Арзишҳои миллӣ, давлатӣ ва диниро аз ҳам ҷудо накунед!

        Осмонӣ будани дини мубини ислом ин маънои аз ибтидо  моҳияти синфӣ надоштан, инсонпарвару  адолатпеша  созандаву  бунёдкор, дурандешу таҳаммулпазир  будани  он аст.  Яъне, худи пайѓамбари  ислом  Муҳаммад (с) дар вақти  қабул  кардани ин дин  аз  падару модар  барвақт  ятим монда  буданд.  Дар гузаштаи на он қадар  дур ин дини ҳақиқату тариқат, поку  беолоиш  бо қувваи  ниҳонии  ҷозибанокаш  ақлу идрок  ва таваҷҷуҳи на фақат  бандаҳои муъмину  мусулмон, балки  ашхоси  зиёдеро  аз  дигар  дину  мазҳабҳо ба  тарафи  худ  ҷалб  намуд.

      Вале истифода  бурдани дину мазҳабҳои мусулмонӣ  ҳамчун идеология барои  ба даст овардани  ҳокомияти  сиёсӣ,  бо номи   он  рeйпуш намудани  ҳаракатҳои  ифротгароӣ,  терроризм, даҳшатоварӣ  моҳияти  аслии ин динро  суст  намуда, қадру  қиммат, манзалати  онро  паст  мегардонад  ва  ба  ислом  иснод  меовард.  Аз дигар  тараф  муносибати  оштинопазири  ин оину  мазҳабҳо ба  арзишҳои миллии  халқи тоҷик, урфу  одат  ва анъанаҳои ниёгон, хусусан  таъсиси давлати  миллӣ, ки  барои таҷлилу таҳкими он кулли институҳои  сиёсии ҷамъият, неруҳои ақливу ҷисмонӣ, фарҳанги тавонои халқи тоҷик  равона карда  шудааст, ба сиёсати  пешгирифта ва  барномаи ҳизбу  ҳаракатҳои бо ном исломӣ мувофиқат  намекунад.

       Аз нигоҳи  сиёсӣ  мавҷудияти  ҳизби наҳзати ислом, ки  мақсади  ниҳонии  он  таъсиси  давлати  исломӣ  аст,  баҳампайвандии  арзишҳои милливу  диниро,  ки  бе  онҳо  таъсиси  давлати  миллӣ  дунявӣ  аз имкон  берун  аст,  фалаҷ гардонида  якпорчагии  халқу  миллатҳои  сокини  кишварро, ки  асосан  мусулмонанд, халалдор  мегардонад.  Зиёда  аз ин  чун  ҳизбу  ҳаракатҳо  зидди  бедории сиёсӣ, худогоҳӣ  ва  худшиносии миллӣ  баромада, барои таҳкими  демократия, амнияти соҳибистиқлолии  давлат  монеаҳо эҷод  мекунанд.

Ислом ба ҳеҷ гуна ҳизб эҳтиёҷ надорад. Дар либоси дини мубини Ислом корҳои зишти худро анҷом додан кори нобахшиданист. Имрӯз мардуми кишвар хуб дарк намудаанд, ки мавҷудияти ҲНИТ боиси тафриқаву ҷудоиандозиҳо дар байни ҷомеа гардид ва дар фаъолияти хеш раёсат ва аъзоёни он ба қонуншиканиҳои зиёде роҳ доданд. Бо қарори Суди олц фаъолияти ҲНИТ манъ карда шуд ва валвалаву доду фищони онҳо дар хориҷи кишвар ҳеҷ самарае нахоҳад овард. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллат бирасем ва барои фардои ватан аз дилу ҷон заҳмат кашем.

 

Авазматов Н, муаллими калони
Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ

6 Комментариев для “Арзишҳои миллӣ, давлатӣ ва диниро аз ҳам ҷудо накунед!”

  1. Ислом ба ҳеҷ гуна ҳизб эҳтиёҷ надорад. Дар либоси дини мубини Ислом корҳои зишти худро анҷом додан кори нобахшиданист. Имрӯз мардуми кишвар хуб дарк намудаанд, ки мавҷудияти ҲНИТ боиси тафриқаву ҷудоиандозиҳо дар байни ҷомеа гардид ва дар фаъолияти хеш раёсат ва аъзоёни он ба қонуншиканиҳои зиёде роҳ доданд. Бо қарори Суди олц фаъолияти ҲНИТ манъ карда шуд ва валвалаву доду фищони онҳо дар хориҷи кишвар ҳеҷ самарае нахоҳад овард. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллат бирасем ва барои фардои ватан аз дилу ҷон заҳмат кашем. Мо ба андешаҳои муаллиф пурра мувофиқем.

    1. Ба андешаи устодон мо пурра мувофикем. Набояд исломро ба сиёсат олуда кард. ХНИТ бояд аз руи конунгузорихои кишвар амал мекард, хилофт конун даст ба чиноятхои калон, аз чумла кушиши табаддулоти давлати боис гардид, ки фаъолияти он катъ карда шавад.

  2. Аз нигоҳи сиёсӣ мавҷудияти ҳизби наҳзати ислом, ки мақсади ниҳонии он таъсиси давлати исломӣ аст, баҳампайвандии арзишҳои милливу диниро, ки бе онҳо таъсиси давлати миллӣ дунявӣ аз имкон берун аст, фалаҷ гардонида якпорчагии халқу миллатҳои сокини кишварро, ки асосан мусулмонанд, халалдор мегардонад. Зиёда аз ин чун ҳизбу ҳаракатҳо зидди бедории сиёсӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ баромада, барои таҳкими демократия, амнияти соҳибистиқлолии давлат монеаҳо эҷод мекунанд.

  3. Солхои охир дар чахон ходисахои зиёде ба вукуъ омаданд. Мутассифона, ба сиёсат олуда кардани дини мубини ислом ва хама дахшату вахшат ва зулму бедодгарихоро ба дини ислом марбут дониста, катлу куштор ва вайрону валангор гаштани бузургтарин марказхои тамаддуни исломи дар Сурия, Ирок, Миср, Афгонистон боиси афсусу надомат аст. Пас мо бояд андеша кунем, дини хуро дуст дорем, зеро дини мо дини сулху сафо ва оштию сафост. Борхо Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки дини Ислом ба терроризму экстремизм аслан иртиботе надорад. Пас мо бояд бештар илм омузем ва фирефтаи афкори бегонагон нагашта, шомили хар гуна хизбу харакатхо нашавем.

  4. Кишвари мо сол то сол дар хама самтхо рушд карда истодааст. Аммо мутаасифона, чунин шароитхои хуби фазои маънавиро баъзе аз аъзоёни мамнўъгаштаи Хизби нахзати исломи Точикистон нодида мегиранд. Онхо берун аз кишвар дар манотики гуногун бо дастгирии молиявии хочагони худ бо хар рох тафрикаандози дар байни диндорон мекунанд, бо хар роху усулхо дар фаъолияти худ кўшиш доранд мардумро ба рохи гафлат ва гумрохи андозанд.

    1. Дар чунин шароити чахонишавии тамаддунхо ва зиддияти абаркудратхо мо бояд хушёру зирак бошем ва ба дасисаи ягон гурух гирифтор нашавем.

Leave a Reply to Чабборов А, Хусаинов М Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *