Ҷаноби Свердлов! Дастатонро аз Тоҷикистон кашида, дар ҳаққи он тӯҳмат накунед!

Аз саҳифаи Интернет бо сӯҳбати  ҷаноби  С.Свердлов ба радиои “Озодӣ”  ошно гашта, хеле мутаасир гаштам, зеро ин ҷанобро ҷонибдорони хешу табори ҳизби мамнӯи ҲНИТ ба иштибоҳ кашидаанд. Ман намедонам чанд нафар хешу табори ҲНИТ ҳабс шудаанд, вале ман аз ҷаноби Свердлов пурсиданиам, агар дар Полша ё ягон давлати дигари дунё ҳизб рӯи рост даст ба табаддулоти давлатӣ занад, ба онҳо чӣ тавр муносибат мекарда бошанд? Ҳол он, ки на сохтори амниятии кишвар, на ВКД далели ҳабси хешу табори аъзоёни мамнӯи ҲНИТ тасдиқ намекунанд.

Ҷаноби Свердлов осонакак ба доми аъзоёни собиқ ҲНИТ афтидааст. Ба ин ҷаноб гуфтанием, ки дар Тоҷикистон аллакай чунин ҳизб вуяуд надорад. Аз тарафи Суди Олии ҶТ мамнӯъ гашатани ҲНИТ айби давлати Тоҷикистон нест. Бигзор ҷаноби Кабирӣ аз худ ва аъзоёни ҳизби мамнӯъи худ домангир шавад. Дигар ин, бигзор  баъзе мухбирони зархариди САҲА ба мисли ҷаноби Свердлов  аз вазъи Тоҷикистон нигарони накунанд. Тоҷикистон Ватани мост ва барои таъмини сулҳу ваҳдат халқи тоҷик ва давлати пойбарҷои Тоҷикистон, чун давлатҳои дигар аз тамоми имкониятҳои худ истифода хоҳад бурд.          Мехостем аз ҷаноби Свердлов пурсон шавем: оё ӯ  аз ҷонибдорони ҳизби мамнӯъи назати ислом, ки   аввали моҳи сентябр дар Тоҷикистон рух дод, бохабар бошад? Агар дар ватани онҳо кӯшиши мусаллаҳонаи табаддулоти давлати руҳ медод,  давлатҳои шомили Иттиҳоди Аврупо ба мисли Олмону Шветсария магар сари ифротгароёнро “сила” мекарданд. Ҳеҷ гоҳ! Пас барои чӣ масъулини аврупои аз забони Свердловҳо   аз вазъияти Тоҷикистон изҳори нигарони менамоянд.

  Мо такроран ба ин ҷаноб гӯшрас менамоем, аз таҳлилҳои коршиносони хориҷи эҳтиёт бошанд. Дар гузаштаи на он қадар дур ин ба ном “таҳлилгарон”  зархарид (шояд онҳоро таҳмилгарон гуфтан ҷоиз бошад) вазъияти ҷомеаҳои якқатор давлатҳои Араб, Африқо ва Украинаро ба таври худ “таҳлил” карда буданд ва бубинед, ки имрӯз ин ҷомеаҳо ба кадом рӯзи сиёҳ гирифтор шуданд. Таҳлилгарони хориҷӣ ҳеҷ гоҳ манфиатҳои миллии моро, аз он ҷумла, манфиатҳои аъзоёни ҲНИТ-ро дифоъ намекунанд, онҳо аз паи  амалӣ гардонидани манфиатҳои абарқудратҳо дар ин, ё он давлат мебошанд. Ин, ё он ҳизб ё созмон бошад, дар дасти онҳо лӯхтакеро мемонад, ки чӣ тавр хоҳанд, ҳамон тавр бозӣ медоронанд.

Р. Солиҷонов ,  устоди ДИС ДДТТ

4 Комментариев для “Ҷаноби Свердлов! Дастатонро аз Тоҷикистон кашида, дар ҳаққи он тӯҳмат накунед!”

  1. Свердлов андешаи Шумо ягон асос надорад! Шумо ҳеҷ гоҳ ба тинҷиву осудагиии мо ҳақ пайдо карда наметавонед, ки халалрасон бошед! Фикру андешаҳои Шумо аслан барои мардуми тоҷик аҳамият ҳам надоранд!

  2. Ба назар чунин мерасад, ки дар ҳақиқат, имрӯз ба гуфти муаллиф ҲНИТ лухтакеро мемонад, ки бозичаи дасти бегонагон гаштааст. Аслан пайдоиши ин ҳизб низ ҳамин гуна характер дошт. Дар тамоми давраи фаъолияташ шояд ин ҳизб мақсадҳои ғаразнок мепарварид. Инро дар мисоли ана ҳамин гуна ҳамоишоти бемаъно ва беасос метавон мисол овард!

  3. ҲНИТ аслан намехоҳад, ки айбашро иқрор шавад. Аз ин сабаб, беасосу бедалел ва бо ҳар гуна имконот мехоҳад мақомоти Тоҷикистонро, ки бо ҳуқуқи инсон сару кор доранд, муттаҳам созад. “Бой” додани мавқеи сиёсиашро тан намегирад. Пас, афроде мисли Стив Свердлов гӯё барои онҳо “ҳакамони ростқавл”-еро мемонанд, ки сиёсатро ба бозиҳои варзишӣ табдил дода, “одилона ҳакамӣ” мекарда бошанд. Ҳамаи ин, албатта, ифратомез ба назар мерасад.

  4. ҲНИТ на танҳо дар арсаи сиёсат, балки дар арсаи муносибатҳои байналмилалӣ низ мавқеашро пайдо карда натавонист. Бо “усулҳои аврупоӣ” пеш гирифтани мақоми иҷтимоиро шояд аз мақсадҳои аслии худ қарор додааст. Бешубҳа, ин омил ба Стив Свердлов барин иғвогарон чӣ гуна хуш меомада бошад?! Ба андешаи муаллиф сад дар сад розиям инҳо на балки таҳлилгар, балки таҳмилгаро ҳастанду бас!

Leave a Reply to Сафоев Д Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *