АМАЛҲОИ БАДХОҲОНА ВА МУҒРИЗОНАИ  ТТЭ ҲНИ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР

 

Дар ин давраи ҳассосӣ ҳаёти ҷамъиятӣ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем. Мо бори дигар итминон пайдо менамоем, ки он ҳама талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву истиқлолият чун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовид пайдо намудани суннатҳои пурқиммати таърихиву фарҳангӣ ва забону адаби ғановатманди мо гардиданд.

Дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фарогатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни накдиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати чудоихохӣ, ифротгароӣ ва игвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд.

Яке аз ин ҳизбҳои зиддидавлатӣ – ТТЭ ҲНИ мебошад. Амали хиёнат дар арзишҳои ахлоқии инсоният бадтарин амал аст, зеро хиёнат ҳамаи арзишҳои инсониро ботил месозад ва нафари хоин сифати инсониро аз даст медиҳад.

Роҳбарони ТТЭ ҲНИ ҷоҳталобонаю мақомхоҳона аз дини мубини ислом сӯистифода карда, аз худ чеҳраҳои сиёсию мушкиосонкун вонамуд мекарданд. Вале дигар аҳли ҷомеа найрангҳои ТТЭ ҲНИ –ро медонанд. Наҳзатиҳои фирорӣ то имруз дар Аврупо иқомат дошта аз миллату мазҳаб ҳарф мезананд, вале боз хиёнатро ба миллату мазҳаб мекунанд. Хиёнати ТТЭ ҲНИ ба миллат он аст ,ки ба хотири манфиатҳои молияви иродаи кишварҳои бегонаро зидди милату ватани худ амалӣ мекунад.

                                                     Файзиева Д.,

муаллимаи калони кафедраи

забонҳои  тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *