
Имрўз терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) яке аз зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи муосир ба шумор рафта, он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Лозим ба зикр аст, ки терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун мавкураи зуроварӣ ва таъсирасонӣ дар тамоми миқёси ҷаҳон ниҳоят рушд ёфта, хавфнокии баланди ҷамъиятӣ дорад ва барои бехатарии давалатҳо, минтақаҳои алоҳида ва дар маҷмуъ барои тамоми сокинони сайёра таҳдид менамояд. Баробари ин, бояд қайд кард,ки терроризм ва ифротгароии динию мазҳабӣ имрўз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштори одамон шудааст.Чунончи тибқи расонаҳои хабарӣ, санаи 19 январи соли равон яке аз тарабхонаи чинӣ, воқеъ дар маркази Қобул таркиш ба амал омад, ки дар натиҷаи ин амали террористӣ ҳафт нафар ба ҳалокат расида, беш аз даҳ кас захмӣ шудаанд. Масъулияти таркишро шохаи “Хуросон”-и гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва ё бо номи «Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом», ки дар расонаҳои хабарӣ бештар дар шакли ДОИШ ва ДИИШ зикр мегардад, ба уҳда гирифтааст.
Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшида лозим аст ва он талаботи замон аст. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зимни баромадҳояшон дар сатҳи дохиливу байналмилалӣ иброз медоранд: “Терроризм ва экстремизм ҳамчун содир намудани амалҳои нодуруст ва таҳдидкунандаи хавфу хатар натанҳо барои давлати алоҳида, балки барои тамоми сокинони сайёра ба ҳисоб меравад.”
Аз ин рӯ, аз давлатҳои ҷаҳон пайваста даъват ба амал меоранд, ки доир ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, тадбирҳои судманд ва ҳамкории густурдаи байналмилалиро дар ин самт таквият диҳанд. Хулоса, имрўз терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Хулоса, вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омада истодааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати кишварҳои дунё ин мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Дар умум метавон иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ бо субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ ҳамкории судманд ва самаранокро роҳандозӣ намуда, ҷонибдорӣ сулҳу суботи сартосари дар тамоми сайёраи замин ва пуштибонӣ аз тадбирҳои андешидаи Созмони Миллали Муттаҳид дар ин самт мебошад. Бо ин мақсад дар кишвари мо сиёсати ҳуқуқии мукаммал тарҳарезӣ гадида, як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба тасвиб расидааст, то дар таҳкими суботи комили сиёсии тоҷикистони азиз поягузор бошанд, чунки суботу амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон устувории ҷойгоҳи тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим ва калидӣ доранд.Умуман, замони муосир моро водор месозад, ки тамоми кӯшишҳоямонро бар зидди ин амалҳои номатлуб равона намоем. Ҳар фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамеаро ташкил медиҳанд, месазад ба ҳар ҳаводиси номатлуби ҷомеаи имрӯза хулосаи зарурӣ бароранд ва дар ҳифзи нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошанд. Моро лозим аст, то ин ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.
М.МАМАДҶОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ
