ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАР БА ОРОМИИ ҶОМЕАИ МУОСИР

Мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлоли кишвар тавассути воситаҳои ахбори омма (ВАО) бохабарем, ки таҳдиду хатар ба оромии ҷомеаи муосирро имруз ба миён овардааст, ин терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мебошад. Дар атрофи масъалаи мазкур андешаронӣ намуда, қайд менамоем, ташкилотҳои террористӣ ва ифротгаро тағйир шакли зоҳиршавии худро имруз дода, бо пешрафти технологияи муосир барои пешбурду амалисозии фаъолияти террористӣ ва ташвиқу тарғиби ақоиди хусусияти ифротгародошта аз ВАО, хусусан шабакаи ҷаҳонии Интернетро майдони фаъолияти тахрибии худ қарор дода, мехоҳанд мисли пештара дар муҳити иҷтимоӣ таъсири манфӣ гузоранд. Суол ба миён меояд, ки чаро шабакаи ҷаҳонии Интернет, хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҷонибдорони ақоиди ифротгароӣ маъмуланд? Чунки шабакаҳои Интернет барои онҳо “минбари озод” барои пешбурди ташвиқу тарғиби ғояву афкори онҳо, мебошад. Воситаҳои иттилоотии расман ва аз ҷиҳати ҳуқуқӣ фаъолияткунанда, ба монанди, радио, телевизион, рӯзномаву маҷаллаҳо барои ифротгароёну тундгароён баста аст ва шабакаҳои ҷаҳонии Интернет ягона минбари дастрас ва дорои доираи пуриқтидори васеи муштариён аст. Аз ҷониби ташкилоту гурӯҳҳои махсуси террористиву ифротгаро, бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ барои таблиғи ақидаҳои тундгароёна, ба тавре васеъ моҳирона истифода мебаранд. Ташвиқоту тарғиботи ифротгароӣ дар фазои иттилоотӣ дар сомонаҳои гуногуни хусусияти ифротгароидошта дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой додани саҳифаҳо, суратҳо ва наворҳои дорои маълумоти мушаххас оид ба фаъолияти ҳамин гуна ташкилотҳо, ба роҳ монда шудааст. Масалан, аз қабили “Одноклассники”, “В контакте”, “Фейсбук”, “Твиттер”, “Телеграмм”, “YouTube” ва ғайраҳо маъмул гаштаанд. Эмиссарҳои созмону гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро дар шабакаҳои иҷтимоии интернетии дар боло зикршуда фаъол буда, барои интихоб ва иртиботи аввалин бо номзадҳои эҳтимолӣ, инчунин мубодилаи паёмакнависиҳои фаврӣ фаъолона машғул мешаванд. Дар натиҷа, аъзоёни ҳаракату гурӯҳҳои ифротгаро имконияти ташвиқоту тарғиботи идеологии худро дар сарчашмаҳои интернетӣ ба даст оварданд, ки миқдори шунавандагон аз даҳҳо то садҳо ҳазор расиданд. Ҳамин гуна сарчашмаҳои таъсиррасонанда ба шуури ҷавонон, ки аз тарафи давлат ва ҷомеа идоранашавандаанд, бо иқтидори ВАО-и расмӣ баробар карда шудааст. Бо истифода аз шуури номукаммали ҷавонон зери намуди “мубодилаи афкор” дар шабакаи Интернет ифротгароён тарғибу ташвиқот бурда, тарафдорони нави худро ба сохторҳои террористӣ ва ифротгароӣ ҷалб карда, бо ин васила шумораи “ҳамақидаҳо”-и худро зиёд менамоянд.
Ба андешаи мо, барои ба фирефтаи гуруҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ нагардидани шаҳрвандони кишвар, алалхусус ҷавонон бояд дорои донишҳои мукаммал, мафкураи васеъ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дошта бошанд. Ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи пуриқтидори пешбарандаи ҷомеа, ояндасози миллат ба ҳисоб мераванд, бояд аз ақидаҳои хурофотӣ дур бошанд, донишҳои муосирро ҷиддӣ омӯхта, ҳар як рӯйдоди ҷомеаро аз нуқтаи назари илму мантиқ таҳлил кунад ва дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд.
Хулоса, имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта умр ба сар барад.Ҷавонон бояд ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ доранд, чун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди хатари терроризму ифротгароӣ бо роҳҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ муборизаи беамон баранд.

Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ
дар шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *