Мусаллам аст, ки дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо- Тоҷикистон ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳо ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд ва бо максаду мароми ҳизбиашон, манфиатхои миллӣ, арзишхои халк, аз ҳама муҳимаш тинҷу амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромӯш месозанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар оғози зуҳури чунин гурӯҳҳо аксар давлатҳо ин равандро ҷиддӣ қабул накардаанд. Бо сӯиистифода аз бетафовути кишварҳои пешрафта, ки то ин вақт хатари онро эҳсос накарда буданд ,ки ин вабои аср аз сатҳи маҳалливу минтақавӣ то умумиҷаҳонӣ расид. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо дар кишвари соҳибистилоли мо гуруҳи экстремисти ва террористие бо номи “Наҳзати ислом” бо истифода аз арзишҳои дини муқаддас солҳои тулонӣ дар давлати демократии ва ҳуқуқбунёди мо фаъолият карда ин фурсатро барои худ ғанимат шумурда чи нақшаҳое таҳия намуданд. Дар шароити кунунӣ низ маҳз мавҷудият ва фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ, амсоли ТЭТ ҲНИ аксар кишварҳои оламро бо хатарҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ намудааст.
Чуноне, ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир дар шабакаи “Ютуб” масъулини ТЭТ ҲНИ, хоса М.Кабирӣ, ки домони аврупоиҳоро гирифта,бо ҳар роҳу васила мехоҳад худро шахси дунявӣ нишон диҳад. Бояд ёдовар шуд, ки ҳарчанд наҳзатиҳо худро ба аҳли илму адаб некхоҳ нишон доданӣ мешуданд, вале дар асл яке аз хусусиятҳои асосии ақида ва таълимоти ҳизби мазкур дар он зоҳир мегардад, ки онҳо ба фарҳангу маърифат ва хусусан , ба тасаввуфу ирфон, назари манфӣ дошта, ба маънои томаш равшанфикронро чашми дидан надоштанд. Корашон кофтукови айби касон ва ғаразҳои сиёсию иқтисодӣ мебошад,ки шоире дар иртибот ба ин, фармудааст :
Айби худ аблаҳ надонад дар ҷаҳон,
Бошад андар ҷустани айби касон.
Набояд фаромӯш кард,ки чун имрӯз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд, бо ифтихор метавон гуфт, ки халқи тоҷик таҳти сарварии фарзанди бузургаш, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, сармеъмори сулҳ, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназиру сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб мегардад. Итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.
Корманди шуъбаи кадрҳои ДИС ДДТТ
Ф.Мамадҷонов