Ифротгароӣ аз зумраи ҳаводиси даҳшатноки ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, оқибатҳои фалокатбори он сокинони сайёраро ба ташвиш овардаанд. Мутаассифона, дар бархе аз мамолики дунё бар асари содир гардидани амалиёти террористӣ даҳҳо ва садҳо нафар мардуми осоишта ба ҳалокат мерасанд. Ин ҳама натиҷаи пайравӣ аз равия, афкору омоли ифротгароёнаи гурўҳҳои террористии «Давлати исломӣ», «Ал-Қоида», ҳаракати «Толибон» ва монанди инҳоанд.
Тоҷикистони куҳандиёр дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва дар марзи тамаддунияти азимтарини дунё қарор дорад. Мусаллам аст, ки ҷараёнҳои ифротӣ саъй мекунанд, то идеологияи харобиовари худро дар давлати навбунёди мо пиёда намоянд. Мутаассифона, ҳанўз ҳам баъзе ҷавонони кишварамон ба доми фиреби ин гурўҳҳои ҷиноятпеша афтода, рўзгори осудаву ором, Ватани ободу шукуфон, падару модар ва ҳамсару фарзандони худро тарк намуда, ба онҳо пайвастаанд.
Чӣ ҷои пинҳон кардан, онҳое, ки ба доми гурўҳҳои ифротгаро афтодаанд, дониши казоӣ надоранд ва аз фармудаҳои дини мубини ислом фарсахҳо дуранд. Чуноне ки Муҳаммади Ҳиҷозӣ мефармояд: «Ҷавонони саргашта ва ошуфта хонаводаро мегузоранд ва аз ину аз он… таманнои меҳру муҳаббати бериё мекунанд, ѓофил аз онанд, ки он чӣ меҷўянд, дар дили падару модар ва дар хонавода асту бас». Мутаассифона, ҷавонони кўтоҳандеш ин ҳикматро сарфи назар мекунанду худро ба вартаи ҳалокат меафкананд.
Табиист, ки ҷомеаи мо наметавонад нисбат ба чунин зуҳуроти номатлуб бетараф бошад ва тамоми саъю кўшиши хешро ба он равона менамояд, ки пеши роҳи ин ҷараёни хатарнок гирифта шавад.
Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми охирини хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин зикр намудаанд:
«Дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст, мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рўзе нест, ки сокинони ин ё он гўшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд.
Бо вуҷуди чунин вазъ дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духўрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст.
Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мубориза алайҳи ҷиноятҳои марбут ба терроризму экстремизм таҳти назорати ҳамарўзаи мақомоти дахлдор қарор дошта, бо мақсади ошкор ва пешгирӣ кардани ҳолатҳои шомилшавии шаҳрвандони кишвар, бахусус, ҷавонон ба гурўҳҳои террористиву экстремистӣ ва иштирок дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ ҳамаи тадбирҳои зарур ба амал ҷорӣ шуда истодаанд.
Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик аз қадим дорои фарҳанги воло ва ҳасанаи ҳамдигарфаҳмӣ буда, ба ѓояҳои тундгароёна майл надошт. Ин хусусияти тоҷикон ҳам дар марҳилаи тоисломӣ ва ҳам дар марҳилаи исломии таърихи миллат ба мушоҳида мерасад.
Паҳлўи ҳуқуқии сиёсати давлат оид ба мубориза бо ифротгароӣ, пеш аз ҳама, тавассути татбиқи қонунгузории амалкунанда роҳандозӣ мешавад, ки дар маҷмўъ асосҳои меъёри ҳуқуқро барои пешгирии он ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор фаро гирифтааст. Ба тасвиб расидани «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016–2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №776 аз 12 ноябри соли 2016 тасдиқ шудааст, заминаи ҳуқуқии муқовимат ба ифротгароиро боз ҳам қавӣ гардонд. Аммо, бояд дарк намуд, ки мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризм танҳо дар сатҳи муборизаи меъёрӣ ва татбиқи таъсиррасонии ҷиноӣ ба итмом намерасад. Дар ин паҳно васоити иловагӣ ва унсурҳои мухталифи идеологӣ, ахлоқӣ, мафкуравӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва ҳатто динӣ низ шарт ва зарур аст. Аз ҷумла, мувофиқи мақсад аст, ки натиҷаҳои таҳлилу омўзишҳои марказҳои илмии ватанӣ доир ба сабаб ва пайдоишу авҷ гирифтани аносири ифротгароӣ дар вазъи кунунӣ ба масъулони татбиқи меъёрҳои қонун омўзонида, баҳри ҳамоҳанг сохтани фаъолияти дастаҷамъона дар решакан намудани ин раванди номатлуб истифода гардад.
Маҷид КАРИМ