КАБИРӢ ҲАМЧУН МОРИ САРКӮФТА ТАЛВОСА МЕКУНАД ! 

Терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад. Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона – расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар як ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) чанд гурӯҳи ифротии худхонда, ба монанди ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна дар Варшава гурӯҳи наве бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон.» (ПМТ)-ро таъсис доданд. Аммо дар асл, ПМТ ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, ки бо иваз кардани ном дар дигар шакл зуҳур кард. Моҳиятан созмони мазкур ҳамон ТТЭ ҲНИ қаблӣ бо номи нав буда, аз роҳбар сар карда то аъзоёну пайравон ҳамон наҳзатиҳои пешин ҳастанд. Наҳзатиён зархарид дини мубини исломро барои худ сипар нишон дода, барои рохандозӣ кардани ҳамаи нақшахои палидонаи худ аз хеҷ кори сиёҳашон даст намекашанд. Барои ин хазорхо нафар чавонони кишварро гумроҳ карданд.Дар иртибот ба ин шоире ҳам бисёр хуб гуфта:

 

Марг он набувад, ки гӯру чӯбат созанд,

Р ахгум задан андар зиндагони марг аст.

 

Пас маълум мешавад, ки ин ХНИ-чиёни динситез талаботи воқеи ва ростина, исломи покро ба хотири пулу пайсаи ҳароми хоҷаҳояшон поймол карданд. Надонистанд, ки  Пайғамбари Худо Мухаммад (С. А. В) дар хадиси муборакашон бехуда таъкид накарда будаанд:

«Ҳар суннате, ки боиси тафриқа дар байни мусалмонон мешавад, ҳаром аст».

Пас ту, Кабирӣ, ки аз беақлият росташ беимон будаӣ, на Худоро мешинохтаи ва на Пайғамбарашро. Имрӯз ту ва ту баринҳоро дар Точикистон нағз шинохтаанд. Дониста бошед, ки барои тую ту барин сиёҳкорони миллат, ки дасту поятон то оринҷу зону  дар хуни ҷавонони кушташудаи точик тар шудааст. Аз ин лихоз, тую ту баринҳоро мо зиндаи дар гӯр ҳисоб мекунем. Акнун наҳзатиён то марги воқеиятон чун мори саркӯфта талвоса мекунед ва ҳатман мисли зани хиёнатпеша шармандавор аз хоҷаҳоятон рӯзе талоқ хам хохед гирифт. Ба ин мо боварӣ дорем!

 

 

МУМИНОВА Н.Р.,

асистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *