Мо ҳамарӯза тавассути васоити ахбори омма мешунавем, ки дар ин ё он давлати мусулмонӣ, бахусус имрӯзҳо дар қаламрави Афғонистон амали террористие рух медиҳад, ки дар натиҷа теъдоди зиёди одамони бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакону ҷавонон қурбонӣ мешаванд. Имрӯз дар ҷаҳон садҳо ҳизб, созмон ва ҳаракатҳои иртиҷоӣ номи исломӣ гирифта, барои ба сари қудрати сиёсӣ ва ҳокимияти давлатӣ омадан неруҳои имониро дар ҳамин самт суиистифода мекунанд. Чунончӣ, созмонҳои террористӣ, ба мисоли ДИИШ, Ал-Қоида, ки бо истифода аз вазъу шароити баамаломадаи Афғонистон ҷиҳати амалӣ кардани мақсаду ҳадафҳои ғайриинсонии худ бо ҳар роҳу васила маҷсади ғаразноки худро амалӣ созанд. Бинобар ин, бояд дар ёд дошта бошем, ки ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки дар ҳама давру замон ба инсонҳо хавфу хатари ҷиддиеро ба миён овардаву меоранд. Таҳлили ҷараёни вазъи вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти ифротгароӣ гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналмилалӣ ба минтақа таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва глобалӣ пайдо мекунад. Дар иртибот ба ин тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зимни суханрониашон, аз ҷумла дар Паёми навбатиашон аз 23.12.2022 иброз намудаанд, ки: имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд. Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дар чунин шароит Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад. Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад дошт. Мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ мекунем.
Хулоса, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳудуди кишвар ва ҷаҳон ташкил додани системаи муассири мубориза бар зидди экстремизмро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад. Бо такя ба таҷрибаи сулҳофарии худ мо баробари муборизаи беамон бар зидди терроризму ифротгароӣ тарзу усули ҳалли осоиштаи муноқишаву низоъҳои замони муосирро дар чаҳорчӯби меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътирофгардида қотеона ҷонибдорӣ мекунем. Барои мубориза бурдан бо ин падидаҳои зишт дастаҷамъона мубориза бояд бурд. Моро мебояд, пайваста дар пайи омӯзиш ва аз бар кардани донишҳои замонавӣ бошем ва ҳеҷ гоҳ майли ворид шудан ба ин ё он гурӯҳу созмонҳои ифротиро накунем, ки бешак ин худ як навъ пешгирӣ ва зарбаи сахтест ба ҳадафҳои нопоки афроде, ки ин гурӯҳу созмонҳоро сарпарастӣ ва роҳбарӣ мекунанд.
Ф. МАМАДҶОНОВ ,
устоди ДИС ДДТТ