
Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки бадхоҳони миллату давлати мо зиндагии осоиштаву рўзгори обод, фазои хурраму осуда ва хонаи тинҷу оромро пушти по зада, тарки Ватан карда, бо ибораи дигар чоплусони наҳзат имруз чун каждумони зери бурё бо таври пинҳону ошкоро дар кишварҳои Аврупо фаъолияташонро ба роҳ монда, нисбат ба кишвари соҳибистиқлоламон иғвогариро пеша намудаанд. Аз табори чунин бадхоҳи ифротӣ Муҳаммадиқболи Садриддин – мудири сомонаи экстремистӣ эълоншудаи “Ислоҳ.нет”, яке аз дастпарварону пасмондаҳои ташкилоти террористии экстремистӣ ҳизби наҳзати ислом, амиқтараш имруз чоплуси наҳзатӣ -думрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат –“Паймони милли” мебошад. Вобаста ба фаъолияти ин афроди иғвогари

туҳматчӣ андеша ронда, бояд кард,ки соли сипаригардида то имруз дар канали YouTube-”-Ислоҳ.тv”, бештар дар барномаи “Минбари муҳоҷир ” бо ҷалби думравонаш баромад намуда, баробари ин, бо намоиши сабтҳои видиеоӣ, баррасии гуё мактуби шикоятии шаҳру ноҳияҳои кишвар, дар барномаи “Номаҳо аз Ислоҳ.нет” ва “Зери Заррабин” бо пеша намудани туҳмату иғвогарӣ ва фитнаҷўӣ ба низоми давлатдории муосири миллии мо халал расонида, бо ин васила мурдуми кишварро ба бетартибиҳои оммавӣ даъват менамояд. Умуман, нотавонбинони ифротӣ ба ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономез дигар коре надоранд. Ҳилаю фиреб, макру ҳиллаи М.Садриддин ва шогирдони чоплусони ватангадояш аслан тибқи фармоиши роҳбарияти наҳзат ва хоҷагони маблағгузори хориҷӣ таҳия ва тарҳрезӣ мешаваду баъзе ифротгароёни дохилӣ ба онҳо ҳамшарикӣ мекунанд. Ин чоплуси наҳзатӣ андеша ҳам намекунад, ки обу нони Ватан онҳоро кӯру оҷиз мекунад. Ақлу тамиз, адлу инсоф, фаҳму фаросот онҳоро тарк кардаасту нафси худ ба Иблиси малъун фурӯхтааст. Бо ибораи дигар, каждумони зери бурё пинҳон пайт пойида, мехоҳанд неши худро ба миллату давлат кишвар зананд. Бовар дорем, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори кишвар дер ва ё зуд чоплусони наҳзатии иғвогар ҳам дастгир мешаванд, бо ибораи дигар думи онҳо бурида мешаванд. Ба М.Садриддин ва шогирдону пайравонаш, умуман ба бадхоҳони миллат- каждумони зери бурё такроран гуфтанием, ки дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳуввияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки волотарин шиори тоҷикон дар масири таърих ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиш:«Гуфтори нек, пиндори нек, кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат кардааст. Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки бар зидди чунин душманони миллати тоҷик мубориза кардем.
Дар фароварди андешаамон қайд менамояем, ки мо ҳамавақт суханҳои М.Садриддин ва пайравонашро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки ин чоплусони мунофиқони беимони ифротӣ дар шабакаҳои иљтимої нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд!
Д.ШАРИПОВ ,
устоди ДИС ДДТТ
