Изҳороти кафедраи забонҳои хориҷии ДИС ДДТТ оид ба мақолаи “Коршиносони ғариҳирфаии рус воқеиятро намебинанд”, муаллиф Бахтиёр Раҳимов, корманди илмии Шуъбаи ҷомеашиносии АИ ҶТ
Мақолаи таҳлилииеро бо номи “Коршиносони ғариҳирфаии рус воқеиятро намебинанд” навиштаи Бахтиёр Раҳимов, корманди илмии Шуъбаи ҷомеашиносии АИ ҶТ мутолиа намуда, ба андешаи муаллиф комилан розӣ ҳастем. Муаллиф дар ин матлаб бори дигар ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИ)-ро ба даст доштан дар ҳамлаи Данғара айбдор мекунад ва хабарнигорону шореҳони рус, аз ҷумла Аркадий Дубнов, Виктория Панфилова, Серенко, Князев ва дигаронро айбдор мекунад, ки ба сабаби қаробати наздикашон бо раиси ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ воқеиятро намебинанд.
Дар ин навиштаи хеш муаллиф бо далелу санадҳо собит менамояд, ки ТЭТ ҲНИ дар воқеаҳои Данғара ва куштори сайёҳони хориҷӣ даст дорад ва мисоли равшани он фармоишгари ҷинояти мудҳише, ки дар Данғара содир карда шуд, Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович, с.т. 1973, зодаи ноҳияи Фархор, аз соли 1992 узви фаъоли ТТЭ ҲНИ ва аз соли 2012 дар ҷустуҷӯ қарор дорад, мебошад. Соли 2015 ба рӯихати кофтуковии Интерпол ворид шудааст. Ҷинояткор ба падараш Убайдов Саидаҳтам, с.т. 1930, узви фаъоли ТТЭ ҲНИ пайравӣ кардааст. Падараш дар деҳаи Фрунзеи колхози Карл Маркси ноҳияи Фархор зиндагӣ мекард ва мудири анбор буд. Дар даст силоҳ ба муқобили сохти конститутсионӣ ҷангидааст…
Дар идомаи навиштаҳо муаллиф андешаи коршиносони мустақили Русияро дар нисбати воқеаҳои Тоҷикистон ва ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ таҳлил намуда, зикр менамояд: “Боиси нигаронист, ки ҳамаи гуфтаҳои болозикр аз ҷониби ба ном «коршиносони мустақил», ки талош доранд, то аслияти фоҷеаеро, ки дар Тоҷикистон рух дод ва боиси ба ҳалокат расидани сокинони осоишта гардид, инъикос намоянд, пинҳон ва барқасдона таҳриф мешаванд. Вале, маълум мешавад, ки ин мустақилият танҳо аз дурии онҳо нисбат ба ҳақиқат, воқеият, мантиқ ва афкори солим иборат буда, дар фазои ВАО тибқи қонунҳои манфиатҷӯӣ ва муносибатҳои бозаргонӣ ба роҳ монда шудааст”.
Мо ҳама гуна амалҳои террористиро маҳкум менамоем ва тарафдори онем, ки воқеаҳо бидуни таҳриф инъикос ёбанд. Тоҷикистони озоду ободро намегузорем бори дигар ба фитнаву дасисаҳои душманони миллат гирифтор шавад ва ҷангу ҷидолу хунрезиҳо, ки дар оғози солҳи навадум рух дода буданд, бори дигар такрор ёбанд.