Дар шабакаҳои марказии телевизионӣ намоиши филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»-ро ҳар бинанда, ки дидан кард, аз кирдорҳои нангини хоинони миллат хабардор мегардад. Намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш мехост бар зидди давлату миллати тоҷик исён бардошта, Тоҷикистони соҳибистиқлолро дубора ба вартаи бало андозад. Аз гуфтаҳои пайравону ҳаммасалаконаш бармеояд, ки вай танҳо барои манфиатҳои худ мубориза мебарад.
Миллати тоҷик дар солҳои 90-уми асри гузашта бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ аз тарафи ашхоси мансабдор ба ҳодисаҳои нангину сангин дуҷор гардид. Ҷанги бародаркуш аланга зад. Онҳое, ки худро мусулмони боимон метарошиданд, имонашонро фурухта, хиёнат ба дину ақоиди худ намуданд, ба сари мусулмони бародари хеш яроқ бардоштанд. Мардуми бечора фирорӣ гашт. Ба ватани бегона рафта ҷон ба саломат бурд.
Фарзанди содиқи Ватан Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро бо овоздиҳии вакилони мардуми ба даст гирифт, савганд хӯрд, ки ҳамватанонашро аз балои ба сарашон омада озод намуда, ба онҳо сулҳи ҷовидони меорад. Ҳамчунин ӯ ба ваҳдати миллӣ поягузорӣ намуд.
Ашхосҳое, ки мехостанд бо роҳи табаддулотӣ давлатӣ ба сари мансаб оянд, тарки Тоҷикистон намуданд, ба мақсадҳои ғаразнокӣ хеш нарасиданд.
Боварӣ дорем, ки шаҳрвандони кишвар пас аз тамошои ин филми ҳуҷҷатӣ бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳкимбахши касби хеш гашта, дар корҳои созандагиву ободкорӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик ҳадафҳои нопоки хоинони миллатро маҳкум намуда, таҳти раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдати миллии тоҷиконро ҳамҷун арзишҳои бисёр муқаддас шуморида, онро яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият меҳисобанд.
Орзуманди онем, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар сарзамини Тоҷикистони соҳибистиқлол абадӣ бошад.
Ҷумъаев С.О.