Амалҳои иғвогаронаи ТТЭ ҲНИ-ПМ

         Мо омӯзгорони кафедра зимни мақолаву изҳоротҳои хеш борҳо доир ба фаъолияти зиддидавлатии раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони собиқ ҲНИ, алҳол ТТЭ ҲНИ- “Паймони миллӣ…” ном дорад, бо санаду далел ва мисолҳои зиёдро изҳор доштаем. Ин навбат низ нисбати амалҳои ин беватанон, ки бо пуштибонии хоҷагонашон аз хориҷи кишвар истода, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаҳои ифротиашон   садо баланд менамоянд, бори дигар шадидан махкум менамоем.

          Зимни изҳороти навбатии хеш бояд қайд кард, ки  ягона роҳ барои фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мондааст, ки имрӯз раҳбарияту пайравонаш аз ин имконият муфт истифода бурда, бо навбат дар барномаҳои ифротиашон  ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд ва тудаи фейкҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ љой дода, гӯё «адолату ҳақиқатро»-ро ба мардуми тоҷик мефаҳмонида бошанд.

      Мушоҳидаҳо собит менамоянд,ки аз рафтору гуфтори ин гуруҳи бюадхоҳи ифротгар ҳама безоранд, ба ғайр аз хоҷагонашон. Умуман инҳоро ҳар як раҳгузари аврупоӣ аз беақлон медонанд. Ва мо низ чунин мешуморем. Хулоса мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии ин хоинони миллат бовар намекунанд ва муқобили ин гуна ашхосони мубориза мебаранд, ки нақшаҳои ифроткоронаи онҳо амалӣ нагардад ва онҳо заррае ҳам ба Тоҷикистони биҳиштосо таъсир расонанд.

      Дар интиҳои изҳороти хеш, хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, бахусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини Исломро бо терроризм айният медиҳанд худдорӣ намоянд. Зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад.

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *