Изҳороти устодони кафедраи математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ оид ба дастгирии пешниҳодҳои Конференсияи байналмилалии илмӣ-тадқиқотӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Ихвон-ул-муслимин», ки дар таърихи 01 августи соли 2018 дар Ҷумҳурии Арабии Миср доир гардидааст.

Мо устодони кафедра дар масоили муборизаи фаъол ва муассир бар зидди терроризму экстремизм, ҷиҳати вусъату тақвият бахшидани он бар канор наистода баҳри пешгирии ин падидаи номатлуб муборизаи беамон бурда, изҳор медорем, ки дар шароити имрӯзаи мураккаб ва ҳассоси таърихи башар раванди таҳким ва тақвияти бештари низоми навини муносибатҳои байналмилалӣ бар асоси усулу меъёрҳои возеҳ ва пазируфташуда, онро мо дар асоси ташаббуси сиёсати хориҷию дохилии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос карда истодааем. Тоҷикистон имрӯз ҳамкориҳои ҳадафмандонаро бо як қатор мамолики дунё, ба мисли Ҷумҳурии Мисри Араб роҳандозӣ намуда истодааст.Чунончӣ ташкил ва баргузор намудани Конференсияи илмӣ-тадқиқотӣ оид ба фаъолияти «Ҳизби наҳзати исломӣ» ва «Ихвон-ул-муслимин» 1-уми август, дар толори Шӯрои мисрӣ оид ба корҳои хориҷӣ, воқеъ дар шаҳри Қоҳира, шаҳраки Маодӣ,Ҷумҳурии Арабистони Миср баргузор гардид, ки ин намунаи беҳтарини муттаҳидшавӣ ба муқобили терроризму экстремизм ва ҳамрайъӣ ба миллати тоҷик дар самти ошкор намудани симои душманонаи ҲНИ ба ҳисоб меравад. Бояд тазаккур дод, ки ташкил ва гузаронидани конфронси мазкур дар ҳамкории Тоҷикистону Миср баёнгари омодагии тарафайн дар самти мубориза ва пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои амниятӣ дар ҳама сатҳу зинаҳо арзёбӣ мегардад.
Бояд қайд кард, ки дар конфронси номбурда аз ҷониби пажуҳишгарони машҳури мисрӣ доир ба масъалаҳои матраҳшуда як қатор пешниҳодҳоро манзур намуданд. Дар ҳолати дар амалӣ намудани ин пешниҳодҳо масалан роҳандозии ҳамкориҳои судманд миёни мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабистони Миср дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва воридсозии «Ихвон-ул-муслимин» ва ТЭТ ҲНИ ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ дар кишварҳои арабӣ, мусулмоннишин, ҳамчунин созмонҳои арабӣ, исломӣ ва байналалмилалӣ. Маҳкум ва ҷилавгирӣ намудани дахолати Эрон ба корҳои дохилии мамлакатҳои арабӣ ва дигар кишварҳои хориҷӣ, бахусус Тоҷикистон, кумакҳои доимии он ба созмонҳои террористӣ ба мисли «Ихвон-ул-муслимин» ва ҲНИ, аз Ҷумҳурии исломии Эрон талаб кардани эҳтироми истиқлолияту соҳибихтиёрии кишварҳо ва ғайра мебошад. Ин тадбирҳо на танҳо барои кишварамон, балки дар миқёси байналмилалӣ, алалхусус барои минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти сиёсӣ байналмилалӣ дорад. Воқеан минтақаи Осиёи Марказӣ, ки аз манотиқи қобили таваҷҷӯҳ дар бархурди манфиатҳои трансмиллист, бо зуҳури нооромии сиёсӣ, дар кадом кишвари ин минтақа набошад, боиси сар бар задани таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ гардиданаш аз эҳтимол дур нест.
Аз ин лиҳоз, бобати баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ зарур аст. Гарчанде мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ муҳим аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *