Абдуллоев Ғафурҷон

Абдуллоев Ғафурҷон соли 1953 дар деҳаи Унҷии ноҳияи Б. Ғафуров дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1970 мактаби миёнаи рақами 14-и ба номи Неъматҷон Бобоҷонови ноҳияи Б. Ғафуровро хатм намудааст. Аз соли 1970 то соли 1971 дар комбинати қолинбофии шаҳри Қайроққум кор кардааст. Соли 1971 то соли 1973 дар сафи Армияи Советӣ хизмат намудаст. Соли 1973 ба факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи Б. Ғафуров дохил шуда, онро соли 1978 ба дипломи аъло хатм кардааст. Соли 1978 дар кафедраи методикаи таълими математикаи факултети математикаи донишгоҳи номбурда ҳамчун омӯзгор ба кор қабул шудааст.
Соли 1985 ба аспирантураи кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Киев ба номи Т.Г. Шевченко дохил шуда, онро соли 1988 бомуваффақият хатм намуда, рисолаи номзади илмҳои педагогиро ҳимоя кард. Аз соли 1988 то соли 1992 дар кафедраи методикаи таълими математикаи ДДХ ҳамчун сармуаллим кор кард.
Аз соли 1992 то соли 2003 дар кафедраи методикаи таълими математика, информатика ва техникаи ҳисоббарори ДДХ ҳамчун дотсент фаъолият намудааст. Аз соли 2003 то ҳол хамчун дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият бурда истодааст.
Корҳои таълимию методиро ба корҳои илмию тадқиқотӣ пайваста пеш бурда, натиҷаи корҳои илмию методии худро дар 30 конфренсияҳои илмию методии умумиттифоқӣ, иттифоқӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва донишгоҳӣ маърӯза кард. Абдуллоев Ғафурҷон муаллифи зиёда аз 135 мақолаҳо, дастуру китобҳои хусусиятҳои илмӣ, илмию методӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.
Устод тӯли фаъолияти кории худ 6 маротиба дар факултаи такмили ихтисоси омӯзгорони мактабҳои олӣ дар Донишгоҳи давлатии Киев ба номи Т. Г. Шевченко такмили ихтисосро соҳиб гаштааст. Дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *