ҲАДАФҲОИ НИҲОИИ ТТЭ ҲНИ-ро  ШАДИДАН МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Мушоҳидаҳо собит менамояд, ки. вазъи ҷаҳони имрӯза бодарназардошти таъсири паҳншавии пандемияи бемории сироятии коронавирус, ҷой доштани мушкилоти геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ байни кишварҳо, ноустувории бозорҳои молиявӣ ва молу ашё ва паст шудани фаълолнокии иқтисодӣ, инчунин, тағйирёбии иқлим мураккаб гардида, ба буҳрони бесобиқаи иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ оварда истодааст. Новобаста аз ин ҳолат роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки халқи Тоҷикистонро аз ин буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ берун кашида, барои расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум амалӣ некеро анҷом диҳанд. Аммо, афроди курдилу ҳасудхуре мисли Муҳаммадиқболи Садриддини ва пайравони ТТЭ ҲНИ заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарону мардуми меҳнаткаши кишварро нодида гирифта, ҳадафҳои ниҳоии хоҷаҳои хориҷиашро таблиғ карда, бегонапарастӣ мекунад.

Бояд хотиррасон кард, ки ин тоифаи хиёнаткорон аз роҳбарашон Кабирӣ сар карда, то аъзои қаториашон, бахусус Муҳаммадиқбол ҳаққи муаррифии миллати тоҷикро дар минбарҳо садо баланд карданро надоранд. Мардуми сарбаланди кишварамон намехоҳанд, ки миллатамонро ба василаи ин паноҳандаҳои ифротӣ ба мисли Муҳаммадиқбол ҳасадбару иблис шиносанд. Таъкидан ба Муҳаммадиқбол гуфтанием, ки имруз аз имконияти васеъи   шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда, озодии сухан гуфта, ҳарчӣ ба забон орад сухан нагӯяд! Эҳтирому синну сол ва рафтору кирдор ва маданияти сухан гуфтанро бояд биомӯзад! Баробари ин бояд қайд кард, ки таҳлилу мушоҳидаҳо бармеояд, ки имрӯз дар бисёр шаҳрҳои Федератсияи Россия аксарияти муҳоҷирони кишвар мисли дигар миллатҳо, танҳо як фикру андешаи солим доранд, ки ҳамеша дар Ватани маҳбубашон сулҳу амонӣ ҳукмфармо бошад.Чунки дар кишвари хеш  фарзандони азизу дилбанд ва умуман хешу ақрабои хеле наздик зиндагӣ доранд, вале хоинони миллат баръакс! Баробари ин ба ҳаммиллатони гиромиқадр, муроҷиат менамоем, ки дар куҷое набошем, чӣ дар дохилу чӣ дар хориҷи кишвар ҳадафҳои ниҳоии ТТЭ ҲНИ-ро ҷиддӣ ва шадидан маҳкумаш намоему барои боз ҳам баландтар гардидани шаъну эътибори миллати худ ва аз ин ҳам ободу зебо шудани ҳар як гӯшаи Ватани ҷоноҷонамон содиқонаву софдилона сидқан хизмату меҳнат намоем. Мақсаду мароми мо ояндаи ободи давлату зиндагии шоистаи мардум аст, бояд роҳи интихоб намудаи Пешвои миллатамонро гиромӣ дошта, афзалиятҳои арзишҳои миллӣ ва умумидавлатиро эҳтиром намоем.

А.ВАЛИЕВ ,

ассистенти кафедраи

иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *