Тоҷикистон дар ҳолати хатарноки қарор надорад. Мухолифоне, ки дар ҳамоишҳои байналхалқӣ иштирок мекунанд, нисбати Тоҷикистон суханҳои бардурӯғ мегӯянд, ки ҳадафи асосии онҳо ба сари ҳокимият омадан мебошад. Яке аз чунин афрод коршиносӣ масоили Осиёи Миёна Аркадий Дубнов мебошад, ки дар сомонаҳои интернетӣ дар сӯҳбате, ки баргузоркунандааш номаълум аст, амалҳои хоинона ва душманони давлату миллати моро, ки тариқи ғайриқонунӣ санадеро бо номи «Паймони миллӣ» қабул карданд, амали хуб шуморида, ҷонибдори ақидаҳои ТТЭ ҲНИ будани худро исбот намудааст.
Ба андешаи А Дубнов гӯё тоҷикони зиёде аз ватан берун зиндагӣ карда имкони баргаштанро надоранд. Ин ҷо суоле, пайдо мешавад, ки чаро мардуми тоҷик аз баргаштан ба Ватани худ меҳаросанд, Шахсе, ки ба Ватани худ, миллати худ хиёнат намуда, тамоми арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии инсонӣ, шараф, номус, дину мазҳаби худро ба бегонагон фурӯхтааст, аз баргаштан ба Ватани худ меҳаросад.
А. Дубнов, ки мехоҳад «Паймони миллӣ»-ро чун як эътилофи нав ва мӯътабар муаррифӣ намояд, кори ӯ «аз паша фил сохтан» аст. Нафароне, ки ба ин паймон шомиланд, ҳама ҷинояткорону гурезагони наҳзатиянд ва мехоҳанд, ки худро дар байни ҷомеа бо қабои нав ҷилва диҳанд.
Кабирӣ бо номи нав ва санади нав, ки онро аъзоёни пешинаи ТТЭ ҲНИ қабул намудаанд, мехоҳад диққати ташкилотҳои байналмилалиро ба худ ҷалб намояд, аммо ин ҳиллаву найранги ӯ ҳеҷ гоҳ кор намеояд ва дар оянда низ нахоҳад шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамояд, ки «терроризм дин, мазҳаб, миллат ва ватан надорад».
Мо бо Пешвои муаззами миллат ифтихор дорем ва алайҳи амалҳои зишту бадкоронаи душманони миллат садо баланд карда, намегузорем фазои осудаву ором ва ободи кишварро ягон ҳизбу гуруҳ ва созмони ифротгаро халалдор созад.
Мехоҳам як нуктаро таъкид созам, ки Тоҷикистон дар ҳолати вазнину хатарнок қарор надорад ва мардуми кишвар ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори бегонагон ва дасисаи онҳо намегарданд.
Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди шуъбаи табъу
нашри донишкада