Ҳамкориҳо густариш меёбанд!

Аз номи раёсати Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба капитани Хадамоти гумрук, нозири калони шуъбаи Ташкили назорати гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Бузургмеҳри Сунатулло дар ҳузури муовини якум ва сардори кадрҳои Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд Сипоснома супорида шуд.

Ҳамчунин Сайдуллоев Фахриддин Абдуазизович, мудири бахши Равзанаи ягонаи Раёсати минтақавии гумрукӣ аз ҷониби мудири кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ н.и.и. Ҷумъаев А.Қ. ва устодони кафедра Игамназаров Н.И. ва Саидов М.М. барои иштирок ва саҳмгузорӣ дар вохӯрӣ бо донишҷӯёни ихтисоси 96010102-таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукии ДИС ДДТТ бахшида ба 20-солаи омӯзиш ва рушди  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф оид ба мавзӯи “Системаи Равзанаи ягона-омили рушди иқтисодиёти рақамӣ” бо сипоснома сарфароз гардонида шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *