Санаи 14-уми феврали соли равон дар Донишкада даври муассисавии озмуни вилоятии «Аллаи Модар», бахшида ба Рўзи бонувон баргузор гардид. Дар озмуни мазкур Машокирова Манижа донишҷўи курси 3, ихтисоси 250103а, Ҷўраева Шаҳзода донишҷўи курси 2, ихтисоси 250108тб ва Ҳошимзода Моҳизарат донишҷўи курси 1, ихтисоси 24010220т аз рўи номинатсияҳои муқарраргардида баромад намуданд. Ҳамаи иштирокчиёни озмун барои ширкати фаъолона ва нишон додани малакаю маҳорати хоса бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раёсати Донишкада қадрдонӣ карда шуданд.