ҲАДАФИ ИҒВОАНГЕЗОНАИ М.САДРИДДИН БА ҲАМАГОН МАЪЛУМ АСТ!

Имрӯзҳо яке аз хиёнаткори миллат Муҳммадиқболи Садриддин бо барномаи “Пайванд” дар шабакаи иҷтимоӣ мунтазам баромад намуда, бо ин роҳ, бахусус ҷавонони соддаву камтаҷрибаро дарс омӯхта, тактикаву стратегияҳои наву муосири муқобилият ба Ҳукуматро нишон медиҳад. Ва чуноне, ки огоҳу шоҳид ҳастем, дар ҳар баромадаш нисбати шаъну эътибори роҳбарияти давлату мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварро паст задан кӯшиш менамояд. Бо баробари ин ҳамагон шоҳиди ҳодисаҳои охири замони муосир ҳастему дида истодаем, ки дар вазъи ҳассоси паҳншавии сирояти коронавирус “COVID-19″, тамоми башарият ба он муқовимат мекунад ва ин хоин “адолатпарвари  миллат” бошад  ба ин вазъият дучор шудани миллати хеш аз хурсандӣ меболад. Ҳадафи иғвоангезонаи Муҳмадиқбол ба ҳамагон маълум аст, ки он асосан байни мардуми осоишта низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст. Имрӯз Муҳаммадиқболи Садриддини бешарафи бадкирдор ғайр аз дурӯғу бӯҳтон гуфтан, дигар коре надорад!

Воқеан ҳеҷ як шахси бадхоҳу бадкирдор, ҳасадхӯру финтагарон  ба мақсад нарасидааст ва нахоҳад расид. Дар фарҷоми мақолаи хеш аз забони шоир гуфтанием:

Ин фитнагарон боз ба найранги дигар,

Доранд ба ҷойи оштӣ ҷанги дигар.

 

РАҲМАТОВА З.,

 мудири кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *