Андешаи ботили бадандешонро маҳкум менамоем!

Ҷуҳурии Тоҷикистон тӯли Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла такмили қонунгузории миллӣ расидааст. Аммо хоинони миллат, ки бо ҷурми содир намудани ҷиноят ва ба мақсади саркашӣ кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар давлатҳои хориҷӣ фирор намудаанд ин дастовардҳоро нодида гирифта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна фитнаву дасисаҳоро паҳн мекунанд.

Мисоли равшани он навиштаи Саидюнуси Истаравшани бо номи “Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба роҳ афтода натиҷа медиҳад?” мебошад, ки дар он муболиғаву сафсатагӯиҳои зиёд оид ба мубориза алайҳи дину оин аз тарафи Ҳукумати кишвар ба назар мерасад.  

Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар айни замон марҳилаи рушду тараққиёт ва пойдорнамоии сулҳу суботро аз сар мегузаронад, талош варзида истодааст то дар роҳи тайкардааш муваффақу комгор бошад. Аммо ин пешравӣ ва ободиву озодии миллати моро бархе чашми дидан нокарда, мехоҳанд, ки фазои истиқлоли моро вайрон намоянд. Мо, мардуми бофарҳангу соҳибтамаддун ва қавиирода ҳастем. Ба нафаре чун хоини миллат бар зарари мардум рафторҳои нохалаф кардааст, дар ин марз ва дар миллати мустақил роҳ нахоҳем дод ва афкори он нафаронро ҳатто дар зеҳни худ ҷой ҳам намекунем.

Мардуми азизи мо имрӯз бояд донанд ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст, бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст ва ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст. Ҳамватанони азиз ҳар кадоми Шумо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бояд барои пешравии миллатамон саҳмгузор бошед, зеро ин омил боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдори тоҷик, пойдор мондани истиқлолият хоҳад шуд. Мусаллам аст, ки ҷаҳони имрӯза паи ҳар гуна сиёсатбозиҳост. Аз ин ҷост, ки аз ҳамаи шаҳрвандони баору номус ва меҳанпарасти миллат даъват ба амал меоварам, ки қабл аз ҳама зиракии сиёсии хешро аз даст надода, барои муҳофизати якпорчагии ватан хизмат намоянд. Чӣ хеле, ки аз расонаҳои хабарӣ маълум мегардад, тарафҳои мухолифин ба фикри худ майдони набарди иттилоотро холӣ дида, тавассути он ҳар гуна ахбороти дуруғинро паҳн сохта истоданд. Бад-ин мақсад , ки мардумро тарафи худ кашида, дар миёни онҳо тафриқа эҷод карда истодаанд, ки мо фирефтаи афкори онҳо нахоҳем шуд.

Тоҷикистон мулки соҳибихтиёр, демократи комилҳуқуқ ва ягона мебошад. Сулҳи он пойдор ва ваҳдату ягонагиаш бо талошу заҳматҳои мардуми башардӯсташ устувору ҷовидон хоҳад монд. Зеро ин сарзамину мулки соҳибдилону равшанзамирон аст, мулки озоду обод аст, мулке аст, ки бар ивази ҷони ҷасурмардону ватандӯстон ба мустақилияти воқеӣ шарафёб гардидааст.

Раҷабмуҳаммад Раҷабов,
 устоди кафедраи мтематика ва
технологияи иттилоотии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *