ҲАМКОРИИ ТТЭ ҲНИ БО ТАШКИЛОТУ СОЗМОНҲОИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТИИ ҶАҲОНӢ

Таҳлилҳо собит менамояд, ки фаъолияти ташкилоти террористӣ, иғвоангез ва хиёнаткор ҲНИ ва дигар равияҳои ифротӣ имрӯз дар Аврупо қарор дошта, бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳад, боз ба оромиву суботи кишвар халал ворид созанд. Дар ин роҳ онҳо аз ягон амали ҷинояткорона даст намекашанд. Чунончӣ дар асоси маълумоти расонаҳои хабарӣ танҳо дар соли 2020 аз ҷониби сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1091 ҷиноятҳои хусусиятҳои террористӣ-эксремистидошта ошкор ва беш аз 271 нафар аъзо ва тарафдорони равияву гурӯҳҳо дастгир шуданд. Аз ин шумора “Ҳизби наҳзати ислом”- 17 нафар ,”Бародарони мусулмон”-148 нафар, ”Давлати исломии Ироқу Шом”- 39 нафар, ”Гурӯҳи 24” -8 нафар ва “Ал –Қоида”-3 нафар ҷиноят содир намудаанд. Воқеан ин ташкилоту равияҳо, истеҳсолкунандагони асосии режимҳои экстремистӣ, террористӣ дар Шарқи мусулмонӣ мебошанд. Солҳои охир собиқ аъзоёни ҲНИ бо намояндагони ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии “”Давлати исломии Ироқу Шом”, “Ал –Қоида” ”Бародарони мусулмон” ва дигар равияҳои ифротӣ ҳамкориро ба роҳ монда, аъзоёнаш дар задухӯрдҳои Сурияву Ироқ иштирок намудаанд ва оқибат садҳо нафарашон ба ҳалокат расидаанд. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки тибқи хабаргузории “Интерфакс”-и  Федератсияи Русия бо такя ба мақомоти курд иттилоъ медиҳад, ки беш аз 150 ҷангҷӯйи гуруҳи тундрави ”Давлати исломии Ироқу Шом”-ро дастгир кардаанд, ки дар он беш аз 400 зану кӯдаки тоҷик дар паноҳгоҳҳои Сурия нигаҳдорӣ мешаванд.

Вазъи имрӯзаи бамиёномада тақозо мекунад, ки ҳар яки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд. Зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

                                                               ҶУМАЕВ А.Қ.,

мудири кафедраи молшиносӣ ва

                                              фаъолияти гумрукӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *