Дар ҳоле ки ҷаҳони муосир ба афзоиши таҳдиду хатарҳои терроризму ифротгароӣ бештар рӯ ба рӯ гардидааст, ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлоли кишвар тақвияти мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуб вазифаи на танҳо мақомоти давлатӣ, балки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Дар атрофи масоили мазкур андешаронӣ намуда, қайд меамоем, ки имрузҳо давлатҳои абарқудрат ва гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатхоҳ ба хотири сарнагун сохтани сохти конститутсионии кишварҳои рӯ ба инкишоф ва қафомонда аз фазои холии иттилоотӣ истифода намуда, кӯшиш менамоянд, ки ба воситаи таблиғи идеология, бахусус тавассути андешаҳои хусусияти динӣ, мазҳабӣ ва фарҳангидошта қишри ҷавонони ноогоҳро ба худ ҷалб намуда, гумроҳ созанд. Сипас, мақсаду ҳадафҳои худро тавассути шаҳрвандони гумроҳшуда дар дохили ҳамон мамлакат амалӣ месозад. Бояд ёдовар шуд,ки ин ҳолатро кишварамон аз оғози солҳои 90-уми асри гузашта дучор шуда буд. Имрӯз бошад бадхоҳони давлату миллат истифода аз афзалияти шабакањои иҷтимоӣ минбардорӣ карда, бо ин васила нисбати давлату миллати кишвари соҳибистиқлоламон иғвову буҳтонҳо мебофанд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки нақши хоҷагони хориҷи ба хоинони миллат, бахусус ТТЭ ҲНИ ва дигар гуруҳҳои ифротӣ то ҳол аз кӯмаку дастгирии идеологӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва ба қудрати молию сиёсӣ расидани бадхоҳони миллат ба мушоҳида мерасанд.
Ин ҳолат далели он аст, ки иддае аз давлатдорони ғарбӣ аз картаи исломи сиёсии минтақавӣ истифода мекунанд, то барномаҳои манофеи сиёсию иқтисодиашонро тадриҷан дар минтақа пиёда созанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо аз таҳлили саҳифаҳои интернетӣ ҳазорон мисол оварда метавонем, ки шахсони манфиатдор бо расмҳои таҳдидангез фазои иттилоотиро зери қабзаи муҳосира гирифта, ошкоро намояндаҳои макомоти давлатию қудратӣ ва фарҳанги миллиро бадном месозанд. Чунин амалҳои ғайриқонунӣ ва зиддиҳуқуқии гурӯҳ ва ё шахсони алоҳида боис мегардад, ки ба манфиатҳои миллии дигар мамлакат зарари ҷиддӣ расонад. Бинобар ин ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд. Маҳз ба ин восита метавон ҳувияти ҷавонону наврасонро тақвият бахшида, онҳоро аз бегонапарастию доми фиреби манфиатдорон пешгирӣ намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ҷавон буда, аз таҳдидҳои иттилоотӣ орӣ буда наметавонад. Имрӯз амнияти фазои иттилоотӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад. Дар ин росто, ҳамаи моро мебояд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишварамон вақт ва заҳмати худро дареғ надорем. Зеро ҷавонони солимақл, соҳибистеъдод ифтихор ва сармояи хушбахтиву саодатмандии ҷомеа мебошанд.
М. Ахмедов, устоди ДИС ДДТТ