Аз мақолаи Б.Раҳимов: “Фармоишгари ҷинояти мудҳише, ки дар Данғара содир карда шуд, Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович, с.т. 1973, зодаи ноҳияи Фархор, аз соли 1992 узви фаъоли ТТЭ ҲНИ ва аз соли 2012 дар ҷустуҷӯ қарор дорад, мебошад. Соли 2015 ба рӯихати кофтуковии Интерпол ворид шудааст. Ҷинояткор ба падараш Убайдов Саидаҳтам, с.т. 1930, узви фаъоли ТТЭ ҲНИ пайравӣ кардааст. Падараш дар деҳаи Фрунзеи колхози Карл Маркси ноҳияи Фархор зиндагӣ мекард ва мудири анбор буд. Дар даст силоҳ ба муқобили сохти конститутсионӣ ҷангидааст…”
Дар он солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, силоҳбадастон ба ҳеҷ кас раҳме накарда, даст ба ҳар гуна ҷиноятҳои вазнин мезаданд. Матлабе, ки дар расонаҳои хабарӣ интишор шуд, ҳикоят аз он мекунад, ки фармоишгари ҷинояти мудҳише, ки дар Данғара содир карда шуд, Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович, с.т. 1973, зодаи ноҳияи Фархор, аз соли 1992 узви фаъоли ТТЭ ҲНИ ва аз соли 2012 дар ҷустуҷӯ қарор дорад, мебошад.
Мақолаи таҳлилииеро бо номи “Коршиносони ғариҳирфаии рус воқеиятро намебинанд” навиштаи Бахтиёр Раҳимов, корманди илмии Шуъбаи ҷомеашиносии АИ ҶТ мутолиа намуда, ба андешаи муаллиф комилан розӣ ҳастем. Муаллиф дар ин матлаб бори дигар ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИ)-ро ба даст доштан дар ҳамлаи Данғара айбдор мекунад ва хабарнигорону шореҳони рус, аз ҷумла Аркадий Дубнов, Виктория Панфилова, Серенко, Князев ва дигаронро айбдор мекунад, ки ба сабаби қаробати наздикашон бо раиси ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ воқеиятро намебинанд.
Дар мақола бо такя ба маълумоти мақомоти тафтишотӣ бархе иттилооти ҷолиби таваҷҷуҳ дар бораи шахси Ҳусейн Абдусамадов, роҳбари гуруҳи муттаҳам ба қатли сайёҳон ва ҳам дар бораи Носирхӯҷа Убайдов, маъруф ба Қорӣ-Носир, ки фармоишгари ин куштор ном бурда мешавад, оварда шудааст. Ҳамчунин аксҳои асноди бонкӣ, ки чигуна Зафарҷон Сафаров, яке аз ҳамлагарон чанд рӯз пеш аз ҳамла аз Русия ба номи сокини шаҳри Норак Кароматулло Ғаниев пул фиристодааст, низ дар ин мақола оварда шудаанд.
Бахтиёр Раҳимов менависад, ки Қорӣ Носир Ҳусейн Абдусамадовро соли 2013 дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав ба сафи ҲНИ ҷалб кардааст. Қаблан мақомот гуфта буданд, ки Абдусамадов солҳои 2014-2015 ҳангоми “таълими идеологӣ ва диверсионӣ гирифтанаш” дар шаҳрҳои Қуму Мозандарони Эрон бо Қорӣ Носир шинос шудааст.
Рӯзи 29 июл бар асари як ҳамла дар ноҳияи Данғара 4 сайёҳи хориҷӣ кушта шуданд. Масъулияти ин ҳамларо созмони террористии ДОИШ ба дӯш гирифт ва видеоеро нашр кард, ки дар он 5 ҳамлагари Данғара ба “халифа”-и худхондаи ДОИШ Абӯбакри Бағдодӣ байъат месупоранд.
Мақомоти Тоҷикистон ин ҳамларо кори дасти ТЭТ ҲНИ меноманд ва мегӯянд, нашри видеои ба ДОИШ қасам ёд кардани ҳамлагарон “бо мақсади дур кардани гумон аз ташкилоти террористии ҳизби наҳзати ислом, ки фармоишгари асосии амали террористии мазкур мебошад, ташкил карда шудааст.”
Бахтиёр Раҳимов ба воқеаи мазкур бо далелу аснод назар андохта, таъкид менамояд: “Ҳолатҳое мешаванд, ки як ташкилоти террористӣ (ДОИШ) масъулияти ҳамлаи террористии содирнамудаи узви ташкилоти террористии дигарро (ТТЭ ҲНИ), ба хотири аз ҳастии худ дарак додан, нишон додани қувваи собиқа ва муҳиммияти худ, «васеъ намудани» миқёси ҷуғрофии нуфузи, ба зимма мегирад. Вале, маълум аст, ки дар айни ҳол хадамоти махсуси Эрон бренди ДОИШ-ро ҳамчун асбоб ва пардаи пӯшиши ҳадафҳои худ истифода бурда, таҳти ин «чатр» изи фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро, ки нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳамлаи террористии мудҳиш содир намуд ва зери пуштибонии ғоявӣ, маънавӣ ва моли ҶИЭ қарор дорад, пинҳон месозад”.
Боиси нигаронист, ки ҳамаи гуфтаҳои болозикр аз ҷониби ба ном «коршиносони мустақил», ки талош доранд, то аслияти фоҷеаеро, ки дар Тоҷикистон рух дод ва боиси ба ҳалокат расидани сокинони осоишта гардид, инъикос намоянд, пинҳон ва барқасдона таҳриф мешаванд. Вале, маълум мешавад, ки ин мустақилият танҳо аз дурии онҳо нисбат ба ҳақиқат, воқеият, мантиқ ва афкори солим иборат буда, дар фазои ВАО тибқи қонунҳои манфиатҷӯӣ ва муносибатҳои бозаргонӣ ба роҳ монда шудааст.
Мо бояд сари андешаҳои таҳрифкоронаи баъзе расонаҳои хабарӣ андеша намоем ва ҳушёру зиракии сиёсиро аз даст надода, муқобили онҳо садо баланд намоем ва ҳақиқатро ошкоро баён созем, ки ин гуруҳҳои ифтротгаро ва террористӣ чӣ балое ба сари мардуми тоҷик овардан мехоҳанд.
Ҷураев Ҷамолиддин,
мудири шуъбаи бақайдгирии ДИС ДДТТ