Қадрдонии директори донишкада Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. бо медали ҷашнӣ

Дар Муассисаи давлатии “Кохи Рӯдакӣ” бо иштироки Раиси вилояти Суғд, муовини якуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, собиқадорон ва фаъолони ҳизб   маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 30 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз ёфт.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон маҷлиси тантанавиро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки мо фарзандони замоне ҳастем, ки пас аз ҳазор соли бедавлатӣ шоҳиди аз нав соҳибистиқлол гардидани миллатамон гардидем. Аз ин дида неъмати бузурге дар сарнавишти инсон нест. Ба гумони ғолиб дар олам аз халқи тоҷик дида сарбаланд ва батолеъ миллате нест. Барои он ки мо дар як муддати кӯтоҳ бо иродати шахсияти беназири таърихӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги бемаънӣ хотима бахшидем ва роҳи саодату наҷоти миллатро интихоб кардем.

Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ кулли аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ – ро ба ифтихори 30 -юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки Воқеан, истиқлолу соҳибихтиёрӣ ба мо имконият фароҳам овард, ки таърих, забон ва фарҳанги қадимаи худро шиносем, анъана ва оинҳои неки миллиамонро аз нав эҳё кунем ва кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчун давлати ободу озоди дорои фарҳангу тамаддуни бостонӣ муаррифӣ намоем.

Ба шарофати истиқлол, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ халқи шарафманди Ватани маҳбубамон имконият пайдо намуд, ки дар роҳи созандагию бунёдкорӣ қадамҳои устувор гузошта, дар ободу пешрафта гардидани он саҳм гузорад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлол аст, дар давоми мавҷудияташ ҳамеша барои муттаҳидию ҳамбастагии мардум кӯшиш ба харҷ медиҳaд. Ин ҳизби воқеaн ормонӣ бо тaлош вa ҳидоятҳои созaндaи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон aрзи ҳaстӣ карда, тaвонист чун ҳизби бонуфуз ва татбиқгари ғояҳои миллӣ бaрои пешрaфт вa шукуфоии кишвaри aзизaмон хизмaти шоиста кунaд.

Дар идомаи маҷлиси тантанавии идона ба як қатор фаъолони ҳизб, аз ҷумла директори донишкада Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. дар вазъияти тантанавӣ бо медали ҷашнии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуд.

Дар қисмати фарҳангӣ ҳофизони номии вилоят Олим Воҳидов, Аъзам Азиззода, Субҳиддини Раҷабзода, Олими Маҳмуд, Дилрабо Қурбонова, Фирӯз Отамуродов, Нозими Юсуфзод, гуруҳи рақсии “Гулноз” ва ансамбли “Ошёни меҳр табъи ҳозиринро болида намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *