ИСЛОМ ДИНИ ДӮСТИЮ РАФОҚАТ АСТ!

Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли имрӯз яке аз масъалаҳои доғи рӯз ин зуҳури терроризму экстремизм ба ҳисоб меравад, ки он дар шароити ҷомеаи муосир  як қатор кишварҳои оламро фаро гирифтааст ва  натиҷаи он шаҳру деҳоти зиёдро, ки ободу шукуфон буданд, ба харобазору вайрона табдил додааст. Аҳолии зиёд хонавайрон гардида, мулки ғарибӣ гардидаанд, ки дар оворагиву саргардонӣ умр ба сар мебаранд. Ҳазорон тифлакони бегуноҳ дар гирдоби амалҳои терроистиву ифротгароӣ фавтида истодаанд.

Таҳлили матолиби нашр намудаи расонаҳои хабарии дохилию хориҷӣ нишон медиҳад, ки ин зуҳуроти номатлуб натиҷаи манфиатҳои кишварҳои абарқудрати  ҷаҳон мебошад.  Вале дар навбати дуюм ҳамон кишварҳо худро ҳамчун мубориз барои аз байн бурдани терроризм нишон медиҳанд, ки ин албатта сару кор гирифтан аз стандарти духура мебошад.

Мусаллам аст,ки тайи чандин соли охир терроризму ифратгароӣ дар ҷомеаи башарӣ рушд намуда, кишварҳоеро ба монандӣ Ироқу Сурия ба гирдоби ҳалокатбори худ дохил намуд, ки акнун чи хеле, ки дар боло зикр шуд, ба ҷойи шаҳру деҳоти обод харобазору вайронаҳо боқӣ мондаанду халос.

Бадбахтона баъзе аз шаҳрвандони кишвари хеш дар анҷом додани амалҳои терорристии далатҳои Ироқу Сурия иштирок намудану бархе аз онҳо қурбони чунин саҳнаҳо гардидаанд, ки боиси таассуф аст. Дар Ватан модарону пайвандони онҳо бо ғаму дарди зиёд зиндагӣ доранд. Қисмати дар ҷаҳон боқимонда бошад аз рӯйи бемаърифатии мо бедорӣ ба сӯйи модар ва ҷони худ санг мезананд, ки камоли ҷавонмардӣ нест. Аз ин рӯ, аз ҷавонон даъват ба амал  меорам, ки зиракии  сиёсиро аз даст надиҳанд ва  худро қурбони ин гуна ҳарактҳо насозанд. Зеро оқибатҳои терроризм моро аз модар, аз ёру бародар ва аз ҳама муҳим аз ватан маҳрум месозад. Шукронаи ободию озодии ин давлати маҳбуб карда барои боз ҳам ободу зебо гаштани он камари ҳиммат бояд бубандем.

                                                   Шарипов А.А.-мудири кафедраи

                                           математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *