
Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва бахусус дар кишвари ҳамсоя- Афғонистон мебинем. Имруз фаъолшавии фаъолияти созмонҳои террористию ифротгароӣ, алалхусус дар Афғонистон бештар ба мушоҳида мерасад, ки вазъияти кишварро мураккабтар гардонидааст. Бояд қайд кард, ки дар замони суқути ҳаракти “Толибон” аз соли 2021 то имруз миқдори муайяни созмону ташкилотҳои террористию ифротгароӣ нисбатан дар Афғонистон зиёд шудаанд . Аз ҷумла, ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва ё бо номи «Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом», дар расонаҳои хабарӣ бештар дар шакли ДОИШ ва ДИИШ ва шохаи “Хуросон ”зикр мегардад, теъдоди он ба якчанд ҳазор расидааст, ки то имруз дар қаламрави Афғонистон амалҳои тахрибкориашон ба назар мерасад. Масалан санаи 19 январи соли 2026 дар тарабхонаи чинӣ, воқеъ дар маркази Қобул, ки шаҳрвандони Чин бештар ба онҷо мерафтанд, таркиш ба амал омад. Дар натиҷаи ин амали террористӣ ҳафт нафар ба ҳалокат расида, беш аз даҳ кас захмӣ шудаанд. Масъулияти ин таркишро ДИИШ ба уҳда гирифта, бо нашри баёнияе иброз доштааст, ки ҳадафи ҳамлаи маргталабона шаҳрвандони Чин будааст. Ёдовар мешавем, ки аъзоёни ДИИШ моҳи декабри соли 2022 низ ба як меҳмонхонаи чиниҳо дар Кобул ҳамлаи хунин анҷом дода буданд. Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо номи “Далати исломӣ” нисбат ба дини мубини Ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд оварда, барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст. Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Ислоҳи чунин вазъ танҳо дар сурати такмили ҳуқуқи байналмилалӣ, ҷорӣ намудани меъёрҳои ҳуқуқии муҷозотӣ барои кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, амалӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм, ба муҳокимаи Додгоҳи байналмилалӣ кашидани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунанда имконпазир мегардад. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳими муборизаи босамар бо ин вабои аср аст.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ
