Дар асоси Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 23.01.2015 сол ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд, ки «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.
Вале, терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст».
Аз ин рў, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакатро вазифадор карданд, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа тадбирҳои
иловагӣ андешанд.
Таъсири манфии ин зуҳуротҳои номатлуб бахусус пас аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ва ба даст овардани истиклолияти давлатӣ дар Осиёи Марказй баръало зоҳир шуд. Аз шароити номусоид ва ноустувории давлатҳои тозаистиқлол, аз ҷумла, Тоҷикистон истифода бурда, ба кишвар нерўи бунёдгарои исломӣ ва ифротгароӣ роҳ ёфта, ба таблиғу ташвиқ, ва амалӣ намудани ақидаҳои ифротгароёнаи худ шурўъ намуданд.
Дар сафи пеши ин гурўҳҳои ифротгароӣ қабл аз ҳама иттиҳоди ҷиноии экстремистию террористии «Ансоруллоҳ», «Харакати Исломии Туркистон», «Ҷабҳат-ун-Нусра», «Давлат-ул-Ислом»,«Ҷамоати Таблиғ», «Ҳизб-ут-Таҳрир», равияи «Салафия» ва ғайраҳо қарор доранд, ки бо дар васила ба ташвиқу тарғиби ғояҳои ба мардуми мо бегона кўшиш карда истодаанд.
Худ қазоват кунед, ғояи асосии ин иттиҳодияҳои ҷиноӣ ноором кардани вазъи сиёсиву ичтимоии давлат ва ҷомеъа, дигаргун намудани сохти конститутсионии кишвар, маҳв кардани арзишҳои умумибашарӣ ва урфу одатҳои миллӣ буда, баҳри расидан ба мақсадҳои ниҳоии худ онҳо дар зери ниқоби дини мубини Ислом ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз қабили бо истифодаи зўроварӣ дигаргун кардани сохти конститутсионии давлатҳо, ноором намудани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, кушторҳо, ғоратгарӣ ва ғайраҳо даст мезананд.
Бархақ, Ҷаноби Олӣ дар Паёми соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст қайд намуданд, ки «Террорист – дин, мазҳаб ва миллат надорад».
Ҳеҷ вақт дини мубини Ислом мусулмононро ҳидоят ба содир кардани ҷиноят накардааст.
Баръакс дар оятҳои Қуръони Маҷид ва дигар ҳадисҳо «сухани нек гуфтан», «ба паймони хеш вафо кардан», «адл намудан», «ёрӣ расонидан ба мўҳтоҷон», «таҳаммулпазирӣ» ва «некўкорӣ» – аз хислатҳои неки инсон пазируфта шудаанд.
Дар баробари он «золимӣ», «ситамгарӣ» ва «хиёнаткорӣ» аз хислатҳои бади инсон дониста шуда, Ислом покизагӣ, росткорӣ ва ростгўиро талаб менамояд. Дар Қуръони Карим даъват ба кинаву адоват ва ё нигоҳи бадбинӣ барои боварӣ ба динҳои дигар ва даъвати ҷанги динӣ ҷой надорад.
Ислом бо терроризм ягон алоқамандӣ надорад. Ҳатто Ислом одамонеро, ки мусулмон нестанд, вале бо мусулмонҳо дар муҳити сулҳу осоиш зиндагӣ мекунанд, дахлнопазирии ҳаёт ва молу мулки онҳоро эътироф намудааст.
Сўиқасд ба ҳаёти шахсони бегуноҳ – гуноҳи азим ба ҳисоб меравад, дар сураи «Моида» ояти – 32 омадааст:
«Ҳар ки касеро ба ғайри ивази касе ва (бо ғайри) фасод дар замин бикушад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо кушта бошад, ва ҳар ки сабаби зиндагонии касе шавад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо зинда сохта бошад».
Яъне, инсоне, ки кўшиши аз ҳаёт маҳрум кардани шахси дигарро мекунад ва бар зидди талаботи Қуръон амал мекунад гуноҳи азиме мегирад, баробари куштори тамоми одамон мебошад.
Аз соли 2006-ум инҷониб бо пешниҳодҳои Прокурори генералӣ аз ҷониби Суди Олӣ фаъолияти 17 ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, аз он ҷумла:
-Ҳизбҳои «Хизб-ут-Таҳрир» (19.04.2001 с., 11.03.2008с.),
-«Ҳизби Исломии Туркистон», собиқ; «Ҳаракати исломии Узбекистан» (30.03.2006 с.);
– Ҳаракатҳои «Ал -Қоида» (30.03.2006 с.),
-«Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ» (30.03.2006 с.),
-«Толибон» (30.03.2006 с.),
– «Бародарони Муслим» (30.03.2006с.), «Лашкари Тайба (30.03.2006 с.), «Даъват ба Ислом» (30.03.2006 с.), «Тоҷикистони озод» (30.03.2006 с.),
«Гурўҳи 24» (09.10.2014 с.), «Давлатӣ Исломӣ» (ДИИШ) (14.05.2015 с.) ва «Ҷабҳат ан Нусра» (14.05.2015 с);
-Ҷамъиятҳои «Ҷамъияти Таблиғ» (30.03.2006 с.) ва «Сохтмони Таблиғот» (30.03.2006 с.);
– Ҷамоати «Ансоруллоҳ;» (03.05.2012 с.)
– Гурўҳи исломии «Ҷамъияти Исломи Покистон» (30.03.2006с),
– Равияӣ динии «Салафия» (08.01.2009 с., 08.12.2014 с.)
Солҳои охир ба ташкилотҳои террористию экстремистии мазкур гаравидани сокинони кишвар, ҷалб ва интиқоли ҷавонон ба ҷумҳуриҳои исломии Покистон, Афғонистон, кишварҳои Сурия ва Ироқ барои иштирок дар муноқишаҳои мусаллаҳона, ташвиши аҳди ҷомеъаро ба бор оварда, воқеъан ба амнияти миллӣ ва ояндасозии кишвар таҳдид мекунад.
Вазъияти ба амаломада аз ҳамаи мо талаб мекунад, ки дар ин давраи ҳассос зиракии сиёсиро аз даст надода дар ҳамкорӣ, баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгароӣ, иштироки онҳоро дар задухўрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо пешгирӣ намоем.
Юнусова Онаой Мақсудовна
н.и.ҳ., дотсенти кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ