Артиши миллӣ – сипари боэътимоди давлату миллат!

Дар толори ДИС ДДТТ ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи  таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ устодону донишӯён, намояндагони  қисмҳои ҳарбии вилоят иштирок намуданд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди Миллӣ оғоз ёфт.

1,10
1,6
1,5
1,8
1,7
1,3
1,2
1,4
1,13
1,11
1,12
1,1
1,9
previous arrow
next arrow
1,10
1,6
1,5
1,8
1,7
1,3
1,2
1,4
1,13
1,11
1,12
1,1
1,9
previous arrow
next arrow

Директори ДИС ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент  Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан зимни суханронии худ аҳли нишастро бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зикр намуд, ки 23 феврали соли 1993 дар таърихи кишвари мо боз як саҳифаи хеле муҳими таърихӣ – таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ, ки сипари боэътимоди давлат ба ҳисоб меравад, боз гардид. Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун нерӯи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодааст. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд».

Сипас полковники эҳтиётӣ, Раиси Шӯрои собиқадорони комиссариати ҳарбии вилояти Суғд Азизов Шарифҷон Эргашевич зимни суханронӣ ва табрикоти хеш аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ ёдовар гашта, нақш ва хидматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ва таъсиси комили сохторҳои вазорати мудофиа ва ҷузъу томҳои он таъкид намуд.

Баъдан донишҷӯён бо барномаи рангин ва идонаи худ дар ҳузури иштирокчиён бо сурудҳои дилнишин, саҳнаҳои ҷолиб, қироати шеърҳои ватандӯстона хотираи иштирокчиёни чорабиниро болида гардониданд. Мусобиқаҳои варзишӣ, банду басти яроқи оташнишон байни донишҷӯён ва баромади аскарони қисми ҳарбӣ хеле хотирмон буд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Гулчеҳра Аҳророва аҳли нишастро бори дигар ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрику таҳният гуфта, барояшон  барору комёбиҳо таманно кард.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба меҳмонон, сарбозони қисми низомӣ ва иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои хотиравии маъмурияти донишкада тақдим карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *