Имрўз инсоният дар рў ба рўи як қатор проблемаҳои ҷаҳонӣ қарор дорад, ки ҳалли онҳо кори ҳамаи давлатҳои ҷаҳон аст. Инҳо проблемаҳои амнияти аҳолии кураи Замин, болоравии экстремизм ва терроризм, афзудани таъсири давлатҳои абарқудрат ба мамлакатҳои хурду вобаста, таъмини аҳолӣ бо оби нўшиданӣ ва ғизо, танзими проблемаҳои демографии аҳолӣ ва ғайра мебошад.
Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба худ касб намудааст, суръатёбии раванди радикализм (тундгароӣ), ифротгароӣ ва терроризм ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд.
Тамоми давлатҳои дунё имрўз аз хатару паёмадҳои терроризм дар ташвишанд ва бар зидди ин падидаи хавфнок муборизаи дастаҷамъона мебаранд.
Дар ҳама давру замон гурўҳҳое ёфт мешаванд, ки пешравии миллату давлати хешро намехоҳанд ва ба ҳар роҳу восита мехоҳанд сулҳу субот ва оромиро халалдор созанд. Аз ҷумлаи ҳамин гуна гурўҳҳои хавфнок ва мақсадҳои ғаразнокдошта ҳизби наҳзат ба ҳисоб меравад, ки кораш фақат иғвогарию дурўғгарист.
Имрўз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб дарк кардаанд, ки ҳизби мамнўъи наҳзат ниятҳои ғаразноку нопок дорад.
Миллати тоҷик сулҳу оромӣ ва Ваҳдати комилро бар ивази азияту заҳмати сангин ва кўшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овард.
То ҳол ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта аз хотири мардум дур нашудааст ва сулҳу субот, оромӣ барои тамоми мардуми тоҷик азизу муқаддас аст.
Амалҳои хоинонаи Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ўро мардуми тоҷик пайваста ва доимо маҳкум мекунад. Гузашта аз ин, тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шудааст.
Дуруст аст, ки фаъолияти ин ҳизб дар қаламрави мамлакат боздошта шуд ва он ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ эълон гардид. Зеро амалҳои ҷиноии ин гурўҳ ба ҳамагон маълум аст.
Барои ҳар яки мо сулҳу оромӣ, суббот азиз аст. Мо бояд ба ин неъмати бебаҳо расида, истиқлолияти комилро ҳифзу муқаддас дорем. Нагузорем, ки нохалафе ба сулҳу суботи комили миллати мо халале расонад.
Амалҳои хоинонаи Муҳиддин Кабирӣ ва тарафдорони ўро шадидан маҳкум намуда, ҳизби наҳзатро ташкилоти террористию экстремистӣ эътироф мекунем.
Бурҳонов Саидолим
ассистенти кафедраи тиҷорат
ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ