Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаҳои давлатӣ демократӣ ва ҳуқуқбунёд мавҷуд буда, принсипу нишонаҳои он дар санадҳои меъёрӣ кафолат дода шудааст. Яке аз принсипҳои асосии давлати демократӣ ва дунявӣ ин озодии воситаҳои ахбори омма, озодии сухан мебошад. Озодии сухан дар он зоҳир мегардад, ки шахс бе ягон таҳдид озодона фикру ақидаи худро баён сохта, ҳуқуқу озодиҳои худ ва дигаронро ҳифз намояд.
Ин ҷо мо дар мавриди тақдири як нафар шаҳрванди Тоҷикистон нақл мекунем, ки бо дассисаву фиреби роҳбари ТТЭ ҲНИ дар ноҳияи Спитамен Сайфиддин Тоҷибоев ба Сурия рафта, шахсан, дар воқеаҳои хунини террористӣ ширкат намудааст. ТТЭ ҲНИ қаноти Осиёи Миёнагии ДОИШ буда, имрўз бо далелҳои рўшан собит шуда истодааст, ки Муҳиддин Кабирӣ ба унвони Амир ин қанотро роҳбарӣ мекунад. Зеро пуштибони асосии ў Муҳиддин Кабирӣ ба шумор меравад, ки ў аз Сайфиддин Тоҷибоев ҳамчун саги вафодор миннатпазир аст.
Ин як далеле ба шумор меравад, ки алоқаи байни ТТЭ ҲНИ-ро бо ДОИШ нишон медиҳад. Мақсаду мароми Кабириву ҳаммаслаконаш то ҳол ҳамаро ба ҳайрат меораду тухми нафратро дар дили ҳамагон кишт мекунад. Ба кирдору рафтори наҳзатиёни бенангу беномус назар афканда, сад бор тавба карда, аз чунин тоифа худро дар канор бояд гирифт. Имрўз на ин ки аъзоёни ин ташкил дар кишвари Сурия қарор доранд, балки шахсан худи Кабирӣ низ аз роҳбарони ДОИШ супориш гирифта, онро дар қаламрави Осиёи Миёна татбиқ менамояд.
Умуман ҷавонони кишвари азизамон ҳеҷ гоҳ ба роҳи онҳо намеравад, аммо дар байни онҳо баъзе бесаводу бемаърифатҳо пайдо мешаванд, ҷавонони азиз ҳеҷ гоҳ ба фириби ТТЭ ҲНИ, Салаффия, Алянси Милли бовар накунед. Имрӯз вазифаи мо шаҳрвандони ҷомеаи ҷаҳонист, ки бар зидди ақидаҳои ифротии терористон баромада, ҷаҳонро аз ин нопокӣ ва олудагиҳо пок созем.
Шукронаи нафаси осудаву кишвари пойдори сулҳ намуда, баҳри пешравиаш бояд кӯшиш намуд. Худро аз ҳар гуна равияву гурӯҳҳои ифротгароӣ дур намуда, барои пешгирии амалҳои номатлуб ҷидду ҷаҳд намуд. Ояндаи халқу Ватани мо – тоҷикон дар дасти худи мост!
Дилафрӯз Ҳомидова.
корманди бахши
табъу нашри ДИС ДДТТ