Амалҳои экстремистию террористии гурӯҳи харобкор ва тундрави ДИИШ-ро маҳкум менамоем!

Аксарияти ањолии Тољикистонро љавонон ташкил медињанд, ки онњо давомдињандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерўи созанда ва иќтидори воќеии пешрафти љомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Татбиќи босамари сиёсати давлатии љавонон аз рўзњои нахустини соњибистиќлолї дар мењвари фаъолияти Њукумати Тољикистон ќарор дорад. Љавонон бояд аз њама ќишрњои љомеа фаъол бошанд, рамзњои давлатї, муќаддасоти миллї, дастовардњои Истиќлолиятро њифз кунанд, амнияти давлат, шарафу номуси ватандориро њимоя карда худро аз њама хафу хатарњои номатлуби љањони муосир эмин нигоњ доранд.

Имрўз терроризм ва экстремизм њамчун вабои аср ва амнияти љањон ба њар як сокини сайёра тањдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоњи ядроиро ба миён овардааст. Терроризм ва ифротгарої ин барангезандаи низои миллї, иљтимої ва динї мебошад, ки ќурбони он дар ин ё он минтаќа асосан љавонон мегарданд. Бинобар љавонон дар њар љое, ки бошанд, бояд њисси баланди миллї ба Ватан, миллат, давлати соњибистиќлоли худ ва забону фарњанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои њимояи онњо њамеша омода ва њушёру зирак бошанд.

Тарбияи шахсиятњои донишвару ватандўст, соњибкасбу њунарманд ин вазифаи аввалиндараљаи мактабу маориф мебошад. Ба насли ояндасози миллат пеш аз њама дарк кунондан лозим аст, ки терроризм ва террористиро ба худї ва бегона, ашшадї ва ислоњгаро, хубу бад људо кардан мумкин нест. Террорист Ватан, дин, мазњаб ва миллат надорад. Аммо расидан ба ояндаи нек танњо бо суханони шифоњї, ифтихори забонї муяссар намешавад. Дар ин роњ самимият, масъулиятшиносии бузург, нерўи эљодиву хиради инсониро дареѓ надоштан нисбат ба фаъолияти њамдигар бетараф набудан лозим аст. Бояд дар љавонон ва насли ояндасози миллат, завќи забономўзї, хондани адабиётњои бадеї, шунидани васоити ахбори омма, интихоби дурусти касб барои ояндаи дурахшонро бедор намуд.

Барои пешгирии ин бояд маърифати динӣ ва сиёсии мардум, хоса ҷавононро баланд бардошт. Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми бисту ҳашт соли истиқлолияти давлатӣ бо сарварии оқилонаи Президенти кишвар бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо мардуми шарифи Тоҷикистон таҳкурсии давлати сохибихтиёрро гузошт ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намуд: таъмини истиклолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба самтхои стратегии сиёсати давлат табдил дода шуд. Хамзамон ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқро пайгирона амалӣ карда истодаем.

Имрӯз, ҳангоме. ки мардум дар фазои мусбии тағйирёфтаи сулҳу субот ва оромию таъмини амнияти мардум ҳаёт ба cap мебаранд, мебояд, ки ҳамагон риояи қонунҳои давлатро қатъиян риоя намоянд.

Аммо мутаасифона, қувваҳои аҳриманӣ – афроди курдилу хоинони Ватан, аъзоёни ташкилоти террористии «Давлатӣ исломӣ» берун аз кишвар дар манотиқи гуногун бо дастгирии молиявии хоҷагони худ бо ҳар роҳ тафриқаандозӣ намуда, бо ҳар роҳу усулҳо дар фаъолияти худ кӯшиш доранд мардумро ба роҳи ғафлат ва гумроҳӣ андохта, садди роҳи пешрафту амну осоиши кишвар гарданд.

Онҳо боз мехоҳанд бо дастгирии бевоситаи бадхоҳони дохилию хориҷӣ халқамонро ба нооромӣ кашида, пояҳо ва рукнҳои давлатдориро фалаҷ гардонида, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд оваранд.

Чунон ки бори дигар исбот мешавад, душманони миллат доимо ва бо ҳар восита кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар мамлакат самти босуботи рушд ва пешравӣ боздошта гардад. Албатта ба ин кор онҳо ҳеҷ гоҳ муваффақ, нахоҳанд шуд.

Гурӯҳи иртиҷоию ифротӣ дар рӯзи Конститутсия барои тира кардани зиндагии бофароғати мардумамон омодагӣ диданд. Ҳадафи асосии онҳо ба харобӣ кашидани кишвар аст ва дар ин роҳ ба ҳар рафтори ношоям, аз ҷумла даст ба амали ғайриинсонӣ мезананд.

Натиҷаи муноқишаи шадиди мусаллаҳона боиси марги ду тан марзбони ватандӯсту содик, диловару боҷасорат гардид. Аз ин рӯ мо бояд аз он хулосаи зарурӣ бардорем. Ин бори дигар далели он аст, ки ба қазияи Тоҷикистон сарону саркардагони хориҷӣ бетараф нестанд. Аз ин рӯ, ҳодисаи мазкур бояд тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро сари андешаи чиддӣ оварад.

Мо аз мардуми ватандӯсти мамлакат даъват ба амал меоварем, ки барои нигоҳ доштани якпорчагии кишвари азиз саъю талош ба амал оваранд. Дар ин маврид дарки вахдату якпорчагии ватан хеле муҳим аст.

Мо дар ин лаҳзаҳои барои кишвар ҳассосу муассир аз ҷавонмардии ду корманди низомӣ ифтихор мекунем, зеро онҳо барои зиндагии осоиштаи мо, таъмини низому тартиботи давлат ҷони худро фидо карданд.

Дар ин ҳодиса ба Мақомоти корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ имкон даст дод, ки дар сарозер кардани амали нангини террористони ҳамлагар накши муҳим бозанд ва 15 аъзои ташкилоти террористии «Давлати исломӣ»-ро дар қаламрави ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рудакӣ безарар гардонанд ва 5 нафари дигарро дастгир намоянд.

Бори дигар равшан гардид, ки ин амали экстремистию террористӣ ба гурӯҳҳои харобкор ва тундрави “Давлати исломӣ” ва ДОИШ мансуб будааст. Мо шадидан рафтори нангини ин гурӯҳҳои ифротиро маҳкум менамоем.

Таърихи давлатдории навини тоҷикон ин ҳакиқатро ба хубӣ собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерӯи солиму тавоно аст. Аз ин рӯ, мубориза бо ин вабои аср на танҳо вазифаи давлату мақомотҳои қудратӣ аст, балки вазифаи ҷонии ҳар узви ҷомеа мебошад. Мо бояд худшиносу худогоҳ бошем ва барои ободии Тоҷикистони азиз сарбаландона хидмат намоем.

Олимӣ Рауф Латифзода,

Директори ДИС ДДТТ,

Абдуғафур Қаюмов,

 муовини директор оид ба таълим

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *