ҲАДАФИ ИҒВОАНГЕЗИ ТТЭ ҲНИ БА ҲАМАГОН АЁН АСТ!

Имрӯз, бо баробарии паҳншавии бемории сирояти короновируси “COVID-19″  инсоният мушкилоти зиёде, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст, масъалаҳои шиддатёбии хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, вусъат гирифтани радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, савдои одамон, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳаёти мардумони сайёра ва амнияти давлатҳоро ҷиддан халалдор сохта истодаанд.

Дар иртибот ба ин, ки яке аз хиёнаткори миллат Муҳиддин Кабириро мисол меорем , ки ӯ бо пайравонашон ба як ҳаракати ба ном Паймони миллӣ.., собиқ ҲНИ мунтазам баромад намуда, бахусус ҷавонони соддаву камтаҷрибаро дарс омӯхта, тактикаву стратегияҳои наву муосири муқобилият ба Ҳукуматро нишон медиҳад.  Ва чуноне, ки огоҳу шоҳид ҳастем, дар ҳар баромадашон ин хоинони миллат ва як қатор дастпарварони онҳо ҳамчун блогерҳои интернетӣ, шаъну эътибори роҳбари давлат ва роҳбарияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро паст мезананд. Ҳадафи иғвоангезонаи ТТЭ ҲНИ ба ҳамагон аён аст! Яъне байни мардуми осоишта низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст. Воқеан ҳамагон шоҳиди ҳодисаҳои охири замони муосир ҳастему дида истодаем, ки дар чунин вазъи ҳассоси паҳншавии сирояти коронавирус, ки тамоми башарият ба он муқовимат мекунад, ин хоинон, аз ҷумла Кабирии мазҳабфурӯши хоин худро “ҳомии миллат” эътироф кардаву аммо дар асл миллату Ватанро аз зеҳнаш дур кардаву зоҳиран бо ғаму андӯҳ, ботинан бошад бо шодиву сурур аз канор ба дарди ҳаммиллати мазлуму ҷабрдида аз хурсандӣ меболанд, чунки танҳо дар сурати аз байн рафтани ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар, ба бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ гирифтор шудани миллату давлат, ин хоинону душманони миллат ба ҳадафҳои аслии худу хоҷаҳои хориҷиашон расида метавонанд.

Бахусус, дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд.

ҶУМАЕВ А.Қ.,

мудири кафедраи молшиносӣ

ва фаъолияти гумрукӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *