ мубаддал гардидааст, ки ҳадафи асосӣ ба минтақаи ҷангу нооромӣ табдил додани ҷомеаи ҷаҳонӣ , асосан ба Осиёи Марказӣ равона шудааст. Масалан ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) дар асоси идеологияи тундгароии исломӣ амал карда, давоми даҳсолаи охир фаъолияти тарғиботӣ-ташвиқотии худро бо истифода аз омили дини Ислом, паҳн намудани мафкураи исломи радикалӣ, ба сафи худ ҷалб намудани ҷонибдорон ба амалҳои зиёди ифротгароӣ, баҳри сафарбаркунии ҷомеа ба ҳолати зиддиятнокии сиёсӣ ё динӣ  кӯшиш намуда истодааст.

Омӯзиши манбаъҳои иттилоотии экстремистон, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ ба хулосае меорад, ки диққати асосии тарғиботи онҳо бадномкунии сохтори иҷтимоию сиёсии ҳама гуна ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистон ва зарурати таъсиси ба ном “Давлати хилофат” аст. Бояд ёдовар шуд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар, кӯшиши гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ, бахусус аъзоёни собиқ ҲНИ ба табаддулоти низомӣ дар соли 2015, террор нисбати сайёҳони хориҷӣ дар соли 2018 мебошад. Хиёнате, ки бо ваҳшигариву зулму ситам, хунрезиву ҷаллодӣ ва дасисабозӣ, аъзоёни ТТЭ ҲНИ баҳри халқу миллати мо тоҷикон кардааст, ҳеҷ нобахшиданист! Баробари ин бояд қайд кард,ки дар шаш моҳи соли 2021 дар қаламрави ҷумҳурӣ 143 нафар гумроҳшудагон бо гумони узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир кардаанд. Аз ин миқдор ТТЭ ҲНИ – Паймони миллӣ 10 нафар, “Ихвон-ул-муслимин” 3 нафар, “Давлати исломӣ” (ДИИШ)  26 нафар, “Салафия” 45 нафар, Гурӯҳи 24 –13 нафар, Ансоруллоҳ 9 нафар, Ҳизб-ут-таҳрир 6 нафар, “Ал-Қоида”3 нафар, “Ҷамоати таблиғ”  8 нафар, Ҳаракати исломии Узбекистон  5 нафарро ташкил медиҳад

Далелу тасдиқ ва рақамҳои оморӣ, умуман раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, моро водор месозад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза барем. Албатта, мубориза бар зидди ин хатар на танҳо вазифаи давлат ва ҳукумат аст, бояд тамоми ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ин ҷода фаъол бошанд ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати миллати кишвар саҳмгузор бошанд.

Ф. МАХКАМОВА

ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ

ИЗҲОРОТИ кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ нисбат ба амалҳои иғовогаронаи ТТЭ ҲНИ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Мо омӯзгорони кафедра огоҳ ҳастем, ки собиқ аъзоёни Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) ҳоло бо номи Паймони миллӣ номзугорӣ намуда, чун солҳои 90-уми асри гузашта бо суханҳои иғвогаронааш рукнҳои дини мубини Исломро нодуруст тарғиб карда, ба чашми одамон хок пӯшидан кӯшиш намуда истодааст. Таърих гувоҳ аст, ки лиқои разилонаи ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломи (ТТЭ ҲНИ)-ро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда, мардумро огоҳ мекунанд, ки дигарбора ба доми фиреби ин нохалафони миллаткуш наафтанд. Зеро аз марҳилаҳои пайдоиш то мамнӯъ шудани ин ташкилоти террористӣ ягон аъзову пайрави он барои ободонии Ватан қадре ҳам саҳме нагузоштааст. Баробари ин бояд қайд кард, ки имрӯз  бештари собиқ аъзоёни ҲНИ ва роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ дар Аврупо паноҳ ёфта, тибқи супориши ҳоҷагони хориҷиаш мунтазам тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар барномаи ифротӣ бо номи  “Паймони миллӣ…” баромад намуда, нисбати давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар беасос норозигию иғвогарию тӯҳмат карда, тухми кинаю адоват кошта истодааст. Ба фаъолияти қаблӣ ва ҳозираи  ТТЭ ҲНИ агар кас назар афканад, бе ягон шубҳа дарк менамояд, ки ашхоси ба ташкилоти ифротгароён шомил мешавд, оқибат тақдири ояндааш месӯзад.

Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва Истиқлолияти кишвари азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои бузурги Истиқлол давлатии кишвар талош варзанд.

Дар фарҷоми изҳороти хеш рафтору гуфтори иғовогаронаи ТТЭ ҲНИ ва дигар созмонҳои ифротироро шадидан маҳкум карда, то ҷон дар тан дорем намегузорем, ки фазои ороми муқаддаси ватанамон  ғуборолуд гардад.

ТТЭ ҲНИ – МАКОНИ ДУРӮҒУ БӮҲТОН

Таҳлилҳо собит менамояд, ки имрӯз терроризм ва экстремизми муосир бо худ хислати оммавиро соҳиб гашта, дар он, мутаассифона, на танҳо гурӯҳҳои сиёсӣ, балки иттиҳодияҳои миллӣ ва динӣ, ки дар асоси манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ташкил шудаанд, ҷалб карда шуда истодаанд. Терроризм чун силоҳи асосии расидан ба манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии онҳо мубаддал гашта, террорист ва экстремист ҳамчун ашхоси иҷрокунанда ва воситаи расидан ба мақсадҳои ғаразноки онҳо табдил гаштааст. Аз ҷумла, Кабирӣ бо тавсифҳои сохтаву андешаҳои по дар ҳавои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба сафсатагӯе табдил гаштааст. Суханони ин ба ном “сиёсатмадор” ба хотири кас гуфтаҳои бемореро ба хотир меорад, ки аз таъсири тасбу таб ба ҳарзагӯӣ медарояду боз шояд ба гуфтаҳои худ бовар кунад. Наҳзатиёни фирорӣ имрӯз аз наҳзати 90-уми асри гузашта ҳеҷ фарқе надорад. Ссобиқ ҲНИ танҳо номашро ба “Паймони миллӣ” табдил дода, ҳарчанд имрӯз дар гуфтор худро дипломату сиёсатмадор нишон диҳанд ҳам, вале нақшаву ният ва кирдорашон аз солҳои қаблӣ тафовуте надорад. Ба қавли шоир:

Ба ҳар ранге, ки хоҳӣ, ҷома мепӯш,

Ман аз тарзи хиромат мешиносам.

Имрӯз  бештари аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар Аврупо паноҳ ёфта, ғайр аз дурӯғу бӯҳтон гуфтан, дигар коре надоранд! Баробари ин бояд  қайд кард, , ки ҳеҷ як шахси бадхоҳу бадкирдор, ҳасадхӯру финтагарон ба мақсад нарасидааст ва нахоҳад расид. Хулоса мо дар интиҳои андешаи хеш суханҳои беасоси бадхоҳони миллат-наҳзатиёни хасадхӯрро шадидан маҳкум менамоем. Боварӣ дорем, ки минбаъд низ мардуми боору номуси тоҷик ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори бегонагон ва душманони миллат нахоҳанд шуд. Намегузорем, ки пои нохалафе марзу буми кишвари моро убур намуда, амну суботи кишвари моро халал ворид намояд.

                                    М.АХМЕДОВ ,

сармуаллими кафедраи математекаи олӣ

ва технологияҳои инноватсионӣ  

ИЗҲОРОТИ  КАФЕДРАИ ҶОМЕАШИНОСИИ ДИС ДДТТ НИСБАТ БА  ФАЪОЛИЯТИ ФИНТАБОЗИҲОИ ТТЭ ҲНИ -ПМ

Мо омӯзгорони кафедра тариқи расонаи хабарӣ огаҳ ҳастем, ки солҳои охир собиқ роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ барои расидан ба ҳадафи худ, алҳол номи ҳизбашро “Паймони миллӣ…”(ПМ) номгузорӣ  гузоштааст ( калимаи Тоҷикистонро илова накардем), бо пайравонаш аз имконияту афзалияти васеъи озоди шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда, мунтазам тариқи барномаи ифротиаш маводҳои характери зиддидавлатӣ доштаро паҳн намуда истодааст, шадидан маҳкум намуда, фикру ақидаи хешро иброз медорем.

Дар ҳақиқат таҳлилҳо собит менамояд, ки дасисакорию фитнабозиҳои аъзоёни ТТЭ ҲНИ, пеш аз ҳама роҳбараш Муҳиддин Кабирӣ  ин шӯр овардани мардуми оддӣ ва ноороми кардани давлат мебошад. Оид ба фаъолияти кунунии  М. Кабирӣ гуфта метавонем, ки ӯ имрӯз дар Аврупо қарор дошта, бо дастгирии молиявии хоҷагони хориҷаш аз минбарҳои гуногун баромад карда, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолрро нодида гирифта, изҳор дорад, ки гӯё дар Тоҷикистон демократия маҳв карда шудааст, мардум озодона зиндагӣ карда наметавонад. Баробари ин бояд қайд кард,ки , ки ҳар шахсу гурӯҳи муғриз ва ҷоҳталаб бо ваъдаҳои пуч моро фирефта натавонад кард. Бовар дорам, минбаъд низ ягон бадхоҳ наметавонад дар иттиҳоди мардуми тоҷик рахна эҷод намояд.

Ба М.Кабирӣ бори дигар таъкид менамоем, ки маҳз натиҷаи татбиқи сиёсати дуруст ва созанда дар ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти кишвар буд, ки дар мамлакати мо марҳилаи таҳияю татбиқи Барномаҳои давлатӣ, Стратегияи рушд, Консепсияи ташаккули давлати миллӣ фаро расид. Ин сиёсат ба раванди аз бӯҳрони амиқи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавӣ раҳо додани мамлакат ва ба вуҷуд овардани асосҳои давлатдории навини тоҷикон мусоидати комил намуд.

Имрӯз ба дастовардҳои бузурги кишварамон ҳам дар арсаи сиёсати байналмилал ва ҳам дар миқёси минтақа назар афканда метавон равшану возеҳ эҳсос намуд, ки муҳимтарин ангезаҳои иқдомҳои бузурги созанда ҳанӯз дар ҳамон давраҳои мудҳиш маҳз ба хотири эъмори кишвар ва саодати миллат тарҳрезӣ гардида, бо муҳаббату самимияти том дар тӯли солиён то имрӯз нияти иҷро доранд. Муҳим он аст, ки ҳар шахсу гурӯҳи муғриз ва ҷоҳталаб бо ваъдаҳои пуч моро фирефта натавонад кард. Бовар дорам, минбаъд низ ягон бадхоҳ наметавонад дар иттиҳоди мардуми тоҷик рахна эҷод намояд. Аз ин рӯ, мо бояд минбаъд низ дар атрофи Ҳукумати кишвар муттаҳид бошем. Зеро ин ягона роҳест, ки моро ба сӯи музаффариятҳои нав, ба сӯи ваҳдату ягонагӣ мебарад.

ИЗҲОРОТИ омӯзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва руси ДИС ДДТТ нисбат ба ҳадафҳои хиёнаткоронаи душманони миллат.

Мо омӯзгорони кафедра тариқи расонаҳои хабарӣ огаҳ ҳастем, ки  аъзоёни собиқ ҲНИ баъд аз аёну тасдик шудани амалҳои номатлуб фирорӣ шуда, бештари пайравонаш дар Аврупо қарор доранд. Имрӯз раҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ҳизбро ба Паймони миллӣ (ПМ) номгузорӣ кардааст, ки калимаи Тоҷикистонро ҳамроҳ накардем, хонандаи закӣ инро медонад. Яъне имрӯз наҳзатиҳо пӯсту рӯи худро иваз намуда, баҳонаҷӯю разилтару ғайбатчӣ шудаанд.

Воқеан мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки ҳaдaфи ТТЭ ҲНИ-ПМ aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд, ки aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, aмaлиётҳои экстремистиву террористии худро бaҳри бa дaст овaрдaни ҳокимият бо дини мубини Ислом пaрдaпӯш кaрдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудaн ҳаракат дорaд. Доштани ҳадафи зиддиконститутсионӣ худ шаҳодатгари он аст, ки бо соҳиб шудани ҳокимият низ хунрезиҳову ошӯбаҳо дар байни ҷомеа дар солҳои 90- уми асри гузашта ба амал омаданд. Дар сари ҳамин гуна гурӯҳҳои ифротӣ шахсияти хиёнаткори миллат Муҳиддин Кабирӣ мебошад. Кабирию  пайравонаш барои худ хулосаи зарурӣ набароварда, даст ба фитнаву иғвогарӣ мезананд. Дар интернет, ки як майдони васеъ ва беканор аст, дар аспи ҷаҳолати бодпо саворанду ба ҳар тарафе, ки хоҳанд меронанд, аммо бехабар аз он, ки онҳо радкардашудагони миллатанд..

Имрӯз халқи шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд. Воқеан дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд.

Дар фарҷоми изҳороти хеш метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси наҷотдиҳанда, таҳкимгар ва рушду такомулдиҳандаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки мо имсол 30-умин солгарди онро бо дастовардҳои назаррас, шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намудем. Ҳамаи дастовардҳои кишварро бояд ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон дар оянд низ ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳм гузорад.