Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Мутаассифона, афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, созмонҳои экстремистиву террористӣ ба мисоли Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), ки иштироки онҳо дар низоъои дохилии Ҷумҳурии исломии Афгонистон ва баробари ин имрӯзҳо дар қаламрави кишвари ҳамсояамон содир намудани амалҳои террористӣ ба назар мерасанд. Амалҳои мудҳиш дар кишвари ҳамсоя асосан дар замони суқути ҳаракти “Толибон”бештар ба назар мерасанд,ки яке аз омилҳои афзудани он миқдори муайяни ҷангҷӯёни ДИИШ аз зиндонҳо озодшуда мебошанд. Вобаста ба масъалаи маблағгузории ДИИШ-ро коршиносон муҳокима намуда, ҳисоб кардаанд, ки даромади террористон аз Афғонистон танҳо 30 фоизи хароҷоташонро мепӯшонад ва 70 фоизи дигар бошад ба буҷаи ДИИШ аз хориҷ ворид мегардад. Мақсади асосии гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодӣ аст.
Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи амалиёти террористӣ шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида,бештари занон бо кӯдаконашон диёри хешро тарк намуда, ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуреза шудаанд. Он чи бар сари халқи Афғонистон омад, моро бетарафу ором гузошта наметавонад. Дар робита ба ин, қайд кардан зарур аст, ки иқдомҳои пайвастаи ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни музокироти сатҳи олӣ дар доираи нишасти созмонҳо ва мулоқот бо роҳбарони давлатҳо, аз мавқеи Тоҷикистон дар масоили эътидоли вазъ дар Афғонистон пуштибонӣ карда, мавқеи худро ошкоро баён намуданд ва эълон доштанд, ки ҷонибдори ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми неруҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тоҷикон, дар ин кишвар аст. Хулоса кишвари мо ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон ва эҳёи сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар мебошад.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ