Садаи равон, садаи итттилоот унвонгузорӣ шуда, асоси рушди муносибатҳои байниҳамдигарии инсонӣ ва дар маҷмӯъ тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёби гардидааст, ки барои чунин унвон гирифтан имконоти мавҷудаи дастраси ба иттилооти фаврии он асос гардидааст. Аз ин рӯ, тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки бо имконоти иттилоотии он дастраси доранд, барои ба амал баровардани ҳадафҳои худ бо таври васеъ аз он истифода менамоянд.
Бояд гуфт, ки дар ин радиф садаи равон, на танҳо садаи иттилоот, балки садаи пур аз туфон ва ихтилофотҳои динию сиёсӣ ва офатҳои инсонӣ гардидааст, ки ба мисоли зуҳуроти пуртуғёни он дар соли ҷорӣ бо унвони COVID-19 вабоӣ аср ба амал омад, ки аз ҳузури он тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташвиш ва таҳлука мубтало гардидааст. Дар ин ҳангон ҳузури ин бало ба организми тамоми мубталогардидагони он, бештар ба бемориҳои маскании ҷисмӣ зарба зада онҳоро фаъол гардонид ва аз онҷо, ба ҳолати рӯҳию равонии ҳар як шахс осори бад гузошт, ки натиҷаи он рӯҳияти инсониро осебпазир ва ба зудтаъсир гардонид. Яъне, инсон ба ҳолате, дучор гардид, ки ба ҳар гуна овазаву даъвоҳои бепоя майлу рағбат пайдо намуд.
Бинобар он, дар ин замина барои тамоми шахсият ва гурӯҳҳои гуногуни ихтилофкору экстримист имконот ба амал омад, ки бештар барои ноил гардидан ба ғаразҳои ғализи худ ба ҷомеи шарвандӣ таъсири бад расонида ҳаракатҳои ноҷои худро фаъол гардонанд.
Дар ин бобат барои аз ахбороти умум ва шабакаҳои интернетӣ тамоми рӯз метавон иттилоот пайдо намуд, ки аз ҷониби гурӯҳҳо ва шахсони манфиатҷӯ дар шароити ташвишовар ва бадтаъсир ба ҷои он ки ба мубталогардидагон ва оилаҳои онҳо барои ором намудани асаб ва баланд бардоштану тоқатфарсо гардидани онҳо кумакҳои рӯҳи расонанд, баракс барои халалдор намудани оромии ҷомеа ҳолати мазкурро суистифода менамоянд.
Пушида нест, ки дар ҳама ҳолат аз нигоҳи чӣ қонун ва чӣ дин ва ё умуман ахлоқи инсонӣ чунин амал маҳкум карда шуда, он баробар ба хоинӣ ва ҷинояткорӣ дониста мешавад. Маҳз, дар ҷомеи шаҳрвандии мо, яъне Тоҷикистони азизи мо, ин ҳолат бештар ба назар мерасад. Зеро, шахсиятҳои манфиатҷӯ дар симои баъзе гумроҳзадагон ва ночорон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар гушу канори кишварҳои олам истода, барои нооромсозии кишвар бо ишорати хоҷагони хориҷии худ аз ҳолати ба амал омада, яъне вабои аср бо ӯнвони COVID-19 истифода бурда, бо суханони ноҷои худ бар зидди давлат ва мардум бо фитна ва суханони бепоя халал эҷод менамоянд.
Имрӯз, мо шоҳиди он гаштаем, ки балои нобаҳангом натанҳо кишгвари мо, балки тамоми кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта, то кунун барои давои он аз ҷониби олимони барҷастаи онҳо илоҷи воқеӣ дарёфт нагардидааст. Аз ин лиҳоз, барои мардум донистан ва бовар намудан ба ҳолати кунунӣ ва инчунин воқеияти ҳаёти имрӯза муҳим мебошад, ки тавассути корҳои ташвиқотию тарғиботӣ аз ҷониби равшанфикронӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолнокӣ нишон дода шавад. Зеро, дар сурати акс аз ин имконот хоинони давлат суистифода намуда, барои мардуме, ки бо иттилооти боэътимод дастраси надоранд ахбороти бардурӯғ ва беасосро ҷори менамоянд.
Ҳамчунин, барои пешгири аз зуҳуротҳои мазкур чунин мепиндорем, ки барои бартараф намудани ҳолати зайл, бештар равшанфикрон ва махсусан табибон тавассути шабакаҳои иттилоотрасон барои бартараф намудани вабои аср, ки аз ҳар як шахс вобастагӣ дорад фаъолноки нишон дода, бозуи моборизаи давлатро бар зидди хилофкорону хоинон мустаҳкам ва осебнопазир намоянд.
Бояд қайд намуд, ки табибони мо, дар инҷода қаҳрамони нишонда, муборизаи пайвастаро, ки ба қадри ҷони хеш баробарааст бурда истодаанд. Барои ин қааҳрамониҳои онҳо албатта, мо сипосгузорем ва бо замми он медонем, ки мардум барои кумакҳои натанҳои ҷисмонии онҳо, инчунин рӯҳии онҳо ниёз дарад. Бинобар он, як қадами дигар барои бар тараф намудани ҳолатҳои ҷойдошта, аз онҳо интизорӣ менамоем ва ба тавон ва бозуи муборизи онҳо бовари дорем.
Муаллими калолони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит Алиев А.Р.