АБЛАҲ НАДОНАД АЙБИ ХУД ДАР ҶАҲОН …!

Чуноне, ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир дар сомонаи ифротии “Ислоҳ нет” ( https://isloh.net) пайрави ТТЭ ҲНИ, хоса Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф имрӯз боз домони аврупоиҳоро гирифта,, чун евромулло бо ҳар роҳу васила кораш кофтукови айби касон ва ғаразҳои сиёсию иқтисодӣ мебошад, ки шоире дар иртибот ба ин, фармудааст :

        Айби худ аблаҳ надонад дар ҷаҳон,

        Бошад андар ҷустани айби касон.

 

Муҳаммадиқболи Садриддин дар сомонаи ифротиаш маводи навбатӣ доир ба зиндагиию фаъолияти як зани оддии тоҷикро ҷой дода, бо ин васила нисбати роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар гайбату тӯҳмат намуда, худро шахси дунявӣ нишон диҳад. Дар урфият мегӯянд :Бӯй кун аввал гирибони худат! Воқеан Муҳаммадиқбол ошкоргӯии беғаразонаро аз бӯҳтон ва таҳқири беадабона фарқ карда наметавонад. Дар иртибот ба ин бузургон фармудаанд: “Аввал андеша, баъд гуфтор”, вале шиори наҳзатиён, бахусус Муҳаммадиқбол дар зиндагӣ гӯё акси ин аст: “аввал гуфтор, баъд андеша”.

Имрӯзҳо хиёнаткори бешараф бо як гурӯҳ гумроҳони дигар, дар сомонаҳои иҷтимоӣ видеороликҳои пуч ва суҳбатҳои бемазмунро паҳн карда, ватанфурушу хоин ва бешарафии худро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозад. Воқеан ҳар фарди бонангу номуси миллат ва бофарҳангу таммадунофари тоҷик ба ҳилаву найранг, рафтору кирдори  Муҳаммадиқболи Садриддин огаҳ шудаанд. Аз ҷумла, аз намоиши  филми ҳуҷҷатии Хиёнат, кисми 7-уми он Бешарафӣ рафтори бешарафонаи ӯ аёну исбот гардид. Дар робита ба ин қайд кардан бамаврид аст, ки аз ҷониби кумондонҳои афғонӣ бо далелҳои раднашаванда бешарафии Муҳаммадиқбол таслиқи  шуд. ки ӯ дар ҳақиқат ба доми қумондонҳои ифротии афғонӣ, аз ҷумла бо номи “Кумондон Fулом” афтодааст ва  ӯро ба ҷои зан истифодаи шаҳватронӣ мекардааст. Аз ин дида бешарафӣ ва ноодамигарӣ буда метавонад?

Муҳамадиқболи бешараф ба ғайр аз ин амалҳои ношоиста боз ба амалҳои қалоббона даст зада, ба боварии мардум даромада, бо паҳн кардани ҳаргуна маълумотҳои диннии бардурӯғ аз мардум маблағҳои зиёд ба даст овардааст. Умуман нисбати амалҳои қаллобӣ ва бешарафии роҳбари сомонаи «Ислоҳ.нет» Муҳаммадиқболи Садриддин соатҳои дароз суҳбат намоем кам аст.

Таъкидан ба хоини миллат М.Садридини бешараф гуфтанием, ки аз ҳар минбару барномаҳо ва маводҳои  ифротиашон номи Тоҷикистон, миллати тоҷикро ба забон наорад ва нахоҳем гузошт, ки ӯ аз минбарҳо садо баланд кунанд. Чунки ӯ ватанфурӯшу бадхоҳи миллат ва бешраф аст!

                                                              АНВАРӢ Р.,

ассистенти кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *