Имрӯз дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи мактуби Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот аз 23 сентябри соли 2021 таҳти №149(4)-2 бо мақсади амалӣ намудани супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 2021, таҳти №251062 (26.6) вобаста ба баргузор намудани ҳамоишҳои ҷавонони касбу кори гуногун ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намоиши дастовардҳои кормандони ҷавон ҳамоиши ҷавонони соҳаи кооператсияи матлубот таҳти унвони «Ҷавонон пайравони – Пешвои миллат» баргузор гардид.
Дар ҳамоиши ҷавонони соҳаи кооператсияи матлубот сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ва сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Сайдуллоева иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамоишро директори донишкада н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.
Таъкид гардид, ки дар ҳақиқат ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, дар ҳамаи соҳаҳо фаъолияти пурсамар доранд. Имрӯз ҷавонони донишкада бо ташаббускорӣ ва иқдомҳои нек баҳри пешрафти ин боргоҳи таълимӣ ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд.
Дастовардҳои устодон ва донишҷӯёни донишкада хеле назаррас буда, ҳамасола гирандагони Стипендияи Раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби муҳассилин ва олимони ҷавони донишкада меафзояд. Аз ҷумла, гирандагони идрорпулии Раиси вилояти Суғд дар соли таҳсили 2020-2021 аз ҳисоби олимони ҷавон ва донишҷӯёни донишкада ба 27 нафар расид, ки аз ин шумора 6 нафар аспирант, 6 нафар магистрант ва 15 нафар донишҷӯён мебошанд.
Сипас сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода бо маърӯзаи пурмӯҳтаво баромад намуда, аз нақш ва мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ёдрас шуд.
Мавсуф аз ҷавонони пешсафу фаъолони донишкада ёдрас шуда, донишҷӯёнро ба меҳандӯстӣ ва ободонию созандагӣ даъват намуд.
Умедахон Сайдуллоева дар баромади худ аз сиёсати давлатии ҷавонон ёдовар шуда, мавқеи онҳоро дар ҷомеа назаррас арзёбӣ намуд.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш донишҷӯён бо рақсу сурудҳои ҷаззоб баромад ва ҳунарнамоӣ намуданд.