ҲАДАФҲОИ НИҲОИИ ТТЭ ҲНИ-РО  ШАДИДАН МАҲКУМ МЕНАМОЕМ

Таҳлилҳо  нишон медиҳанд, ки вазъи ҷаҳони муосир, яъне ҷой доштани мушкилоти геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ байни кишварҳо, ноустувории бозорҳои молиявӣ ва молу ашё ва паст шудани фаълолнокии иқтисодӣ, инчунин, тағйирёбии иқлим мураккаб гардида, ба буҳрони бесобиқаи иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ ва  баробари ин  масоили баҳсҳои марзии  Тоҷикистону Қирғизистон ,  инчунин имрӯзҳо авзои кунунии Афғонистонро террористон   муташанниҷ гардонидаанд. Ин ҳолатро бархе афроди курдилу ҳасудхуре мисли Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ истифода бурда, бо ин васила заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарону мардуми меҳнаткаши кишварро нодида гирифта, ҳадафҳои ниҳоии хоҷаҳои хориҷиашро таблиғ карда, бегонапарастӣ мекунад. Воқеан, ин тоифаи хиёнаткорон аз роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин  Кабирӣ сар карда, то аъзои қаториашон, бахусус Муҳаммадиқбол ҳаққи муаррифии миллати тоҷикро дар минбарҳо садо баланд карданро надоранд. Мардуми сарбаланди кишварамон намехоҳанд, ки миллатамонро ба василаи ин паноҳандаҳои ифротӣ ба мисли Муҳаммадиқбол ҳасадбару иблис шиносанд.

Таъкидан ба Муҳаммадиқбол гуфтанием, ки имрӯз аз имконияти васеъи шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда, озодии сухан гуфта, ҳарчӣ ба забон орад сухан нагӯяд! Эҳтирому синну сол ва рафтору кирдор ва маданияти сухан гуфтанро бояд биомӯзад!

Аз таҳлилу мушоҳидаҳо бармеояд, ки имрӯз дар бисёр шаҳрҳои Федератсияи Русия  ва кишварҳои Аврупо муҳоҷирони кишвар мисли дигар миллатҳо, танҳо як фикру андешаи солим доранд, ки ҳамеша дар Ватани маҳбубашон сулҳу амонӣ ҳукмфармо бошад.Чунки дар кишвари хеш  фарзандони азизу дилбанд ва умуман хешу ақрабои хеле наздик зиндагӣ доранд, вале Муҳаммадиқболу Кабирӣ ва пайравонаш баръакси ин кор.

Бо истифода аз ин фурсат ба ҳаммиллатони гиромиқадр, муроҷиат менамоем, ки дар куҷое набошем, чӣ дар дохилу чӣ дар хориҷи кишвар ҳадафҳои ниҳоии ТТЭ ҲНИ-ро ҷиддӣ ва шадидан маҳкумаш намоему барои боз ҳам баландтар гардидани шаъну эътибори миллати худ ва аз ин ҳам ободу зебо шудани ҳар як гӯшаи Ватани ҷоноҷонамон содиқонаву софдилона сидқан хизмату меҳнат намоем.

Мақсаду мароми мо ояндаи ободи давлату зиндагии шоистаи мардум аст, бояд роҳи интихоб намудаи Пешвои миллатамонро гиромӣ дошта, афзалиятҳои арзишҳои миллӣ ва умумидавлатиро эҳтиром намоем.

А.ВАЛИЕВ ,

ассистенти кафедраи

иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *