АНДЕШАҲОИ МУҒРИЗОНАИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТРО ДАР БОРАИ САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА АВРУПО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Ба ҳама маълум аст, ки сафари Роҳбари давлат ба ин ё он давлат барои рушду тараққиёти он равона гардида, аз он ба манфиати миллат суде ҳасту зараре не, аммо наҳзатиён ва дигар авбошони наҳзатӣ ҳам ин сафарро ҳам бо хости замири сиёҳи худ шарҳ дода, онро гуногун арзёбӣ мекунанд, ки ғалати маҳз мебошад. Зеро онҳо кайҳо боз худро ғулому мутеи хоҷагони хориҷияшон намуда, ҳатто ба хотири пул дину мазҳаби хешро дигар намудааанд, ки аз ин бадтараш барои инсон нест.

Танҳо давлату ҳукумат қодир аст, ки озодӣ ва эҳтиёҷоти мардумро таъмин намоянд. Президенти ҷумҳурӣ ба кулли гуфтаи хеш содиқ мемонад ва ҳамаи онро бечуну чаро амалӣ  месозад. Аммо онҳо берун аз кишвар фирорӣ ҳастанд, берун аз ҳақиқат ва берун аз иродаи мардум мубориза мебаранд.  Чанд рӯз аст, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ сафари Сарвари давлат ба Аврупо паҳн гардида, онро нотавинбинон ва душманони миллати тоҷик бар нафъи хоҷагони хориҷии худ истифода ҳар гуна шарҳ медиҳанд, ки хилофи рафтори инсонигарист.

Албатта, аз нотавонбинон ва душманони миллат, ки барои ду сум пул шуда, ҳуввият ва ҳайсияти худро ба хоҷагони хориҷӣ фурухтаанд амали инсониро интизор шудан номумкин аст. Ин сомона, ки зери ақидаҳои бегонапарстӣ амал мекунад, дар бораи вазъи имрӯзаи кишвар чандин сухан меронад, ки навиштаҳо ба ҳам мувофиқат намекунанд ва зидди ҳам ҳастанд. Пас, ба он чӣ гуна метавон боварӣ пайдо кард, вақте як санадро сад намуд таҳриф мекунад ва боз дар он фикри шахси муаллиф, ё фикри шахсии муассис ва чанд манфиатхоҳро инъикос менамояд.

Ногуфта намонад, ки Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолият дар сиёсати хориҷияш ба натиҷаҳои назаррасе ноил гардид, ки аксарияти кишварҳои собиқ пасошӯравӣ ҳоло дар нимароҳанд. Давлати Тоҷикистон тавонист, ки бо аксарияти давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон робитаи дипломатӣ барқарор кунад, ки дар як муддати кӯтоҳ на ба ҳама давлатҳо даст медиҳад.

ДИЛАФРӮЗ ҲОМИДОВА,
корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *