Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст…

Мо устодону омӯзгорони кафедараи математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ ба сокинони кишвар, алалхусус ба кулли ҷавонони ояндасози миллати хеш муроҷиат намуда, мехоҳем диққати онҳоро ба муҳимтарин масоил, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст ҷалб намоем.
Чи хеле, ки маълум аст ба ҷомеаи кушоди мо арзишҳои бегона, таълимот ва назарияҳои ѓайр бо роҳҳои ошкорою пинҳонӣ ворид гашта, ба шуур ва тафаккури аъзои ҷомеа таъсир мерасонанд. Дар ҷомеаи инсонӣ имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.
Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида мардумро бовар кунониданиянд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост ва ин роҳу воситаро истифода бурда, мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Воқеан, терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуѓрофӣ надорад.
Кӯшишҳои бо ҳам пайваст намудан ё тавъам донистани терроризм бо дину мазҳаби мушаххасе дарвоқеъ ба манфиати террористон хизмат мекунад ва биноан, ин кӯшишҳоро қатъиян маҳкум бояд кард…
Аз ин масъалаҳои матраҳшуда он ҳизбҳои таҳрибкор ва анчуманҳои навтаъсис, ки худро гӯё “адолатпарвар”-у “наҷобахши миллат” меҳисобанд хуб мешуд андеша кунанд… Онҳо кистанд ва кадом амалҳои некашонро халқи тоҷик медонанд. Ба ѓайр аз хоҷиҳои ҳориҷиашон боз кадом ашхосон онҳоро мешиносанд?! Бо ибораи дигар иброз мекунем, ки онҳо доир ба дастовардҳои беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол ва аз суханҳои шахсиятҳои барӯманди давлатҳои абаркудрати зикршуда, ки хело бо смимияти афзун нисбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои сазовор додаанд, бояд хулосаи зарурӣ бароварданашон ҳатмӣ аст! Набояд корашон кофтукови айби касон ва ѓаразҳои сиёсию иқтисодӣ бошад. Дар иртибот ба ин, беҳуда Сайидои Насафӣ нафармудааст:

Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад….

Кафедари математекаи олӣ ва
тенологияҳои иинноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *