Таи чанд вақт аст, ки дар шабакаи иҷтимоӣ сабти гуфтугӯи бадахлоқонаи раиси собиқ ТТЭ ҲНИ ва имрӯза созмони экстремистии “Паймони миллӣ” Муҳиддин Кабирӣ бо маъшуқааш, аз ҷониби рӯзноманигор Дадоҷони Атовулло пахш карда шуд. Шунидани гуфтугӯи мазкур аз ҷониби М.Кабирӣ бо як зан, модари тоҷик шахсро ба тааҷҷуб меорад ва лаънату маломаташро нисбати ин марди беномус, бадахлоқ ва ҳизби ифротиаш боз ҳам баландтар мекунад.
Бадахлоқ, шаҳватпараст, ноодам будани наҳзатиёнро аз филми мустанади “Хиёнат” дида ва дигар навиштаву гуфтаҳо шунида будем, аммо то ин дараҷа бо лаҳни қабеҳ, суханҳои бешармонаву кӯчагӣ, берун аз одобу ахлоқи инсонӣ аз ҷониби як нафар шахсе, ки худро сиёсатмадор, ватандӯсту ҳомии дину диёнат ва ислом меҳисобад, сӯҳбат карданашро нав шунидем.
Бонуе, ки бо Кабирӣ сӯҳбат менамояд тамоми сиру асрори ӯро фош намуда, дар бораи пулу пайса ва долларҳое, ки аз хоҷаҳои хориҷиаш мегирад, ба кадом мақсад ва бештар барои қонеъ кардани талаботҳои ҳайвониву шаҳвониаш сарф мекунад, баён мекунад.
Кабирӣ дар ин сӯҳбати худ ба кирдору амалҳояш иқрор шуда, бори дигар тинати аслӣ, ахлоқу одоб, сатҳи “маърифати сарвари”-и худро ифшо намуд. Ин рафтору амали Кабирӣ даъвоҳои пучу бемаънӣ ва бепояи ӯро дар бораи масъулият, одоб, ахлоқ, дину диёнат ва дигар “насиҳатҳо ва роҳнамоиҳояш” ба мардум, хусусан ҷавонон собит намуд.
Ин гуна бадахлоқон бо кадом рӯ дар бораи ватан, ватандӯстӣ, миллат сухан мекунанд, ҳол он, ки ватандӯстӣ пеш аз ҳама аз ахлоқу одоби баланд ва огаҳ аз ахлоқу одоби ниёгонро тақозо дорад.
Ҳомидова Дилафрӯз
корманди бахши табъу нашри донишкада