Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Мо дар робита ба ин кишвари ҳамсояамон Афғонистонро мисол меорем. Айни замон гурӯҳҳои террористии ДИИШ ва ё бо номи «Давлати исломӣ», “Ал-қоида» ва монанди инҳо дар қаламрави Афғонистон барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ ошкоро фаъолият доранд. Тибқи маълумоти коршиносон имрӯз дар ҷаҳон беш аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротгаро, созмонҳои террористӣ ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд. Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар Афғонистон ва умуман дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Воқеан терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Хулоса, ҳамраъйӣ дар мубораза алайҳи терроризм ва экстремизм тақозои замон аст. Дар иртибот ба ин, қайд кардан бамаврид аст, ки Федератсияи Россия дар ин самт ташаббускорӣ зоҳир менамояд. Яъне, бо дарназардошти амалҳои террористӣ, ки санаҳои 1-3 сентябри соли 2004 дар шаҳри Беслани Чумҳурии Шимолии Осетияи Федератсияи Россия руҳдода буд, аз соли 2005 ҳар сол, санаи 3 сентябр чорабинии оммавӣ таҳти унвони “Рӯзи ҳамраъйӣ бар зидди терроризм” ташкил ва гузаронида мешавад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин иқдомҳо, ҷиҳати пешгирии амалҳои террористӣ ва экстремистӣ мусоидат хоҳад намуд. Баробари ин, қайд кардан бамаврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳо дар минбари сатҳи баланди байналмилалӣ, алалхусус зимни суханрониҳояшон дар Паёмҳои хеш пайваста қайд менамоянд, ки “Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад”.
Вобаста ба гуфтаҳои боло, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст. Баробари ин, бояд қайд кард, ки дар айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат нишон додан бар терроризм якчанд конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро оид ба мубориза бар зидди терроризм ташкил ва баргузор намуда, бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуд, ки иродаи кишвари мо алайҳи мубориза бар зидди терроризм қавӣ мебошад.
Чунон ки дар боло қайд карда шуд, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мазкур ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъитияро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта муваззаф гардонидааст. Дар ин раванд, бояд моддаҳои 6 – 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд намудан бамаврид аст, ки дар онҳо бевосита оид ба ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолиятӣ онҳо ва манъ будани ғасбӣ сохтори давлатӣ қайд гардидаанд ва ин арзишҳо арзишҳои оли буда, ба меъёрҳои байналмилали мувофиқат мекунанд ва манъ будани ғасби мусаллаҳонаи давлати ин маънои маҳкум кардани кирдорҳои ҷиноятиро дорад, ки ин маҳфум ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстримистидоштаро дар бар мегиранд. Дар баробари ин, як қатор қонунҳо, аз ҷумла “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” ва “Дар бораи муқовимат ба терроризм” қабул шудаанд, ки дар он мафҳуми экстремизм, терроризм, кирдорҳои экстремистӣ, субъектҳои муборизабаранда, масъулияти дигар сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм дарҷ гардидааст. Қонунҳои мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизм ва терроризмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Тоҷикистониён терроризм ва экстремизмро дар тамоми шаклҳо ва зоҳироташ маҳкум карда, зарурати мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин золимӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ медонанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамаҷониба ҳифз менамояд ва мубориза бурдан ба муқобили терроризм ва пешгирӣ намудани ин ҷиноятро яке аз вазифаҳои асосии худ мешуморад.
Мо, ҷавонон ҳамеша суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмонро пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем ва барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ мекунем.
Ф.ҚУРБОНОВ –
мудири бахши кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ