Ҳамкориҳои самарабахш бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Панҷшанбезода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумъахон Файзализода ва сардори Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуқра Аҳмадова ба китобхонаи ДИС ДДТТ ташриф оварда, аз шароит ва махзани китобхонаи илмии донишгоҳ дидан карда, бо захираи китобҳои чопиву электронии китобхона аз наздик шинос шуданд.

Ҳадаф аз боздиди меҳмонон ҷамъоварии асарҳои олимони донишкада, докторантону донишҷӯён, маводи конференсияҳо, маҷмӯаи мақолаҳо, монографияҳо, инчунин ҷамъоварии маводи чопиву электронӣ ва муаррифии асарҳои олимону муҳаққиқон арзёбӣ карда мешавад.

Зимни шиносоиву боздид аз китобхонаи донишкада меҳмонон хостори густариши ҳамкориҳои минбаъда бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Ҳамкориҳо барои муаррифии асарҳои олимону устодон ва муҳаққиқон заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Ҳамчунин меҳмонон ба китобхонаи электронии донишкада ташриф оварда, оид ба фаъолияти ин махзани илму маърифат ошно гардиданд. Миқдори муайяни китобу асарҳои олимону муҳаққиқони донишкада ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *