Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки суръат ёфтани равандҳои сиёсӣ, бархӯрди андешаҳо, гуногунфикрӣ, зиддиятҳои иҷтимоӣ ва бӯҳронҳои ҷомеаҳои гуногун инсониятро дар руёрӯи чолишҳои мураккаб қарор додаанд. Дар иртибот ба ин мушкилот гоҳҳо объективона ва гоҳҳо субъективона дар вобастагӣ ба вусъати тафаккур ва сатҳи ҷаҳоншиносию ҷаҳонбиниашон рӯи кор меоянд. Масалан солҳои охир роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакаш Муҳаммадиқболи Садриддин, бахусус аз имконияту афзалиятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, бештар дар барномаи “Пайванд” ва “Минбари муҳоҷир”а, бо иғвоҳои ҳамешагӣ ва матлабҳои бадномкунанда баромад менамояд. Ин барномаи ифротӣ ҳамеша аз дасиса ва таблиғи ташкилотҳои террористие, ки дар Тоҷикистон мамнӯъаст мавод нашр мекунад. Ин барнома аз оғози фаъолияташ бо найрангбозиҳову дассисаҳо ва роҳандозии маълумотҳои бардуруғ мехоҳад давлату миллати моро ба вартаи нобудӣ барад. Дар аксар дасисаҳои ин барнома маводе ба мушоҳида мерасад, ки бо нашри матлабҳои гуногуни беасос афроди зикршуда мехоҳанд кишвари моро зери таҳдиду танқид қарор диҳад. Воқеан аслу ҳaдaфи роҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони ТТЭ ҲНИ aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд, aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, aмaлиётҳои ифротгароиву террористии худро бaҳри бa дaст овaрдaни ҳокимият бо дини мубини Ислом пaрдaпӯш кaрдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудaн ҳaрaкaт дорaнд.
Дар интиҳои андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, иброз медорем, ки ки роҳи имрӯзу фардои миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамон ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб карда шуд. Роҳбару пайравони ТТЭ ҲНИ мақсадашон ноором кардани сулҳу суботи кишвари мо аст ва дигар коре надоранд.
Мо омӯзгорон ҳамарӯза, баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон, решакан намудани ғояҳои ифротгароии ТТЭ ҲНИ, бар зидди иблисрӯён, ба монанди Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва думравонаш муборизаи беамон мебарем.
Д.Шарипов ,
устоди ДИС ДДТТ