Афроди ҷоҳил дини мубини исломро ба силоҳи ҷанг табдил доданд

Мо ҳама хеле хуб медонем, ки Ваҳдати миллӣ чи гуна ба даст омад. Пешвои миллат,Ҷаноби Олӣ ,Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чи қадар ҷонбозиҳо карданд, то ки хуни мардуми тоҷик нарезад, сулҳ шавад ва гурезагон баргарданд. Ҷони худро дареғ надошта чанд маротиба ба давлати Афғонистон рафта бо намояндагони мухолифин вохӯрд ва бо онҳо музхокира кард, гуноҳояшонро бахшид, вазифа дод, то ин ки сулҳ пойдор шавад. Билохира Тоҷикистон тинҷ шуд,  сулҳ пойдор шуд, хоҷагии халқ рушд карда истодааст, мардуми тоҷик осуда зиндаги карда истодааст, аммо ҳастанд ҳизбҳо ва шахсони алоҳида ҳамчун Ҳизби наҳзати ислом бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ки тинҷӣ ва осоиштагии миллатро намехоҳанд ва бар хилофи сиёсати сулҳпарвари Ҷаноби Олӣ баромада мехоҳанд дар мамлакат нооромӣ барпо кунанд, лекин мо шааҳрвандони соҳиб маърифати Тоҷикистон намегузорем , ки онҳо ба мақсадҳои ғаразноки худ ноил гарданд

Санаҳои 3-4 майи соли 2018 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи  “Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомез” дар Душанбе баргузор гардид, ки дар он беш аз 400 намояндаи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд. Дар ин конфронс вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар ишораи мустақим ба ҳаводиси хунини солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ андешаи худро иброз намудааст: “Тоҷикистон бо терроризм муваффақона мубориза бурд, ғалаба кард ва мавҷи онро дар як давраи ҳассос барҳам дод. Мо бояд маънои ин дастовардро дарк карда, эътироф намоем, ки таҷрибаи нодири Президент ва давлати Тоҷикистон дар фурӯ нишондани даргириҳои ду даҳсола пеш на фақат таъмини суббот дар кишвар,балки наҷоти Осиёи Марказӣ аз ҳузури террористон ва пешгирии тавсеаи ифротгаройӣ дар минтақа буд. Тоҷикистон пеши роҳи сироятёбиеро гирифт, ки метавонист Осиёи Марказиро мубтало карда,бо шарикони идеологӣ то баҳрҳои Хазару Сиёҳ ва Ироқу кишварҳои Левант доман занад”. Ин мақоми баландпоя дар идомаи суханронӣ аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки бояд дар мубориза бо терроризм мавқеи ягона ва қатъиро интихоб намоянд: “Мо бояд ба ҷонибдорони миссияҳои худкушӣ ва ҳимоятгарони бесарусомонӣ бо далерии эътиқодамон ҷавоб диҳем. Канорагирӣ, гузашт ва ҳатто овози паст дар муқобили терроризм ба манфиати кор нест. Иҷозат фармоед, бори дигар аз таҷрибаи мизбонамон, ки дар фикру рафтори худ равшании намунавӣ нишон доданд, мисол орам. Тоҷикистон фаъолияти ҳизби наҳзатро ҳамчун ташкилоти террористӣ бидуни шарт манъ кард. Идеологияи ин ҳизб зери мафҳуми “наҳзат” чӣ маъно дорад? Чун мусулмон ман ба зуҳури ислом бовар дорам, зеро он аз суи Худованд омадааст. Ин наҳзати қалбакӣ кори одамони гумроҳ аст. Худованд исломро қосиди сулҳ кард. Аммо ин афроди ҷоҳил дини мубини исломро ба силоҳи ҷанг табдил доданд. Роҳбарони гумроҳи наҳзатӣ имонро ба зулми одамони дигар дину эътиқод табдил додаанд”.

Дар ҳоле, ки вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон дар баробари таҳдиду хатарҳои терроризму ифротгаройӣ, таҳияи роҳу усулҳои муборизаи самаранок алайҳи он дар конфронси сатҳи баланд матраҳ мешуд Мубашар Ҷовид Акбар ТТЭ ҲНИ-ро як неруи аҳриманӣ хонда гуфт: “Мо бояд Президент Эмомалӣ Раҳмон, неруҳои амниятӣ ва мардуми тоҷикро барои роҳ надодан ба табдилёбии чопиши хатарнок ба фоҷиаи идоранашаванда табрик намоем”.

Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон зери мафҳуми “фоҷиаи идоранашаванда” фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро дар назар дошта гуфт, ки сентябри соли 2015 дар шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат чеҳраи аслии ин ҳизби мамнуъро рӯшантар ва таваҷҷуҳи коршиносону таҳлилгарони хориҷиро ба худ кашид. Пажӯишҳо нишон доданд, ки ин ҳизб аз оғози фаъолият хислати иртиҷоӣ дошта,ба раванди инкишофи сиёсӣ,таҳкими принсипҳои демократӣ халал ворид менамояд. Бадтар аз ин, аъзои он зарфи 10-15 соли охир бар пояи нишондоди хоҷагони хориҷӣ батадриҷ дар ҷомеа фазои хуруфотӣ ва таассуби диниро ба вуҷуд оварда, дар ниҳоят, мехостанд, ки қудрати сиёсиро аз тариқи исёни мусаллаҳона ба даст оранд. Дар ҳамин асно, ниқоб аз рӯи наьзатиҳо афтод ва робитаи мустақими онҳо бо гурӯҳҳои даҳшатафкани террористӣ бо далелҳо ошкор шуд. Як сол қабл рӯзномаи бонуфузи “Ал-Аҳром” – и Ҷумҳурии Мисри Араб ба фаъолияти ТТЭ ҲНИ мутаваҷҷеҳ шуда, навишта буд, ки “ҳизби наҳзат – ақидааш аз гурӯҳи “Ихвон – ул – муслимин” сарчашма мегирад, дурӯғ мегӯянд, бо дурӯғ  нафас мегиранд”. Муаллифи матлаб, дар робита ба масъалаи матраҳ, чунин таъкид карда буд: ”ҲНИ бо амалҳои нопок мехост ақидаи тундгароиро дар минтақаи Осиёи Миёна паҳн намояд. Аммо ба зудӣ ниқоб аз рӯйи онҳо афтода, хокаи аслиашон ба ҳама маълум гашт”.

Собит шуда аст, ки хадамоти ҷосусии баъзе аз кишварҳои хориҷӣ ба манзури амалисозии аҳдофи ғаразнок тавонистанд ин ташкилоти террористиро созмон дода, афроди хуруфотию мазҳабиро ба он ҷалб созанд. Ин гумроҳон, ки қисме аз кишвар фирор намудаву дар хориҷи мамлакат ба суди бегонагон фаъолият менамоянд, омили аслии ҷанги шаҳрвандӣ буданд, ки ҳамакнун аз ҷониби сиёсатмадорон ва марказҳои таҳлилию пажӯҳишии кишварҳои зиёд эътироф шудааст.

Воқеан, ихтисос ёфтани бахши аъзами суханронии Мубашар Ҷовид Акбар, вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон, ба унвони як дипломати  сатҳи баланд оид ба терроризму ифротгаройӣ дар мисоли ТТЭ  ҲНИ хушдорест барои ҷомеаи сулҳхоҳи олам, ки баҳри ҷилавгирӣ аз фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ муттаҳид бошанд. Зеро таҷриба собит намудааст, ки фаъолияти чунин гурӯҳҳо, на танҳо рӯзгори халқу миллатҳои алоҳидаро тира месозанд, балки ба осоиши рӯзгори дигарон низ зарба мезананд.

Абдурахмонова Муқаддам
муалими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *