Ҳаргиз аз роҳи бадӣ мақсуди кори худ маҷӯ

Дар баробари равоиди мусбату мўътадил ва табиӣ ҳаёти динӣ – маънавӣ, инчунин зуҳуроти манфӣ ва номатлуби ғояҳои ифротгароӣ, ки асосан аз хориҷи кишвар ворид мешавад, дар фаъолияти баъзе созмону ниҳодҳо, ҳизбу гурўҳҳо таъсири муайян расонданд. Иллати сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни мусалмонони кишвар дар солҳои охир, ин дар ҷомеаи мо пайдо шудани иғвоангезӣ, таҳрибкорӣ, ҳизбгароиву гурўҳбандӣ аз тарафи баъзе ходимони дин, имом – хатибон аз минбарҳои масоҷид, садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ, давлатӣ, суханони таҳқиркунанда, қабеҳу фаҳш ва беасосу бадномкунанда, таҷлили маросимҳои ба мазҳаби мо бегона, итоат накардан ба имому ҳоким, қонун ва дар ин замина ба вуҷуд овардани дуҳокимиятӣ дар фазои кишвар аст.

Мутаассифона, дар амри дифоъ ва пуштибонӣ аз нангу номус, ҳуввият ва арзишҳои миллӣ, манфиатҳои умумихалқиву умумидавлатӣ миёни баъзе уламои дин ва зиёиёни эҷодкори дин баҳс ба миён омада, аҳли ҷомеаро ба бетарафӣ намегузорад. Зиёиёни эҷодкор бошанд, баъзе уламои динро ба бегонапарастӣ, арабгароӣ, бесаводӣ, чаласаводӣ, хурофоту таассуб, мавизаҳои бемантиқ,бе рабту низом, лаҳни тунду таҳқиромез ва зиддидавлатию зиддимиллӣ айбдор менамоянд. Дар айни замон баъзе уламои дин зиёиён, рўзноманигоронро ба динситезӣ гунаҳкор медонанд.

Дар ҳарду ҳолат ҳам уламои дин ва зиёиёни тоҷик бояд ҳамфикр бошанд, манфиатҳои умумимиллӣ, умумидавлатиро аз ғаразҳои ҳизбӣ, гурўҳӣ, мазҳабӣ, шахсӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ мувоҷеҳ насозанд. Яъне, ба ингуна ҳаракати манфур шахсоне  дохил мешаванд, ки ақлу заковати худ, фарҳангу нанг ва номуси худро ба ивази маблағи ночизи хоҷагони худ фурӯхтанду исломро чун ниқоб ва сипар истифода карда ба номи он доғ оварда истодаанд, ҳол он ки шоир гуфтааст:

Ислом ба зоти худ надорад айбе

Ҳар айб  ҳаст, ки дар мусулмонии мост!

Агар ба таърихи фаъолияти  ҳаракатҳои терористии ҷаҳон аз рӯи ахбори департаменти давлатии  ИМА назар кунем, мебинем, ки ин ҳаракати манфур ҳамасола аз 320 то 620 амалиётҳои терористӣ анҷом медиҳад, ки боиси марги ҳазор-ҳазор одамони бегуноҳ ва ходимони гуногуни  мақоми сиёсию давлатӣ мегардад. Масалан: 31 октябри 1984 Индири Ганди, 1991 Ражив Ганди, сарвазирони Ҳиндустон, 1993 прокурори Генуя Франческо Коко ва сарвазири Италия Алдо Моро, инчунин вазири мудофиаи Афғонистон  Аҳмадшоҳи Маъсуд ба ин мисол шуда метавонад.

 Бояд зикр намуд, ки аломатҳои ин гуна ҳаракатҳои фосиқ чун тероризму экстремизм дар ҷумҳурии мо низ ба назар мерасанд, ки мақсади онҳо мубориза алайҳи ҳукумати конститутсионии мост. Вале халқи тоҷик, ки таъриху фарҳанги куҳан дошта 99% аҳолии он  пайрави дини мубини ислом ҳастанд, аз воқеаҳои солҳои 1991-1992 дарси ибрат гирифтаанд ва ба амалишавии нақшаҳои мардумфиребонаи исломи радикалӣ фирефта нахоҳанд шуд. Зеро мо хуб медонем, ки дар моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб менамоянд, ё худ барои бо роҳи зӯрӣ сарнагун намудани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват мекунанд, манъ аст. Бинобар ин ҷавононро зарур аст, ки аз ҳамкорӣ ва ҳамфикрии гурӯҳҳои терористии: “Ҳаракати Узбекистон”, “Ал-қоида”, “Ҳаракати Туркистони Шарқӣ”, “Тоҷикистони озод”, “Созмони таблиғот”, “Гурӯҳи 24” ва дигарон, ки гурӯҳ, созмон ва ташкилотҳои терористӣ эълон шудаанд, худдорӣ намуда, алайҳи онҳо муборизаи беамон баранд, зеро мақсаду мароми онҳо пок нест ва ҳамкорӣ бо онҳо сӯи бадномӣ ва ҷаҳаннам аст.Чӣ хеле ки шоир гуфтааст:

Ҳаргиз аз роҳи бадӣ мақсуди кори худ маҷӯ,

Як бади хоҳӣ ба кас, даҳчанд баргардад ба ту!

Вале ифротчиён бо ҳар роҳу васила байни худ ва мусулмонони воқеӣ тафриқаандозӣ мекунанд, ки мо дар поён онро чунин нишон медиҳем:

Мусулмонони воқеӣ: машғул дар фикри имони хеш аст.

Мусулмонони ифротӣ: машғул дар фикри имони дигарон аст.

Мусулмонони воқеӣ: мекӯшад худ ва дигаронро вориди биҳишт кунад.

Мусулмонони ифротӣ: машғули исботи он аст,ки ғайр аз ӯ дигар ҳама дӯзахиянд.

Мусулмонони воқеӣ: дар пайи бахшиши гуноҳи дигарон аст.

Мусулмонони ифротӣ: дар пайи ҷустуҷӯи хатои дигарон аст, то онҳоро маҳкум созад.

Мазҳаби суннатии мардуми тоҷик-мазҳаби ҳанафӣ аз ҳар гуна ифроту тафриқаандозиҳо ва тундгароию мардумозориҳо дур асту мақсаду мароми он орому осоиши  кулли инсоният аст, ки мо онро аз  чор мисраъ шеъри Саъдии бузург, ки дар пештоқи бинои СММ сабт шудааст пайдо карда метавонем, ки гуфтааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор

Ғафурова Ф.К.

ассистент-муаллимаи кафедраи

назарияи иқтисодӣ  ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *